Сафаҳот

вторник, 9 марта 2010 г.

«ИНТИ» рафту «ХОБ»-аш монд

Интихоботи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам доир гардид. Лаҳзаҳои интизорӣ паси сар шуданду мавриди «ғалбер аз об бардоштан» фаро расид. Қуттиҳои овоздиҳиро кушоданд. Баъзе хурсанд, баъзе малул. Мандати вакилӣ аз ҳавзаҳои якмандата дар кадом маҷлисе набошад, бояд насиби як нафар гардад. Бале, «насиби як кас асту доғи ҳазорон». Мо дар бораи натиҷаи интихобот, кӣ хурсанду кӣ хафа буданаш коре надорем. Чунки намехоҳем ба «захм»-и дигарон намак пошем. Танҳо мушоҳидаҳоямонро аз рӯзи интихобот дар баъзе аз участкаҳои интихоботӣ ва гуфтугузор бо раисони ин участкаҳо манзуратон менамоем. Аслан бо ҳамаи раисони участкаҳо бо як суол муроҷиат намудем: «Чанд нафар овоз доданд ва аз ҷониби нозирон чӣ хел дархост, санад пешниҳод карда шуд?».«Мо гуфтем зарурат надорад»
Мунаввара ХУШНАЗАРОВА, раиси участкаи №42-и ноҳияи Сино
- Соати 10:00 мо маълумот дода будем, 350 нафар овоз дода буданд, ки қариб 20 фоиз мешавад. То ҳозир ба фикри ман он қадар ҳолати қонуншиканӣ мушоҳида карда нашуд. Як маротиба як мард омада мехост ба ҷои занаш овоз диҳад, ки занаш касал будааст. Мо гуфтем мумкин нест. Агар касалист, мо худамон ба наздашон меравем, бигзор худашон овоз диҳанд.
Нозирон хостанд санад тартиб диҳанд, лекин мо гуфтем, ки зарурат надорад. Яъне, ягон хел санад пешниҳод накарданд.

«Аз китфат гирифта мебарорам»
Абдулло НЕЪМАТОВ: раиси участкаи интихоботии № 43-и ноҳияи Сино:
- То соати 10:20 дақиқа 1400 нафар овоз доданд. Аз субҳ то ҳозир 21 нозири байналмилалӣ, нозирони берун аз марзӣ иштирок карданд, то ҳоло ягон арзу шикоят нашудааст. Аз ҷониби намояндагон ҳам ягон шикоят дохил нашудааст.
Назди нозирон рафта, дар бораи рафти овоздиҳӣ пурсон шудем. Намояндаи ҲCДТ:
- Ҳуқуқи мо дар инҷо маҳдуд шудааст. Дар онҷо ман намедонам чанд бюллетен гирифтанд. Ҷойи моро аз қуттии овоздиҳӣ дур ҷойгир кардаанд.
- Ба раиси участка муроҷиат кардед?
Ҳанӯз намоянда лаб ба сухан накушода, раиси участкаи интихоботӣ наздамон омада:
- Ин касро маҷбур накунед! Ин хел гап назанед! Як бор савол додед, ягон шикоят нест гуфт. Боз одамонро маҷбур карда гап мегиред! Илтимос, инҷо биёед,- ва аз китфам кашола кард.
- Шумо ҳуқуқ надоред, ки кашола карда бароред.
- Ман накашидам, илтимос, берун бароем.
- Маро кашола накунед, ман ҳуҷҷатамро ба шумо нишон додам.
- Бале, ман дидам, лекин биеёд берун бароем.
- Панҷ метр гуфтед. Канӣ ҳисоб кунед, аз ҳамин ҷо то онҷо панҷ метр мебарояд.
- Агар ба шумо лозим бошад, ҳисоб кунед. 21 одами берун аз давлату марз омада нигоҳ карданд, моро ҷо ба ҷо кард, қонунӣ шуд, шумо бошед… инхел накунед. Инҷо биёед!
- Ман сӯҳбат карда истодаам.
- Медонам, ки сӯҳбат мекунед. Вале сухана аз даҳони мардум кашида нагиред.
- Ин кори ман аст.
- Ин чихел кори ту будааст…
- Мо рӯзноманигор ҳастем. Қонун иҷозат медиҳад, ки мо аз рафти интихобот гузориш омода кунем.

«Бюллетенҳои зиёдатӣ»
Раиси участкаи интихоботии № 44-и ноҳияи Сино (худро шинос накард):
- 300 нафар овоз доданд. Ягон арзу шикоят нашудааст.
- Барои чӣ бюллетенҳое, ки номи 8 ҳизб навишта шудаасту аз 100 дона зиёд аст, дар рӯи мизи шумо меистад. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Мо тақсимот карда будем. Ин зиёдатӣ аст.
- Барои чӣ онҷо тақсим намекунанду дар назди раису котиб аст?
- Шумо нафаҳмидед? Ба мошин бурда мемонем. Дар ҳамин ҷо меистад, мо бурда медиҳем. Ҳамон чизе ки навиштед, ҳамаашро як бор хонда бароед.
- Агар дигар бюллетенҳо ҳам мебуд, чизе намегуфтам. Танҳо як бюллетен дар назди шумо истодааст.
Чун сӯҳбати мо инҷо расид, чанд нафар наздамон омада, кӣ буданамонро пурсиданд.
- Ман рӯзноманигор.
- Шумо кӣ?
- Ман котиби ҳамин участка М. Ёров.
- Дар куҷо навишта шудааст, ки рӯзноманигор ҳақ надорад дар участкаҳои интихоботӣ иштирок кунад?
- Не, вале як чизро мушоҳида кардем, дар ҳол бартараф карда шуд.
Бо котиби участкаи интихоботи сӯҳбат доштему оне, ки худро раиси участкаи интихоботӣ муаррифӣ намуда буд, бюллетенҳоро гирифта рафт.
Ба назди нозирон рафтем. Аз ҲCДТ ва ҲНИТ менишастанд:
- Ҳамчун нозир ба рафти интихобот чи гуна баҳо медиҳед, дар назди раису котиб бюллетенҳо истодаанд?
- Мо ингуна ҳолатро надидем. Чи гуна бюллетенҳо? Надидаем.
Аз участкаи интихоботӣ, ки дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҷойгир буд, берун шудему чанд нафар милиса аз пасамон давида омада, ҳуҷҷат талаб карданду пурсиданд, ки чаро бюллетенҳоро тафтиш кардем:
- Ман бюллетен тафтиш накардаам. Назди раиси участка рафтам, рӯйи столаш бюллетен истодааст, сабабашро пурсидам.
- Гӯш кунед, бюллетенҳоро раиси участкаҳо медиҳанд-ку! Вай саволу ҷавобашро медиҳад.

«Қуттиҳои аз назар пинҳон»
Мушаррафа ТӯРАЕВА, раиси участкаи интихоботии №26-и ноҳияи Фирдавсӣ
- То соати 12 боз мефаҳмем, ки чанд фоиз интихобкунандагон овози худро доданд. То соати 10-и пагоҳӣ 805 нафар овоз доданд. Дар учаска интихобкунанда 1872 нафар аст. Шикоят нашудааст, лекин як адад санад тартиб додем, оид ба журналистон, ки онҷо вазифаи журналистӣ неву вазифаи нозирро иҷро мекарданд ва аъзоёни комиссия ба хулосае омаданд, ки онҳо камтар ба қонуншиканӣ роҳ диҳанд. Хоҳиш кардем, ки онҳо толори овоздиҳиро тарк кунанд.
Назди нозирон рафтему дар бораи рафти овоздиҳӣ пурсон шудем.
- Ман аз Ҳизби наҳзати ислом Давлатова Фотима. Камбудиҳо буданду бартараф шуданд.
- Шумо?
- Ман аз Ҳизби халқӣ – демократӣ.
Ягон хел қонуншиканӣ шуд?
- Бале шуду мо ба раис муроҷиат кардем, чораашро диданд.
- Ҷойгиршавии қуттии интихоботӣ қонеъ мекунад?
- Бале, кам – кам назорат бурда истодаем. Қаноат намекунаду, хай.
- Барои чӣ қаноат намекунад?
- Гӯш кунед, барои он, ки аз мо дур аст.
- Ҳамин тарзи гузоштани қуттии овоздиҳӣ шуморо қонеъ мекунад?
- Албатта.
- Намояндагон метавонанд, ки бинанд…
- Хай, ҳамон ҷой дорад, шиштем назорат карда истодаем. Ман ҳамаи шароитҳоро муҳайё кардам, то ин ки онҳо бинанд. Ҳамаашро нозирон назорат карда истодаанд. Аз як дар даромада, аз дари дигар баромада истодаанд.
Сироҷиддини МАҲМАДСАИД, нозир аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон:
- Ҳамин ҷои қуттии интихоботӣ то ҷои нишасти шумо қонеъ мекунад?
- Қонеъ намекунад.
Дар ин участкаи интихоботӣ, ки дар як долони танг ҷойгир буд, интихобкунандагон аз як тараф медаромаданду аз тарафи дигар баромада мерафтанд. Агар ду нафар дар назди хонаи овоздиҳӣ меистоданд, умуман қуттии овоздиҳиро дидан намешуд.

«Рав журналистета карда гард»
- Нурсултон НАЗАРШОЕВ, раиси участкаи №22-и ноҳияи Фирдавсӣ
Қариб 812 нафар овоз доданд. Шумораи умумии интихобкунандагон 1790 аст.
Муҳаммадӣ ШАРИПОВ, директори мактаби №5-и ноҳияи Фирдавсӣ, раиси участкаи интихоботии №20:
- То ҳозир 828 нафар ба участкаи 21, 23 овоз доданд. Не, ягон арзу шикоят мушоҳида нашудааст.
Назди нозирон рафтем.
- Ман Султонов Давлатҷон, намояндаи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон. Рафти интихобот бад не, қонеъ мекунад.
- Ман нозири Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон. Рафти интихобот қонеъ мекунад.
- Ман нозири Ҳизби наҳзати ислом. Рафти интихобот шаффоф ва демократӣ, қонеъ мекунад. Бале, мушоҳида карда метавонем. Ҳангоми партофтани бюллетенҳо мушоҳида кардан мумкин.
Дар ин участкаи интихоботӣ нисбат ба дигар участкаҳои интихоботӣ қуттии овоздиҳӣ дар ҷойи намоёну барои ҳама дастрас гузошта шуда буд. Хостем ҳамин лаҳзаро акс бардошта, бо дигар участкаҳо муқоиса намоем. Вале Шарипов Муҳаммадӣ Қурбонович ба шӯр омад:
- Равед, ба мо халал нарасонед. Рав, журналистета карда гард!

Бюллетенҳо дар куҷо истанд?
Муқимҷон ФАТҲУЛЛОЕВ, раиси участкаи интихоботии № 6/8-и ноҳияи Фирдавсӣ:
- То соати 12 ҳамагӣ 476 нафар овоз доданд. Аз тарафи нозири Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ду маротиба шикоят пешниҳод шуд. Вақте мо санҷиш гузаронидем, ду зани рус омаданд, ки дар рӯйхат буданд, вале бе шиноснома. Он кас гуфтанд, ки мумкин нест. Онҳо рафта шаҳодатномаашонро оварданд. Пас аз ин мо санад тартиб додем, ки дар ҳақиқат онҳо ҳуқуқ доранд барои овоз додан. Дар санад ҳам онҳо имзо монданд, ҳам аъзоёни мо.
Дуюм лаҳза аз тарафи нозир гуфта шуд, ки гӯё зане бори дуюм омада овоз дода бошад. Вале дар дасти зан ҳам хабарнома буд, ҳам шиноснома буд ва дар рӯйхат имзояш набуд. Вай зан хеле асабонӣ шуд. Мо якҷоя санад тартиб додем.
- Чи хеле мебинам, дар рӯи столи шумо бюллетенҳои интихоботӣ истодаанд?
- Бояд дар куҷо бошад? Ҳар як нафаре, ки овоз доданду ҳамин миқдор ки кам шуд, боз омада мебаранд.
- Кам – кам месупоред?
- Бале, чи қадаре, ки истифода баранд, ҳамон қадар месупорем.
На танҳо дар рӯи мизи раиси участка, балки дар рӯи мизи котиби участка ҳам бюллетенҳо меистоданд.
Гулнисо ХОЛИҚОВА, аъзои участкаи №8:
- Аз саҳар то ҳозир чӣ қадар бюллетен гирифтед?
- Инро аниқ гуфта наметавонам.
- Вазифаи шумо аз чӣ иборат аст?
- Бюллетенро оварда мемонанд, мо аз ин ҷо гирифта тақсим мекунем. Мо ба овоздиҳӣ кор надорем, ки чи гуна овоз медиҳанд.

«Ҳизбҳои нодаркору даркорӣ»
Раҷабгул ХОЛОВА, раиси участкаи №2-и ноҳияи Шоҳмансур:
- То соати 15:00 652 нафар овоз доданд, ки ин 65 фоизи ҳисоботи моро ташкил мекунад. Дар участка 954 нафар интихобкунандагон мебошанд. Интихобот ором гузашта истодааст.
- Барои чӣ як намуди бюллетен дар рӯи мизи Шумо истодааст?
- Барои он ки аз эътибор соқит шуд. Чунки, хостанд ҳизбҳои нодаркориро хат занад, вай ҳизби даркориро хат задаст. Ин бюллтенҳои ботилшударо акт мекунем. Баъд ба ҳисобот дохил менамоем.
- Чаро инро ба қуттӣ партофтан мумкин набуд? Шумо ҳамчун раиси участка ин масъаларо чӣ хел шарҳ медиҳед?
- Нозирон чунин хоҳиш карданд, мо ин бюллетенро гирифта, як сӯй гузоштем.
- Шумо хоҳиши нозиронро иҷро мекунед, ё талаби қонунро?
- Албатта, нишондоди қонунро…
- Нишондоди қонун бошад, пас чаро ин бюллетени дар назди Шумо истодаро, ки танҳо Ҳизби ҳалқӣ – демократӣ хат зада шудааст, ба қуттӣ напартофтед?
- …
Назди нозирон рафтем:
- Рафти овоздиҳӣ қонеъ карда метавонад?
- Қонеъ мекунад, ягон шикоят надорем.

Раис аз дасташон гирифт
Баҳриддин НАБИЕВ, участкаи интихоботии №8:
- Ҳамагӣ мо қариб 700 нафар интихобкунанда дорем. Аз ҷумла меҳмонхонаи Вахш зиёда 60 фоиз овоз доданд. Ягон шикоят, ягон ариза наомадааст. Ҳама мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нозири ҲНИТ:
- Ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд. Мисол, бояд як нафар барои худаш ҷавоб гӯяд, лекин дар ин ҷо баъзеҳо ду шиноснома доранд, ба ҷойи ду нафар овоз дода истодаанд.
- Шумо ягон дархост оид ба ҳамин ҳолат кардед?
- Ба назди раис рафтам, ки ин хел мумкин нест. Баъд аз дасташон гирифта гардонд.
Шикоят надорам…
Ҳусейнзода Ш., раиси участкаи №6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
- То ин дам 352 нафар овоз доданд. Ҳамаи интихобкунандагон 715 нафар. Ягон хел шикоят дохил нашудааст.
- Ман Зиёев Раҷабалӣ, нозири Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. То ҳозир назорат дорем ва ҳоло шикоят надорем.
Ин буд чанд лаҳзае, ки аз рафти овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии ҳудуди шаҳри душанбе шоҳидаш будем ва ба хулосае омадем, ки ҳанӯз мо дар ғафлатем.

Ҷумъаи ТОЛИБ,
Аҳлиддини САЛИМПУР,
Фарангиси МУЗАФФАР,
Азимҷон БАДАЛОВ,
БМСТЖ

Комментариев нет:

Отправить комментарий