Мақомоти амниятии вилояти Қундузи Афғонистон хабар додааст, ки 6-уми август дар натиҷаи як амалиёт 3 шаҳрванди Тоҷикистон ва як нафар ронандаи афғонро бо теъдоде силоҳ ва компютери дастӣ боздошт кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин чор нафар дар ҷараёни амалиёте барои маълум кардани сабабҳои ба ҳалокат расидани 2 маъмури амниятӣ дар минтақаи Сандуқсойи Хонобод боздошт шудаанд. Раиси амнияти Қундуз Абдураҳмони ҳақтош гуфтааст, ки дар натиҷаи амалиёт аз 4 нафари боздоштшуда як қатор асноди қалбакӣ, аз ҷумла шиносномаҳои кишварҳои мухталиф низ ба даст омадааст. Ба гуфти ӯ, дар компютери дастӣ бошад, асноди хеле муҳими марбут ба фаъолияти ин гурӯҳ дар қаламрави вилоятҳои шимоли Афғонистон, аз ҷумла Қундуз ба таври муфассал дарҷ шудааст. Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки гӯё боздоштшудагон ҷонибдорони Ҳаракати исломии ӯзбекистон бошанд. Мақомоти амниятии Афғонистон дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон иҷозат додааст, то бо атбоъи боздоштшудаи Тоҷикистон низ сӯҳбат кунанд. Дар бобати ҳалокати эҳтимолии раҳбари ҳаракати исломии ӯзбекистон ин боздоштшудагон гуфтаанд, ки Тоҳири Юлдош зиндаву саломат аст ва феълан дар вилояти Вазиристони шимолии Покистон сукунат дорад. Яке аз онҳо, ки худро Муҳаммадтоҳир – писари Муҳаммадзоҳир ва зодаи шаҳри Душанбеи Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, ба хабарнигорон мегӯяд, ки 7, илло 8 сол ба ин сӯ дар Покистон таълим гирифта, онҳоро Тоҳири Юлдош ба хотири «ҷиҳод алайҳи хориҷиҳо» ба Қундуз фиристодааст. Ба гуфти мақомоти афғон, се нафари боздоштшудагон дар ҷараёни бозпурсиҳо эътироф кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистонанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ба ин далел шубҳа доранд. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки «имрӯз консули мо дар Афғонистон бояд бо онҳо вохӯрӣ кунад. Баъдан ба мо иттилоъ медиҳанд, ки дар ҳақиқат онҳо киянд. Гӯё онҳо Тоҷикистонӣ бошанд. Ба ҳамин хотир мо аз консулгарии онҷо хоҳиш кардем, ки рафта дақиқ кунанд, шояд боздоштшудагон номҳояшонро дигар карда бошанд. Мумкин онҳо шаҳрвандони мо бошанд, то дастрас гардидани маълумоти пурра ман тасдиқ ё радди шаҳрвандии онҳоро намедиҳам». Сиёсатшиноси масоили байналмилалӣ Шокирҷон Ҳакимов низ ба тоҷик будани боздоштшудагон то андозае бо назари шубҳа менигарад. Аммо, ба ҳар сурат, мегӯяд: «Бояд зикр намуд, ки тибқи шартнома дар хусуси ҳамкорӣ алайҳи мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, инчунин кӯмаки ҳуқуқӣ ба ҳамдигар, агар ҳамин гуна ҳодиса рух дода бошад, пас ҷониби Афғонистон вазифадор аст онҳоро ба мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад. Новобаста аз мансубияти миллӣ онҳо зархарид ҳастанд ва тариқи иштирок дар ҳамин гуна амалиётҳо мехоханд фоида ба даст оранд. Аз ин хотир, бояд тамоми талаботи қонуни байналмилалӣ нисбати онҳо татбиқ шавад. Ва мувофиқи мақсад мебуд, ки онҳо ба ҷониби Тоҷикистон супорида шавад, то адои ҷазоро дар ҷойҳои муқаррарнамудаи давлати Тоҷикистон гузаронанд. Рӯйи хотири он, ки барои хабаргирии пайвандону фарзандонашон мусоидат намоянд». Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон дар Покистон таҳсил кардаанд. Пас боздошти чунин афрод ба муносибатҳои Покистону Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсири манфӣ намерасонад? Абдуллоҳи Муҳаққиқ, корманди Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Албатта таъсири манфӣ намерасонад, зеро ҳамаи донишгоҳҳо, ки дар сатҳи давлатӣ дар ҳама кишварҳои гуногун ҷойгир ҳастанд, дар самти илм, дар самти донишоммӯзӣ онҳоро омода месозанд. Ин донишгоҳҳо ҷавононро барои иштирок дар ҳаракатҳои сиёсӣ ё даст ба ҷиноят задан даъват намекунанд. Ба ҳамин хотир, ягон монеа эҷод намекунад». Аммо дар робита ба он, ки то куҷо муҳассилини тоҷик дар Покистон ба таълими ғайрирасмӣ машғуланд ва аз ояндаву ақидаи худашон бехабаранд, Абдуллоҳи Муҳаққиқ гуфт: «Бояд ҷавонон бидонанд, ки дар кадом донишкадаҳои кишвари Покистон таҳсил мекунанд, зеро дар он ҷо мактабҳои гуногуни ақидавӣ ҷойгир ҳастанд. Хуб мешуд, ки ҷавонони тоҷик ба мактабҳои исломӣ аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ таълим бигиранд. Бисёр ҷавононе ҳастанд, ки онҳо дар мактабҳои ғайримуқаллидин, яъне салафия таҳсил гирифтаанд ва мазҳабро эътироф намекунанд. Онҳо бегона ҳастанд ва фарҳангу тамаддуни мо барои онҳо бегона аст. Онҳоро суннатгурез мегӯянд. Ба ҳамин хотир, ҷавонон бояд дар мактабҳои байналмилалии илмӣ таҳсил кунанд, на дар он мактабҳое, ки ҳаракатҳои тундравона доранд. Нафароне, ки худро сарварони ҷараёни салафия эълон карда буданд, хатмкардаи мадрасаҳои Покистон буданд ва зери таассуроти мухолифони дин ва мазҳаб қарор гирифтаанд. Ва онҳо гумоштаҳои ҷаранёҳои ғайридинӣ мебошанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ арзишҳои исломиро мавриди истифода қарор медиҳанд». Тавре зикр намудем, назари коршиносон дар боби тоҷик ва ё ғайритоҷик будани боздоштшудагон дар Афғонистон гуногун аст. Билхоса, дар мавриди он, ки гӯё онҳо пайравони ҲИӯ ҳастанд, шак низ ҳаст. Ҳарчанд ба тахмини мақомоти амниятии Қундуз, аз 30 то 40 шаҳрванди Тоҷикистон ба Тоҳири Юлдош хизмат мекунанд, ин шубҳа боқӣ мемонад. Зеро аввалин минтақаи пайдоиши ҲИӯ ӯзбекистон аст.
Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ
Комментариев нет:
Отправить комментарий