среда, 26 января 2011 г.

Таъсиси Хадамоти муҳоҷират метавонад мушкилоти муҳоҷиронро ҳал кунад?


Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамо­ти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Чунонки дар фармон омадааст, ин хадамот бо мақсади ташкили низоми ягонаи идора­кунии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самарано­ки захираҳои меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис меёбад. Хадамоти мазкур дар заминаи сохторҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазо­рати корҳои дохилӣ, намояндагии ин вазорат оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Русия ва сохторҳои дахл­дори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати ин вазо­рат ташкил дода мешавад. Аммо дар ин замина суоле посух мехоҳад, ки:
Саидов УМАРАЛӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе:
- Таъсиси ҳар гуна хадамот барои муҳоҷирон ба фоидаи муҳоҷирон нест. Ман худам дар Федератсияи Русия будам ва медонам, ки чӣ корҳо он ҷо ме­шавад ва чӣ азобҳост. Ин хада­мот танҳо ба фоидаи коргарони он аст. Маблағи буҷа беҳуда сарф мегардад. Сафорат дуруст кор кунад, зарурати таъсиси ҳеҷ гуна хадамот намемонад.
Ҷӯра ЮСУФӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Варорӯд»:
- Бо назардошти он, ки қариб як миллион аҳолии киш­вар муҳоҷири «касбӣ» ҳастанд ва беш аз нисфи хонаводаҳои ҷумҳуриро мехӯронанду мепӯшонанд, онҳо кайҳо ха­дамот чи, ки ВАЗОРАТ-и худро бояд медоштанд. Ба ҳар ҳол, ин хадамот агар тавонад дар доираи салоҳиятҳои хеш аз ҳаққи муҳоҷирон дифоъ кунад, дар оянда шояд ба вазорат табдил ёбад. Акнун посухи бан­да мушаххасан ба савол: Оре, метавонад, агар кормандонаш­ро дар дохилу хориҷи кишвар аз шахсони масъулиятшинос ва меҳанпарасту миллатдӯсти ҷасур интихоб кунад. Аммо муҳоҷирони мо махсусан дар Русия он қадар мушкилот до­ранд, ки умдатаринашон бояд дар сатҳи олии давлатӣ ҳаллу фасл шаванд.
Мирҳусейн НАЗРИЕВ, кор­шиноси масоили сиёсӣ:
- Асалан, агар эътибор дода бошед, то ҳол нисбати муҳоҷирон аз ҷониби давлат таваҷҷӯҳ ё ғамхории ҷиддие набуд. Ҳол он ки, маҳз кӯмаки маблағҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз буҷети мамлакат дар баъ­зе солҳо зиёдтар буд. Таъ­сиси ин хадамотро фоли нек меҳисобем, вале гумон меку­нем, ки бояд пеш аз ҳама ин хадамот ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷири моро дифоъ кунад. Чунки дар ҳар қадам дар киш­вари Русия зери истинтоқ қарор мегиранд муҳоҷирон. Бинобар ин, кори аввалиндараҷаи ин хадамотро ман дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони тоҷик мебинам, ки ҳамчун муҳоҷир дар кишварҳои хориҷ иқомату кор мекунанд. Мутаассифона, сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз ӯҳдаи иҷрои талабот ё муроҷиатҳои шаҳрвандон на­мебарояд. Дар мавзӯъҳои мух­талиф бо муҳоҷирон сӯҳбат мекунем ва онҳо мегӯянд, ки мо ба сафорат муроҷиат кар­дему ҳатто ҷавобе нашунидем. Ин хадамот пеш аз ҳама бояд вазифаҳои худро дошта бошад. Ва ин вазифаҳоро ман пеш аз ҳама дар дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мебинам.
Мунаввари МУНАВВАР­ЗОД, коршиноси масоили иҷтимоӣ:
- Фикр мекунам, ки таъсиси ин хадамот барои чанд нафар маошу вазифа медиҳад, вале вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва мардикорони тоҷикро беҳтар намекунад.
Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, раиси созмони «Преспек­тива+»:
- Ҳар як структурае, ки ҳукумат ташкил мекунад, бо мақсаде таъсис меёбад. Ман фикр мекунам, ки агар Кумитаи мустақиле таъсис медоданд, хуб мешуд. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳое дорад, ки дар ин ё он самт сиёсати давла­ти Тоҷикистонро пеш мебаранд. Дар дигар масъалаҳо, вақте ки масалан вазоратҳо ё кумитаҳо ҳастанд, сиёсати онҳоро пиёда мекунанд.
Агар Кумитаи алоҳида ме­шуд, ҳамаи он ҳуқуқу вазифаҳое, ки ба сохторҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дода мешуд, дар ҳамон кумита бояд якҷоя карда ме­шуд. Яъне, як системаи мут­тамарказ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ таъсис меёфт.
Мо медонем, ки дар бисёр давлатҳо Вазорати муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд дорад. Масалан, қирғизҳо як кумита ташкил кар­данд, ки хеле хуб кор мекунад. Ба воситаи ин кумита бисёр масъалаҳояшонро ҳал карда­анд.
Ҳоҷимуҳамад УМАРОВ, иқтисоддон:
- Гап сари он аст, ки ин ха­дамот чӣ гуна кор мекунад? Аз ӯҳдаи вазифае, ки дар наздаш гузошта шудааст, яъне танзи­ми муҳоҷират, мебарояд ё не? Дар он ҷо бояд шахсони нисбат ба муҳоҷират диди нав ва ду­руст дошта бошанд. Баробари 65 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муҳоҷирон пул ворид мекунанд. Ин масъалаи сода нест. Барои он ки вазъият боз ҳам беҳтар шавад, мебоист ва­зорат таъсис ёбад.
Каромат ШАРИПОВ, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик:
- Дар кадом ташкилот ё ин ки хадамот масъала тавассути кадрҳое ҳалли худро меёбанд, ки ба ин сохтор пешниҳод ме­шаванд. Масалан чаро кори консулгарӣ пеш намеравад? Сабабаш хешутаборчигии роҳбарони сафорат аст. Дуюм ин ки, ҳеҷ вақт муҳоҷир ба кор­мандони давлатӣ муроҷиат на­мекунад. Сабаби ин - муомилаи бади кормандони дипкорпус аз инсонгарӣ берун аст.
Дар Русия 4 сол боз Хада­моти муҳоҷирати назди ВКД Тоҷикистон амал мекунад. Чаро ин пагондорон аз ӯҳдаи кор на­баромаданд? Ҳарчанд барои ҳар корманди милиса ба андозаи 1200 доллари амрикоӣ маош ҷудо карда шудааст. Ин гувоҳ аст, ки мардони фиристода ҳисси миллӣ надоранд. Ташки­лоти нав бояд кадрҳои тоҷики муқими Русияро ба ин хадамот пешниҳод кунад. Мо аз тарафи худ тайёрем дасти ёрӣ бирасо­нем, агар роҳбари ин хадамот хоҳиши сари миз нишастан до­шта бошад.
Боварӣ дорам, ки дар сиё­сати имрӯзаи Тоҷикостон ин хадамот кори пештараи сафо­ратро пеш хоҳад бурд. Яъне, зиёдтар дар байни ҷамъиятҳо зиддият даровардан. Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ин ягона ҷамъияти умумирусиявӣ мебо­шад ва ҳеҷ гоҳ ба хатоҳое, ки аз тарафи намояндаҳои давлат содир карда мешавад, бо чаш­ми пӯшида назар карданӣ нест. Мо тайёрем аз тарафи худ ба кормандони ин хадамот дарси одобро биомӯзем.
Қосими БЕКМУҲАММАД, коршиноси масоили минтақавӣ:
- Таъсиси Хадамоти муҳоҷиратро қабл аз ҳама бояд ба ин маъно фаҳмид, ки давлат тасмим гирифтааст, то дар тан­зими раванди муҳоҷирати корӣ ва ҳаллу фасли масоили мавҷуд дар ин арса беш аз гузашта саҳм бигзорад. Иҷрои ин ҳадаф қабл аз ҳама ба он марбут хоҳад буд, ки оё дар кишвар сиёсати саҳеҳ ва ҳадафманди давлатӣ дар за­минаи муҳоҷирати корӣ вуҷуд дорад? Ва агар вуҷуд дорад, пас оё иҷрои ин сиёсат ба дӯши ашхоси кордону мутахассис гу­зошта шудааст?
Фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар чанд моҳи оян­да худ ба ин пурсишҳо посух хоҳад гуфт, вале ҳоло ин нукта ҷои шакку тардид надорад, ки муҳоҷирати корӣ дар кишвари мо ба таври номуназзам сурат мегирад ва ба истиснои чанд дарсади маҳдуди муҳоҷирон, ки ниҳодҳои расмӣ дар таъми­ни ҷойи кор барояшон кӯмак мекунанд, боқии ин лашкари пуршумор бояд худашон ба фи­кри пайдо намудани маҳалли кор дар хориҷ аз Тоҷикистон бошанд. Яъне садҳо ҳазор муҳоҷири кории мо ба ин далел, ки аз роҳи хусусӣ ва ғайрирасмӣ дар хориҷ ва бавижа дар Русия ба кор машғул мешаванд, аз ҳуқуқу имтиёзҳои шаҳрвандӣ ва иҷтимоӣ маҳруманд. Дар мавриди зоеъ шудани ҳаққи бахше азим аз муҳоҷирони ко­рии тоҷики муқими Русия ва ба ҳар далеле мавриди таъқибу фиреб ва таҳқиру тавҳин қарор гирифтани онҳо, имрӯз натанҳо расонаҳои мо, балки худи русҳо низ зиёд мегӯянд. Ва қишрест, ки бо таҳаммули ин ҳама, бу­зургтарин саҳмро дар таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мегузорад.
Омори расмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия 700 ҳазор нафар нишон медиҳад, вале тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар 11 моҳи соли гузашта маблағи 2,1 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Агар аз ҳисоби ҳаволаҳои бонкии моҳи декабр 150 миллион доллари дигар­ро рӯи 2,1 миллиард доллар гузорем, маблағи 2 миллиар­ду 250 миллион доллар ҳосил мешавад. Аз тақсими саронаи ин маблағ ба 700 ҳазор нафар муҳоҷири корӣ, 3214 доллар ба даст меояд ва аз гумон дур аст, ки ҳар нафари муҳоҷир солона қудрати ирсоли чунин маблағеро ба Тоҷикистон до­шта бошад. Пас мантиқан теъ­доди воқеии муҳоҷирони кории мо бамаротиб зиёдтар аз ин хоҳад буд, ки ин мавзӯъ масъу­лияти Хадамоти муҳоҷиратро хеле бештар мекунад.
Акнун рисолати ин ниҳоди нав аст, ки бо кишварҳои хориҷӣ ва қабл аз ҳама бо Русия раван­ди муҳоҷиратро ба гунае танзим кунад, ки ҳузури ҳар муҳоҷири корӣ дар ин кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва қарордодӣ дошта бошад ва ҳуқуқи шаҳрвандиву манофеъи иҷтимоъияш риъоят гардад. Яъне намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷират бояд дар танзими қарордодҳои корӣ, иҷрои дақиқи онҳо аз тара­фи корфармоён, бахусус ми­зони маош, таъйини ҳаҷм ва соати кор, муҳити амн ва му­носиби корӣ, бима ё суғуртаи иҷтимоъии муҳоҷирон ва ғайра ба сурати мустақим саҳм биги­ранд. Ин мавзӯъи бисёр муҳим буда, ҳузури сохтори давла­тии Тоҷикистон дар он барои муҳоҷирон рӯҳия ва эътимод ба нафс хоҳад дод ва ҷиҳати ши­нохти ҳуқуқашон ба онҳо кӯмак хоҳад кард. Албатта, мусаллам аст, ки заминаи касби тахассуси хос, омӯзиши забони кишвари ҳадафи муҳоҷират ва афзоиши дониши ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ бояд дар худи Тоҷикистон фароҳам карда шавад, ки умед аст ин арса низ бо меҳварияти нақши ин Хадамот ва ҳамкории дигар сохторҳои марбутаи киш­вармон метавонад тағйир ёбад.
Омодасоз Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Комментариев нет:

Отправить комментарий