Сафаҳот

суббота, 11 августа 2012 г.

ҶУМЪАИ ТОЛИБ РАФТ…



Ҷумъа Толиб
«Ҷумъаи Толиб рафт». Вақте аз гӯшӣ ин садо омад, дигар суол накардам. Ба тамоми дӯстон ва ҳамкорони марҳум занг задам ва гуфтам: «Ҷумъаи Толиб рафт». Онҳо ҳам суол накарданд.
Соати 12 – и 18 ноябр ҳамроҳи дӯст ва ҳамкасби Ҷумъаи Толиб – Пӯлод Нуров, ҳуқуқшиноси варзида – Фаррухшо Ҷунайдов, намояндаи Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон – Абдуфаттоҳ Воҳидов, собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» – Фазлиддин Асозода ва хабарнигори ҳафтаномаи «Пайкон» – Олимҷон Умаров роҳи ноҳияи Айниро пеш гирифтем. Тақрибан соатҳои 17 ба деҳаи Испағн, ки устод Ҷумъаи Толиб зиндагӣ мекард, расидем.
***
Дар кӯчаҳои Испағн қадам мегузоштаму гӯё ӯро медидам, ки аз Душанбе меомад. Хаставу афгор ва мариз, аммо бо сари баланд. Моҳи март шумораи 100 – уми «Пайкон» – ро бароварду дигар натавонист, ки дар Душанбе монад. Он ҷо барояш хеле вазнин буд. Мурофиаи судии «Пайкон» идома дошту ӯ аз маризӣ азият мекашид
. Наметавонист дар мурофиа ширкат кунад. Бовар намекарданд. Танҳо дар як рӯз ба сараш сездаҳ духтур фиристоданд. Бешармона мегуфтанд, ки ӯ худро касал рост кардааст. Ноилоҷ хеста ба суд рафт. Худро дифоъ карда наметавонист. Инро медиданд, аммо барои онҳо ширкати ӯ зарур буд, ки ҳалномаашонро қабул кунанд. Ӯ фақат ширкат кард, базӯр гап мезад, аммо нанолид ва ба ҳама ҳушдор дод: «Ин корро ҳамин тавр нахоҳам гузошт ва то охир хоҳам расонд». Бо ҳамон ғуруре, ки дошт, толорро тарк кард…
***
Ягона кӯчаи Испағн серодам буд. Мардуми зиёде роҳ ба хонаи Ҷумъаи Толиб пеш гирифта буданд. Барои мо дидани хонае, ки «сутунаш» афтида буд, сахту сангин буд. Фарзандони бепадармонда фиғон доштанду модари фарзандгумкарда мегиристу мегирист. Нолаи онҳо гӯё пардаҳои осмони абрнокро медарид.
Соат 18-и бегоҳ буд, ҳанӯз барқ надоштанд ва генератори барқӣ мушкилро ҳал мекард. Барои видоъ вориди хона шудем. Дард ҷисми Устодро хароб карда буд. Ҳатто бо дидани ҷисми беҷонаш боварии кас намеомад, ки ӯ моро тарк кардааст. Ҷон аз тани ӯ рафта буд, вале ҳамон ғурури шикастнопазир гуё дар чеҳрааш нақш баста буд.
Садояш ба гӯшам меомад, ки ба мо – шогирдонаш мегуфт:
- Ҳоло дар фикри он ҳастам, он чӣ ба назари дигарон бурд бурд, ба бохт табдил диҳем. Бархе бар инанд, ки Бюро баста шуду «Пайкон» аз чоп монд ва онҳо бурд карданд. Аммо ба ин меандешам, ки Худо хоҳад, ин ҳамаро ба бохти онҳову бурди мо табдил диҳем. Ин раванд аз аввал то охир хилофи қонун буду ҳаст. Онҳо – судяву вазорати адлия супоришро иҷро карданд…
Садои ӯ қатъ мешавад ва ба худ суол медиҳам: «Ӯ муборизаро бохт? «Пайкон» – у Бюрои маслиҳатдиҳӣ ва сухансанҷии ӯ таърих шуданд?» Ба назарам аз он колбади абадан хуфтаи Ҷумъаи Толиб садо омад: «Ман мемирам. Аммо роҳи ман намемирад. Мисли ман бисёриҳо дар роҳи адолат қурбон шудаанд, аммо адолат боз пирӯз омадааст. Он рӯз мерасад, ки идеалҳои ман пирӯз меоянд»…
***
Мо чеҳраи сард, аммо муҷассамаи ғурури Ҷумъаи Толибро то хомӯш шудани барқ наззора кардем. Шаб дар хонаи яке аз ҳамсоягонаш ба рӯз расидем. Субҳ боз гиря буду нола. Чашмам ба модари Ҷумъаи Толиб афтод. Модаре, ки 51 сол пеш аз тавлиди Ҷумъа ва гиряҳои аввалини тифлонаи ӯ завқ мебурд, акнун аз табассуми абадии ӯ хун мегиряд. Ман хаёлан модарро ором карданӣ мешудам. Чаро ӯ бояд гиряд? Оё ӯ он фарзандеро ба дунё наовард, ки бояд меовард? Фарзанди мубориз, ҳақиқатҷӯву ҳақиқатгӯ! Гиря накунед, модар! Агар чашмонатон мегиряд, рӯҳи Шумо бояд аз он биболад, ки чунин фарзандро Худое, ки дод, боз гирифт. Ӯ ифтихори на фақат Шумо, балки мо ҳам шуд. Ташаккур, модар, барои чунин фарзанди бузург!
***
Намедонам дар маросими ҷанозаи Ҷумъаи Толиб касе аз ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд ё на. Ҳамон ҳукумате, ки ӯ чандин сол кор кард. Вақте дар нашрияи ноҳиявӣ кор мекард, ҳар моҳ як ё ду матлаб менавишт. Гап мешунид, аммо менавишт. Касеро гӯш намекард, менавишт дар нашрияи «Меҳнат», ки баъдтар ба «Субҳи кӯҳсор» табдили ном кард. Ҷанҷол мехест. Масалан, қиссаи як кӯдаки шашсоларо навишта буд, ки ӯро кушта, пора – пора карда, дар чанд қабристон гӯр карда буданд. Ӯ ин ҷиноятро кушод. Ё як духтари нӯҳсоларо таҷовуз карда, ба дарё афканда буданд. Аммо ҷасади ӯ тасодуфан дар як бутта дар монда буд. Ӯ инро таҳқиқ карда, муҷримонро ошкор кард. Одамони оддӣ дӯсташ медоштанд, аммо мансабдорон ӯро хуш надоштанд.
Намедонам аз он ҳамсоягонаш, ки бо мусоидати прокурор ӯро ба маҳбас кашида, қариб 8 моҳ зиндонӣ карда буданд, оё дар ҷанозаи ӯ буданд ё на. Аммо бовар дорам, агар онҳо ҳам мебуданд, боз эътироф мекарданд, ки ӯ ҳақ буд. Агар тан нагиранд ҳам Худо медонад, ки кӣ ҳақ буду кӣ ноҳақ.
Устод мегуфт:

- Маро маризӣ намекушад. Маро номардии дӯст мекушад, ки рӯбарӯ нишаста, одамро мефурӯшад.

***
Мардуми зиёде барои видоъ омада буданд, ҳама аз фироқ мегиристанд, аз фироқи дӯст ва таассуф мехӯрданд. Хислатҳои ӯро, фаъолияти ӯро ёд мекарданд ва тавсиф менамуданд…
Ӯ дар зиндагӣ дар як вақт ҳам бар зидди бемории доштааш ва ҳам бар зидди ноадолатӣ мубориза мебурд. «Пайкон» – и ӯро сензура бо микроскоп мехонд. Матолибашро аз саҳифа мебардошт. Бо ин қаноат накарда, пленкаи «Пайкон» – ро ҳам мехонданд. Аз «Пайкон» наметарсиданд, аз Ҷумъаи Толиб метарсиданд. Аз қазо ин азиятҳо, ки бар маризиаш афзуда буданд, «Пайкон» ҳам гӯё дар он ҳолате буд, ки асосгузораш буд…
Рӯҳаш бузург буд. Хосияти рӯҳи бузург ин аст, ки барои кӯчактарин кӯтоҳӣ мубориза барад. Хосияти рӯҳи бузург аст, ки танро маҷбур месозад то охир ҳақталош бошад.
Ҷумъаи Толиб ҳам нотарсона кору пайкор кард ва нотарсона ба истиқболи марг рафт!
«Ҷумъаи Толиб рафт». Ин садои гӯшӣ ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳад. Ба худ суол медиҳам: «Оё рафт?» На, тани ӯ рафта, рӯҳаш бо мо монда. Рӯҳе, ки бо беадолатиҳо боз хоҳад ҷангид.
Рӯҳат шод бодо, Устоди нотакрор! Хуш омадӣ, ба зиндагии ҷовидона!

Аҳлиддини НУРИДДИН, “Нигоҳ”

Комментариев нет:

Отправить комментарий