Сафаҳот

вторник, 13 ноября 2012 г.

Як сол бе ӯ...

Табассуми устод: Моро реклама мекунанд. 
(Танқиди навбатии расонаи ҳукуматӣ ба як матлаби "Пайкон")
18-уми ноябр расо як сол мешавад, ки устоди сухан моро тарк карда. Дигар дар миёни мо нест ӯ, вале суханаш, нақши қаламу дарди қалбаш бо мост. Суханаш таърих, фарзандонаш ёдгор ва нишонае аз ӯянд. Мо- шогирдонро низ бо номи ӯ мешиносанд. Имрӯз шогирдонаш дар телевизион, радио ва матбуоти чӣ давлатию чӣ хусусӣ журналистони ҷавони ояндадоранд. Мо аз шогирдии абармарде чун Ҷумъаи Толиб ифтихор мекунем.

Имрӯзҳо мо ғоибона бо устод сӯҳбат мекунем, ба ӯ шикоятҳои шахсии худро мерасонем ва маслиҳат мепурсем. Бале, маҳз аз ӯ, ки бо боигариҳои дошта - таҷрибаи ғанӣ ва дили дардманду дар ғами мардуми бечора абгор, пайомадҳоро пешгӯӣ мекард. Ӯ ҳеҷ гоҳ ором набуд, то нисфи шаб кор мекард. Аз нӯги қалам рӯи авроқи сафед алам мерехт. Алами мардумеро, ки баъди ранҷҳо дидан, ниҳоят чун такягоҳи охирин пеш аз расидан ба Ҳақ, ба ӯ муроҷеъ мешуданд. Ва бениёз намемонданд.
Устоди марҳум Ҷумъаи Толиб бо Фазлиддин Асозода

Ӯ дар ҳар шумораи ҳафтаномаи Пайкон нисбати баъзе кормандони мақомоти болоӣ мақолаи танқидӣ чоп мекард. Мегуфт, ки инҳо касе нестанд, аз маоши ману ту рӯз мебаранд. Афсӯс аз он мехӯрд, ки коррупсия тамоми самти фаъолияти идораҳоро фаро гирифта ва рӯз ба рӯз тамоми ҷабҳаҳоро фурӯ мебарад. Афсӯс мехӯрд, ки инчунин ашхоси дур аз савод ва илм соҳибвазифаанд. Шиори зиндагиаш, фаъолияташ, аввалин сухани ҷасурона ба шогирдонаш, сухани Амири мӯъминон Алӣ (к) аст: Бузургтарин гуноҳ тарс аст. Тарс аз душман, тарсе, ки пинҳон кардани худ дар палидиҳою касифиҳост.
Ӯ шаҳидест, ки бо яроқаш - қалам бар бадиҳо ғолиб меомад. Паёмбаре, ки камтарин кӯтоҳӣ аз ӯ содир нашуда, мефармояд: Килку қалами уламо бартар аз хуни шуҳадост. Дар ҳақиқат, ба ҷойи пуч гуфтану лоф задан килкро бар моварои талоши ҳақ ва тантанаи адолат мечархонд.
Қабр дигар оромгоҳи ӯст. Ба сӯи Ёр рафт. Ёре, ки дӯсти росткорон аст. Мухолифонаш аз мурда мурдатаранд ва ҳиҷ шогирде нахоҳанд дошт ва касе ифтихор ҳам нахоҳад кард. Шогирддорӣ чӣ давлати бузургест! Инро оне медонад, ки шогирди содиқест ё устоде, ки шогирд дорад. Беҳуда шогирддориро дар аркони ислом аз садақаи ҷория нагуфтаанд.
Агарчанде имрӯз даъвогарони таҳқиқоти журналистӣ зиёданд ва навиштаҳои ӯро очерк медонанд, онҳо на ин ки таҳқиқгарӣ аз дасташон намеояд, балки таҳқиқгари соҳаи журналистӣ ҳам нестанд.
Ҳанӯз ҳам нотавонбинон ва заифон аз номи ӯ ва аз Пайкон метарсанд. Ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва созмонҳои ҳамсон дигар номе аз Пайкон намебаранд. Пайкон-е, ки шиканҷаро ошкоро менавишт ва ошкоро дасти корафтодаро мегирифту садояшро ба гӯшҳои ҳаммислаш мерасонд. Пайкон-е, ки бо тағйир-и нишонааш баста шуд. Пайкон-е, ки камтарин дороияш - як дона компютерро як шохаи камбағал-и ҳокимияти кишвар мусодира кард. Барои он, ки аз бадрафтории сарбонҳо-и қонун садо баланд мекард ва амалҳои ношоистаи ононро бо қонун исбот мекард.
Аз хурдтарин шогирдони марҳум Ҷумъаи Толиб Комрон Луқмонзода аст, ки мегӯяд: Аз рӯзе, ки устод реҳлат карданд, ман наметавонам қалам бигирам ва бинависам. Дигар касе нест, ки бо ӯ аз ин ҳама дард қисса кунам.
Рӯзи мавлуди устоди марҳум Ҷумъаи Толиб бо шогирдаш Аҳлиддин. 
Идораи ҳафтаномаи "Пайкон", соли 2010

Пайкон, ҳар шуморааш, аз навиштану барои чоп таҳия карданаш баҳри мо таърих шуд. Таърихе, ки воқеиятро дар амал ба мо нишон дод. Чӣ қадар арзиш доштани сухани Ҷумъаи Толиб ва ба гуфтаи марҳум, сухани командааш-ро. Ин арзишҳо ҳатто аз назари дигар афроди қадршинос ҳам пинҳон намонданд. Ҳатто нависандаи хушбаёни тоҷик Сипеҳри Ҳасанзод бо як нигоштааш дар ҳафтаномаи СССР пешниҳод кард, ки ҷоизае ба хотири ҷасорати журналистии марҳум Ҷумхаи Толиб ва тадқиқгарии мӯшикофонаи ӯ таъсис дода шавад.
Мо шогирдони марҳум дар ҳамовозӣ бо Сипеҳри Ҳасанзод аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги кишвар ва АМВАОТ хоҳиш мекунем, ки барои амалӣ намудани ин кори хайр тасмим бигиранд. Бошад, ки бо анҷоми ин тасмим номи устоди марҳуми мо ва кулли рӯзноманигорони ҷавони тоҷик абадӣ гардад ва аз саҳифаҳои матбуоти тоҷик дур наравад.
Рӯҳаш шоду манзили охираташ обод бошад он устод, таҳқиқгар, қонундон ва инсони камназир Ҷумъаи Толибро!

Комрон Луқмонзода, Мавзуна Абдуллоева, Фирдавс Ниёзӣ, Фарангис Набиева, Саида Қурбонова, Парвонаи Ҳамдам, Фаридуни Умарбек, Марҷона Қодирова, Сайёди Шарипов, Умедҷон Назаров, Аҳлиддин Салимов, Фазлиддин Асозода ва дигар шогирдон

Комментариев нет:

Отправить комментарий