Сафаҳот

понедельник, 5 августа 2013 г.

Вазири маориф: Маъюбон бе ҳеҷ монеа донишҷӯ мешаванд (видео)

Вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм дар Тоҷикистон бе ҳеҷ мушкилӣ метавонанд донишҷӯ шаванд.
Дар ҳошияи баргузории Анҷумани чаҳоруми ҳифзи кӯдакони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 1-3 август бо ибтикори Ҳукумати ҶТ ва ЮНИСЕФ дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазири маориф дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки чунин маъюбон зимни дохилшавӣ ба муассисоти таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ аз имтиёзҳо бархурдоранд:

- Хонандагоне, ки маъюби гурӯҳҳои якум ва дуюм ҳастанд, тибқи қонунгузории ҶТ ва асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, аз рӯйи қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидодии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахусус мехоҳам қайд кунам, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе озмун, дар доираи холҳои гирифтаашон донишҷӯ мешаванд. Ин чунин маънӣ дорад, ки агар «нол» хол нагирад, вай ҳатман донишҷӯ аст.
Вазири маориф дар мавриди маъюбони гурӯҳи сеюм гуфт, ки барояшон ба андозаи гурӯҳҳои якум ва дуюм имтиёз пешбинӣ нашуда бошад ҳам, онҳо метавонанд берун аз озмун донишҷӯ шаванд.
- Маъюбон зери назорат ва ҳимояти Ҳукумати ҶТ, бахусус, президент ҳастанд. Бинобар ин, ҳар касе муроҷиат мекунад, мо ҳатман муроҷиати онҳоро меомӯзем ва кӯшиш мекунем, ки дар амал татбиқи худро ёбад. То имрӯз ягон маъюб аз ин маърака ҳанӯз шикоят накардааст, - изҳор дошт Саидов.
Дар идомаи сӯҳбат Нуриддин Саидов оид ба фароҳамсозии шароит барои осон кардани вуруд аз даромадгоҳ ва ҳаракати маъюбон дар дохили биноҳои муассисоти таълимӣ, инчунин аз ҷониби вазорати маориф бо дастгоҳҳои зарурии омӯзишӣ таъмин шудани шахсони дорои маълулият ибрози назар кард.
Аҳлиддин Салимов, Asia-PLUS, 04/08/2013 20:37

Комментариев нет:

Отправить комментарий