Сафаҳот

суббота, 15 марта 2014 г.

«Каломи Мовароуннаҳр» аз чоп баромад

Асари арзишманди донишманди шинохтаи тоҷик Абдулвоҳид Шамолов бо номи «Каломи Мовароуннаҳр» дар ҳаҷми 700 сафҳа аз чоп баромад. 

Китоби мазкур яке аз аввалин таълифоти илмӣ бо хатти силиллик мебошад, ки доир ба аср, зиндагинома ва таълимоти фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, фақеҳи Ҳанафимазҳаб, муассиси мактаби каломи Мовароуннаҳр-Мотуридии Самарқандӣ (р) ва шогирдону пайравони ӯ бахшида шудааст. Муаллиф бар асоси сарчашма ва манобеи таърихӣ, динӣ ва фалсафӣ, инчунин осору таълифоти Мотуридии Самарқандӣ (р) ва дигар мутафаккирони асримиёнагии тоҷик ҷанбаҳои фалсафӣ, каломӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқии таълимоти Мотуридии Самарқандӣ (р) дар чаҳорчӯбаи арзишҳои суннатӣ ва умумибашарӣ мавриди таҳлил ва баррасии илмӣ қарор додаст.
«Каломи Мовароуннаҳр» манобеи бузурги худшиносии миллӣ ва сарчашмаи пурзулоли ҳақоиқи ақидаи тавҳидӣ ба ҳисоб меравад.
«Каломи Мовароуннаҳр» манобеи бузурги худшиносии миллӣ ва сарчашмаи пурзулоли ҳақоиқи ақидаи тавҳидӣ ба ҳисоб меравад.



Абдуллоҳи Муҳаққиқ

Комментариев нет:

Отправить комментарий