Сафаҳот

четверг, 20 марта 2014 г.

Наврӯз бар ҳамагон муборак ва хуҷаста бод!

Орзумандам бо баракати Наврӯзи дилафрӯз зиндагии Шумо пур аз шодӣ, дар ҳаёти оилавиатон меҳру отифа, дар кишвар хабарҳои хуб ва шодкунанда, дар касбатон пурбаракатӣ ва фаровонӣ, дар манзилатон нуру рушноӣ, дар муносибататон ишқ ва умед ҳукмфармо бошад!
Наврӯзи қаблӣ бо наврӯзи имрӯзӣ хеле тафовут дорад. Хеле аз дӯстон ва наздиконамон моро тарк карданд. Умедворам қадри лаҳзаҳои доштаамон бо наздиконамонро дониста бошем. Фурсат дорем дар 365 рӯз то Наврӯзи дигар агар аҷал амонамон диҳад аз ҳар лаҳзаи такрорнашавандааш истифода кунем.
Наврӯз як умед аст!
Наврӯз як навид аст!
Навиде, ки...
... яъне ҳеҷ зимистон монданӣ нест ва ҳеҷ сардӣ ва хушунат доимӣ нахоҳад буд.
Дар сари суфраи "Ҳафт син"-у "Ҳафт шин"-и Қуръонӣ барои ҷамии гузаштагон ва боқимондаҳо дуои хайре карда бошем.
Ҳамагӣ шоду сарфароз бошед!

Комментариев нет:

Отправить комментарий