четверг, 7 августа 2014 г.

Муъаллими душманшиносӣ

Ҳаргиз кӯшиш накардаам ба касе тамаллуқ кунам ва намехоҳам ҳарзагӯ бошам.

Ҳоло мехоҳам барои шахсияте қалам ба даст бигирам, ки ӯ пайрави фақеҳи шаҳид Имоми Аъзам (р) ва шайх Абумансури Мотуридии Самарқандӣ (р) буда, хидмати арзишманде барои бедории миллӣ ва худшиносии динӣ анҷом додаст, ки он ҳам бошад Абдуллоҳи Муҳаққиқ аст!

Воқеан моҳи август моҳест, ки ҷаноби Муҳаққиқ мавлуд доранд ва ин баҳонаест то аз заҳамоти эшон то ҳадде зикр намоям.

Абдулоҳҳи Муҳаққиқ аз маъруфтарин исломшиносони тоҷик ва аввалин муассиси «Акадамияи муқовимат бо аҳли такфир-салафия» дар Осиёи Миёна аст. Хидмати илмӣ ва тадқиқотии Абдуллоҳи Мухақиқ хос ба хотири Худо ва пойдорӣ ва нусрати ҳақ бар ботил аст. Бидуни ғараз ва дар асоси меъёрҳои инсоншиносӣ кӯшидаам, ки аз шиносойӣ ва ҷонбозихои илмии ӯ ёдоварӣ намоям. Ёдоварӣ ва изҳори ташаккур аз ковиш ва тахкиқотҳои илмию диншиносии Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар муқобили таҳоҷҷуми иттилоотии муғризонаи фирқаҳои иртиҷойӣ ва созмонҳои миллаткуш ва ватансӯз бароям эътибор ва шараф аст!
8 сол муқаддам вақте, ки дар ҳафтаномаи “Чархи гардун” кор мекардам ҳамеша дар мавзуъоти фарҳангӣ, сиёсӣ таваҷҷуҳ доштам ва бештар мақолаҳои вобаста ба ин самтро мутолиа ва пайгирӣ мекардам. Он замон ғоибона мақолаҳоии устод Абдуллоҳи Муҳаққиқро дар ҳафтаномаҳо мехондам. Азбаскӣ ҳамон замон бузургони фарҳанги тоҷик бо ҳафтаномаи “Чархи гардун” ҳамкории бештар доштанд ва қариб ҳар ҳафтае бо шахсиятҳои фарҳангии кишварамон дар идораи ҳафтанома вохурӣ баргузор мешуд. Ман мунтазири он будам, ки устод Абдуллоҳи Муҳаққиқ барои як ҳафтаи нашрияи мо қаҳрамон интихоб шаванд. Ва бехабар аз он будам, ки Абдуллоҳи Муҳаққиқ бо муассиси ҳафтанома Акбари Саттор ҳамкурс ҳастанд ва муносибати дӯстонае доранд. Дар коргоҳ аз хурдсолтарин корманди нашрия, ки будам ғайр аз машқи навиштан ба корҳои техникӣ низ машғул мешудам. Як рӯз устод Абдуллоҳи Муҳаққиқ ба идораи ҳафтанома назди Сарвар, ки устои компютер буд, омаданд. Сарвар маро даъват карду гуфт серкор ҳастам ва шумо компютери устодро таъмир намоед ва бо лутфи Худо, ки ин замонро ман ҳам дер интизор будам, насибам гашт . Аввалин мулоқоти дӯстонаи мо он ҷо сурат гирифт...

Баъди ошнойӣ бо шахсияти Абдуллоҳи Муҳаққик ошкорам шуд, ки ӯ инсони комил, бедордил, шучоъ, бориз, донишманди воқеӣ ва собиқ корманди ниҳоди интизомии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, аз ҷумлаи сарсупурдагон ва ҳушмандони миллати азизамон аст.

То соли 2009 милодӣ дар кишварамон наҳзатҳои такфирӣ бо номи ҳаракати иртиҷойии «Салафия», «Байъат» ва «Ансоруллоҳ» гургтозиҳои худро оғоз намуда, бар алайхи мазҳаби ҳанафӣ ва арзишҳои фарҳанги миллӣ «Ҷиҳоди акбар» эълон намуда буданд! Наҳзатхои ифротгаройӣ бо тамоми нерӯ талош доштанд, ки назорати бевоситаи муҳити динӣ ва фазои иттилотии кишварро зери дастгоҳҳои ғайридинии худ ва хоҷагони хориҷияшон бигиранд! Муноқиша ва ҷадалҳои лидерҳои мутаассиби ҳаракати «Салафия» бо уламои мазҳаби ҳанафӣ ва сиёсатшиносони ватанӣ дар ҳолати бархурди шаддид қарор дошт!

Мутассифона, воизони дуруя ва ҷонибдорони «Салафия» аз халогиҳои маънавӣ ва динӣ дар ҷомеа истифода намуда, тавонистанд, ки онҳо дар камтарин фурсати таърихӣ мавқеи пурзиллат ва осебпазири хешро дар муҳити динӣ ва ҷомеа тақвият бахшанд!

Ниҳоят соли 2004 мелодӣ сукути таърихӣ дар муҳити динӣ ва итиилоотии кишварамон хотима ёфт, аввалин муждаи раҳмат насибамон гашт, яъне нафаре бо номи Абдуллоҳи Муҳаққиқ, ки мо аз он ёд намудем, дар ҳафтаномаи «Сипар» силсиламақолаи илмӣ-таҳқиқотиро бо номи «Салафия чист?» ба табъ расонид ва дар асоси далоили қавӣ ва санадҳои шаръӣ симои воқеъии «Салафия»-ро ошкор намуд.

Мухаққиқ ҳамзамон уламои ханафӣ ва донишмандони ватаниро барои саркуб намудани ақидаи ватансӯзи лидерҳои ҷиҳодии «Салафия» ва душманони тоҷик даъват намуд! Мақолаҳояшро дар ҳафтаномаи “Пайкон” таҳти унвони “Аҳамияти мазҳаб ва хатари бемазҳабӣ” ба табъ мерасонидем. Ҳафтаномаҳо ва нашрияҳое мисли “Фараж”, “Озодагон”, “Самак”, “Нигоҳ” ва ғайра мақолаҳои эшонро имрӯзҳо ба нашр мерасонанд. Ин силсиламақола гардиши бузурге дар таърихи бедории миллӣ ва худшиносии мазҳабӣ барои ҳар шаҳрванд ва мусалмони оқил мебошад! Худоро шукр, ки оқибат бо қарори махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳаракати иртиҷоии «Салафия» дар қаламрави Тоҷикистон чун соири ҳаракат ва созмонҳои террористӣ манъ карда шуд! Аммо то имрӯз пайравони ҳаракатҳои такфирӣ ва гумоштаҳои ташкилотҳои террористӣ ҷавонони камогоҳ ва ғофил аз омӯзаҳои исломиро фиреб намуда, барои ширкат намудан дар ҷангҳои зидди давлатии Сурия ва Ироқ ва ҳамкорӣ намудан бо гуруҳҳои террористии ал-Қоида мебаранд!

Хизмати бузурги дигари исломшинос-Абдуллоҳи Мухаққиқ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ӯ тавониста, ки назарияи илмии таъсиси мадрасаи «Душманшиносӣ»-ро поягузорӣ намояд ва ҷомеаро аз хатар ва офатҳои ҳаракатхои шайтонии ба ном динӣ ҳифз намояд!

Талошҳои шабонарӯзии илмӣ ва таҳқиқотии Абдуллоҳи Муҳаққиқ на танхо дар муҳити илмию иттилоотии ватанӣ, балки дар муҳити илмию иттилотии фаромиллӣ заминаҳои бедории миллӣ ва душманшиносиро фароҳам сохтааст, балки хулосаборорӣ ва натиҷахои ташхиси диншиносии он бевосита омили худшиносӣ ва тақвиятёбии ҷанбаҳои амнияти мазҳабӣ ва амнияти итиллотӣ гаштаанд! Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар чунин шароити мураккаби сисёӣ, бархурди тамадунҳо, омезиши фарҳангҳо ва ҷаҳоншавӣ дар асоси далоили шаръӣ ва ақлии мактаби таҳаммулпаизирии мазҳаби ҳанафӣ сирру асрор ва нақшаҳои махфии ҳаракатҳои иртиҷойӣ ва ифротгаройиро махкум ва наҳй сохт, даҳҳо мақолаҳои тадқиқотӣ-илмӣ барои душманшиносӣ ва бедории миллӣ дар ҳафтаномаҳо ва рӯзномаҳои мухталифи ватанӣ ба табъ расонид! Ва ба андешаи ман ҳамин боис шуд, ки алъон устод дар ҷойе кор намекунанд.

Аз устод Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар мавриди тарки кораш пурсидам ва эшон изҳор дошт, ки: “Мудати панҷ сол дар Маркази Исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудам, даҳҳо фиттаҳои иғвоҷуёна, адабиёти иғвоангез, дастурамал ва китобҳои моҳияти такфирӣ ва зидди мазҳабиро, ки дар ҷомеа аз ҷониби пайравони ҳаракати иртиҷоии «Салафия» интишор ва таблиғ карда мешуданд ва онҳо манбаи хатар ва фитнаи бузург буданд, дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор, баъди санҷиш ва ташхиси диншиносӣ, истифода ва муъмилоти онҳо қатъ карда шуданд! Ин амал зарбаи миёншикан дар камари ҳаракатхои иртиҷойӣ буд ва боиси он гашта, ки пуштибонҳои ҳаракатхои ифротгаройӣ самти муборизаро бо ман дигар намуда, маълутотномаҳои дуруғини фаврӣ навишта, маро сиёҳ намоянд ва илова ба ин онҳо кирдорҳои ноҷавонмардона ва корҳои ахмақонаи худро дар саҳифахои интернетӣ фош сохтанд!

Мухаққиқ ошкоро гуфт, ки “муғризин иддаъо доранд, ки гӯё ман шахси боваринок ва гумоштаи Муҳиддин Кабирӣ, генерал-майёр Ҳоҷӣ Ҳалим ва Акбар Турачонзода буда, маколаҳои маро онҳо менависанд ва гӯё банда дониши динӣ надорам! Ин ҳама сафсата ва тӯҳмати ошкоро аст. Ва гӯё афроди номбаршуда, ба ман пули зиёд додаанд! Дар ҳоле ки ман ягон иртибот ва ҳамкорӣ бо онҳо надорам ва ҳаргиз то имрӯз таблиғи ғояҳои шиагаройӣ ва ё «Хилофат»-и такфирӣ ва террористии Абубакри Ироқиро накардаам. Иҷоранишинам ва рӯзгори фақирона дорам. Мухаққиқ мегӯяд, ифротгароёне, ки талош доранд, модели идории давлати демократиро дар Тоҷиктистон саркуб ва барҳам зада, ба ҷойи он модели давлатдории «Хилофат»-ро ҷайгузин намоянд, ахмақ ва ҷоҳил хастанд!

Мухаққиқ таъкид намуд, ки “моҳи декабри соли 2012 дар конфроси «Бедории исломӣ» дар Теҳрон ширкат намудам ва дар мавзӯи «Нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи арзишҳои исломӣ» суханоронӣ намудам…Чун ба Ватан баргаштам, директории Маркази Исломшиносӣ муҳтарам Муродулло Давлатов маро назди худ фаро хонд ва гуфт: «Аз «Боло» амр шудааст, ки ту корро бояд ҳатман тарк намойӣ!» Гуфтам: Инро интизор будам, ман як умр аз сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат ва хусусан, аз сиёсати хирадмандонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намудаам ва ин омили калидӣ пуштибонҳои «Салафия»-ро хуш наомадааст, онҳо аз номи «Боло» гап задаанд, ба-дин хотир шумо заҳмат накашед, худам бо аризаи хеш Марказро тарк мекунам…

Инак аз ибтидои соли 2013 машғули бозомӯзӣ ва ковишҳои ҷадиди илмӣ дар самти диншиносӣ ва исломшиносӣ ҳастам. Сад шукр, ки бо як пора нони хушки ватанӣ қаноат дорам ва худро нафурухтаам ва нахохам фурухт».

Воқеан, Абдуллоҳи Мухаққиқ донишманди ҳанафимазҳаб, меҳандӯст ва бедордил аст. Ӯ корҳои зиёди илмӣ ва тахқиқотиро барои саъодати ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, исломӣ, душманшиносӣ ва ҳуввияту бедории миллӣ ба сомон расонда, рисолати инсонии худро аз шарри душманони миллат ҳифз намудааст!

Мавлуд муборак, устод!

Аҳлиддин Салимов, ҳафтаномаи "Фараж" №32 (401), 6-уми августи соли 2014

Комментариев нет:

Отправить комментарий