Сафаҳот

воскресенье, 11 июня 2017 г.

(Омӯзишӣ) Тоҷикистон дар маърази хатар нисбат ба зарари партови газҳои гулхонаӣ

Ҳарчанд Точикистон дар ҷаҳон ҷойгоҳи балани содиркунандаи газҳои гулхонаӣ нест, вале аз таъсири он дар маърази хатар қарор гирифтааст.

Тибқи нишондоди The Global Carbon Atlas Тоҷикистон ҷойгоҳи хубе дар раддабандии кишварҳое, ки дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам таъсир доранд, ҷойи 183-ро дорад. Тибқи маълумоти ин сомона, ки аз 216 давлат иборат аст Тоҷикистон дар ҷойи 183, Қирғизистон 146, Ӯзбекистон 106, Қазоқистон 22 ва Туркменистон 12 қарор доранд. Ҳаминтавр кишварҳои содиркунандаи газҳои гулхонаӣ дар ҷойи аввал давлати Қатар ва дар ҷойи Кюрасао, Кувайт, Баҳрайн, Бруней, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ ва Люксембург дар даҳгонаи аввал қарор гирифтаанд.

Президенти Тоҷикистон соли 2015 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21), ки ба мушкили бузурги сайёра - тағйирёбии иқлим бахшида шуда буд, гуфта буд, ки "ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд".

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буд, ки 93 фоизи қаламрави Тоҷикистон кӯҳсор аст ва ин кӯҳистон яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ мебошад, зеро 60% оби минтақа аз пиряхҳои ин ҷо сарчашма мегирад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт: "Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст ".

Дар Осиёи Марказӣ бошад, кишварҳои Туркманистон ва Қазоқистон содиркунандаи газҳои гулхонаӣ дар минтақа дониста мешаванд.
Манбаи асосии ихроҷи гази карбон дар кишварҳои Осиёи Миёна дар намудори зер бо фоизҳои бештари ихроҷи он нишон медиҳад, ки дар Туркманистон 64% аз ҳисоби газ ва Қирғизистон 58% аз ҳисоби ангишт, Қазоқистон 41% аз ҳисоби равған, Тоҷикистон 48% аз ҳисоби равған ва Узбекистон 82% аз ҳисоби газ будааст.

Ба ҳисоби миёна як шаҳрванди Туркманистон 14 маротиба бештар ҳаворо месӯзонад, нисбат ба шаҳрванди Қирғизистон ё Тоҷикистон.

Комментариев нет:

Отправить комментарий