пятница, 11 июня 2010 г.

Алиакбар Абдуллоев: «Ҳамчун коршинос нигаронӣ дорам…»

Ҳамарӯза дар бораи муҳосираи фасод сарусадо бармехезад ва қисми зиёди мардум ин амалро маҳкум мекунанд. Барои бартараф кардани ришвахорӣ низ кӯшишҳои мақомоту созмонҳои муртабит ба мушоҳида мерасад. Қарору қонунҳо ба имзо мерасанд, ки ҳадафашон решакан кардани ин вабост. Сари ҳамин мавзӯъ хабарнигорамон Аҳлиддини Салимпур сӯҳбате дошт бо директори генералии Маркази ҷумҳуриявии тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ Алиакбар Абдуллоев.

- Мӯҳтарам Алиакбар Абдуллоев, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қонуни наверо дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар ниҳодҳои давлатӣ қабул кард. Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар ин ниҳодҳо идораҳои махсуси масъул созмон дода шавад. Ин қонун метавонад барои пурзӯр кардани назорати маблағҳои буҷавӣ дар ниҳодҳо ва сохторҳои далватӣ заминаҳои қонунӣ фароҳам орад?

- Мувофиқи Қонун дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи назорат бурдан аз болои сарфи қонунии маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ бар зиммаи агентии мазкур вогузор карда шудааст. Зиёда аз ин, 26-уми январи соли 2008 «Стратегия мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008-2012″ аз ҷониби раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мувофиқи талаботи банди 8-и нақшаи тадбирҳои иҷрои стратегияи мазкур, вазорату идораҳо вазифадор карда шуда буданд, ки воҳидҳои сохтории аудити дохилиро таъсис дода, бо мақомоти назорати молиявӣ ҳамкорӣ намоянд. Инчунин, мувофиқи талаботи банди 17-и ин нақша, вазорату идораҳо вазифадор карда шуда буданд, ки барномаи зиддикоррупсиониро дар вазорату идораҳо таҳия ва қабул намоянд. Мутаассифона ин ҳуҷҷати қонуние, ки аз ҷониби сарвари давлат ба имзо расида, иҷроишашро бар зиммаи вазирон ва дигар мансабдорони давлатӣ вогузор намуда буд, то ҳол ба таври бояду шояд амалӣ карда нашудааст. Аз ин рӯ, гумон мекунам, сарвари давлат лозим шумурдааст, ки ин талаботи «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008-2012″-ро бори дигар ба ҳукми қонун дарорад. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки иҷроиши талаботҳои стратегияи мубориза бо коррупсия фақат аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванду халос. Ва бисёр ҷойи таассуф аст, ки дигар вазорату сохторҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалӣ сохтани он саҳми босазо надоранд.
Нисбати қабули қонуни нав метавон гуфт, ки сарфи назар аз он заминаҳои қонунӣ барои мубориза бар зидди фасод мавҷуд буданд. Ва акнун дар асоси ин қонуни нав боз ҳам фароҳамтар хоҳанд шуд. Дар сурате, ки он воҳидҳое, ки дар вазорату идораҳо созмон меёбанд вазифаҳои худро аз рӯйи имону виҷдон ва масъулияти давлатӣ амалӣ гардонанд, зеро роҳбари ҳар як вазорату идораи давлатӣ оиди ҷой доштани фасод дар ниҳоди роҳбарияшон мувофиқи қонун ҷавобгӯ мебошад.

- Қонуни нав аз панҷ боб ва 16 модда иборат буда, иҷроишаш зери назорати бевоситаи раиси худи идораи давлатӣ бояд бигзарад. Идорае, ки гуфта мешавад, Агентии мубориза бо фасод ба он коре надоштааст. Пас зиёд кардани шумораи назоратчиён то куҷо қобили қабул аст?
- Ман ҳамчун коршинос аз он нигаронӣ дорам, ки ниҳодҳои аудити дохилие, ки ба тозагӣ созмон меёбанд, зери назорати вазирону роҳбароне қарор меёбанд, ки бевосита аз натиҷаҳои санҷишҳо манфиатдор ҳастанд. Ва метавонанд ба натиҷаи ин санҷишҳо таъсири худро расонанд. Ва низ аз он нигаронам, ки мисли ҳарвақта иҷроиши ин қонун дар чунин ҳолат натиҷаҳои нишонрас нахоҳад дод. Бисёр хуб мешуд, ки ниҳодҳои аудити дохилӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонданд. Ва аз ҳама муҳим, дар ин ҷода масъулияти баланди роҳбарон, мавқеи давлатии онҳо дар амалӣ сохтани қонунҳо ва фармонҳои сарвари давлат ва шаффофияти фаъолияти онҳо мебошад.

- Тоҷикистон дар рӯйхати Созмони байналмилалии шаффофият (Transparency international) аз 180 зина дар ҷойи 151 ва дар шумори кишварҳои фасодзада дохил шудааст. Оё қонуни нав метавонад рақами «151″-ро тағйир диҳад?
- Ҳеҷ як қонун наметавонад рақамеро тағйир диҳад. Агар он аз ҷониби шаҳрвандон ва қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин мансабдорони сохторҳои давлатӣ амалӣ гардонида нашавад. Дар сурати амалӣ гардонидани қонуни нав дар ҳамбастагии сохторҳои давлатӣ бо иниститутҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон умед баст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи коррупсияро пойин бурдан имконпазир аст.

- Худи маркази Шумо дар самти мубориза бо фасод чӣ корҳои назаррасеро анҷом додааст?

- Маркази ҷумҳуриявии тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ бо мақсади иҷроиши талаботи конвенсияи СММ муқобили коррупсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди коррупсия ва стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, корҳои мушаххасро оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои коррупсионӣ дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста корҳоро анҷом медиҳад. Ба мӯҳлати кӯтоҳи фаъолият нигоҳ накарда, Марказ тавонист алоқа ва ҳамкории худро бо сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО ба роҳ монад. Аз он ҷумла, мо дар асоси созишномаи муштарак бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва фаъолияти зич дорем, ки оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои коррупсионӣ ва омӯхтану бартараф намудани шароит ва сабабҳои сар задани ин ҳодисаҳо чораҳои мушаххас меандешем. Ғайр аз ин, Марказ бо мақсади ҳимоя кардани ҳуқуқҳои конститутсионии муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Федератсияи Русия умр ба сар бурда, фаъолият мекунанд, бо комиссияи мубориза алайҳи коррупсияи Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, онро амалӣ гардонида истодааст. Пайваста чорабиниҳо ба шакли мизи мудаввар, семинарҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон гузаронида мешавад. Мақсад дорем бо ниҳодҳои аудити дохилие, ки тибқи қонуни нав созмон дода мешаванд, ҳамкории зич пайдо кунем.

http://paikon.wordpress.com/

Комментариев нет:

Отправить комментарий