понедельник, 11 ноября 2013 г.

Мушоҳада

Аз коргоҳ тариқи нақлиёти "старекс" ба хона меомадам. Дар дохили мошин садои "амри маъруф" шунида мешуд. Баъд аз чанд дақиқае ҷавони дигар дохили мошин шуд ва аз ронанда хоҳиш кард, то ин садоро паст ё хомуш кунад. Дар баробари ин ронанда маблағи он ҷавонро бозпас доду маҷбур ӯро аз мошин фаровард. 
Баъди фаромадани он ҷавон дигарон ғийбати он ҷавон карданд. Мегуфтанд: бояд тавба кунад.-Астағфируллоҳ гӯяд.... куфр гуфт... (ин ғийбатгарҳо шояд 10 сол аз ӯ хурд буданд).
Ман ба "амри маъруф" гӯш додам... сухан дар мавриди он мерафт, ки ҷавоне аз "рӯҳонӣ" дар бораи хонадорӣ (муҷомаат) аз тариқи маҷбурӣ бо зани худ суол карда буд.   "Мулло" ҳам дар посух ба ӯ иҷозат дод, ки метавонад аз тариқи маҷбурӣ хилофи майли ҳамсараш бо ӯ муҷомаат кунад...
Чи ваҳшоният аст ин?
***
Дар идомаи роҳ...
Дар "старекс"-и дигар.
Мусиқии РЕП чунон баланд шунида мешуд, ки ронанда садои мусофиронро намешунид ва ...
Муаллиме он ҷо ҳузур дошт ва аз ронанда хоҳиш кард радиоро монад ё мусиқиро иваз кунад. Ронанда гӯё нашунидааст, амалеро иҷро накард. Муаллим ба ронанда гуфт: имрӯз олимон исбот кардаанд, ки ҳар нафаре РЕП месарояд ва гӯш мекунад ҲАМҶИНСГАРО мешавад.
Аз сухани муаллим ҷавони мусофир, ки паҳлуи муаллим нишаста буд дар ғазаб шуд ва гуфт: олимон гуфтан мегиранд.
Муаллим дигар хомӯш монд...
Ҳарфе назад ...
------------------
Фарҳанг рӯ ба харобӣ овардааст. Ҳар кас ҳар чӣ хоҳад сабт ва пахш мекунад.
Ҳар чӣ...!
РЕПи пур аз фаҳш ва ...

Комментариев нет:

Отправить комментарий