вторник, 7 января 2014 г.

Шаҳзода Абдураҳимова: “Умеди охиринам Зайд Саидов буд"

Шаҳзода Абдураҳимова, ҳамсари Саид Шарифов, ки  дар барномаи “Пусть говорят” -и шабакаи аввали телевизиони Русия ҳамроҳи фарзандонаш ширкат карда, дар мавриди овозаи ба қатл расидани шавҳараш мегӯяд: “ин овозаҳо асос надорад. Ҳамарӯза ин гуна овозаҳоро мешунавем ва духтарам низ ба падараш занг зада буд, ӯ зинда аст”.
Ҳамсари Саид Шарипов афзуд, ки аз ширкат карданаш дар барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали Русия пушаймон аст. Зикр мекунад, ки мақсадаш танҳо баргардонидани шавҳараш назди фарзандонаш буду бас. “Фикр карадам, ки пас аз ширкат дар ин барнома Саид Шарипов ба худ омада назди фарзандонаш омада онҳоро соҳибӣ карда, ба онҳо ақалан  замин гирифта медиҳад. Фикр накардам ки то ин дараҷа моро паст мезанад. Аммо пас аз барномаи мазкур дар байни мардум овозаҳое паҳн гардид гуё Саид Шарипов худкушӣ карда бошад ё мавриди лату куби дигарон қарор гирифта, ба ҳалокат расидааст. Вақте духтаронам ин овозаҳора фаҳмиданд хостанд бо падараш суҳбат кунанд ақалан овози падарашонро шунаванд,  аммо падараш телефонро бардошта гап намезад, дар тамоси телефонии  сеюбора телефонро бо зани русаш дод, он зан духтари маро гапҳои ҳархела гуфт пас аз ин мо дигар дар тамос нашудем. Саид ягон маротиба худаш занг назад, фарзандонашро напурсид. Аз наздиконаш, ки баъди овозаҳо занг пурсидаанд Саид ба онҳо гуфтааст ман девона нашудам худкушӣ кунам, ман нав хушбахт шудам ва нав зиндагии худро ёфтам”.
Шаҳзода Абдураҳимова дар мавриди будубошташ ва шароити сангини зиндагиаш гуфт, ки дар як ҳуҷра ҳамроҳи фарзандонаш зиндагӣ мекунад ва ба танҳоӣ кор карданаш барои таъмини рӯзгор басанда нест. Дар мавриди кӯмаки Зайд Саидов ёдовар шуда гуфт: танҳо манро ҳамон марди зиндонӣ Зайд Саид барои беҳтар шудани вазъи зиндагиям кӯмак кардани буд,  халос дигар мансабдорони кишварамон  гуё аз вазъи зиндагии ман бехабаранд. “Аммо дар тақдири мо он марди ба обру ва некхоҳ зиндонӣ шуд. Умед доштам, ки маҳз ҳамин шахс ба мо кӯмак мекунад ва мо соҳиби манзил мешавем. Гарчанде мардум  ҳатто аз Олмон омада мегӯянд мо аз қиссаи Шумо тариқи телевизон ва расонаҳо бо хабар шудем ва фаҳмидем ки 10 сол боз Саид Шарипов шуморо партофтааст на суроғи фарзанду зан намекардааст. Вазъи саломатиям ва зиндагиям пас аз ширкат дар барномаи мазкур бадтар шуду беҳтар не”- мегӯяд, Шаҳзода.
“Вақте ман ба Руссия рафтам дар барномаи мазкур ширкат кардам Саид Шарипов зимни ин барнома гуфт “ман инҳоро намешиносам инҳо ки аст?” Хиҷолатзада шуда ба худ гуфтам “таги замин дароям”, наход ман хотири ин аз Тоҷикистон ба Руссия омадам, он ваъдаҳои дурӯғе 10 сол пеш ба мо дод ки ман ба нияти коркунӣ ба Руссия меравам кор карда омада хона мехарем. Агар  дар барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали Русия Саид Шарипов мегуфт, ки ман зан ва фарзанд дорам, ман ҳеҷгоҳ ба Руссия намерафтам. Агар ман духтар не писар медоштам суроғ намекардам, ки ман писар дорам писарам калон шуда кор мекунаду манро мехӯронад ва мепӯшонанд. Ман натавонам духатарамро ба бозор равон кунам ё ба дигар корҳо. Овозаҳои байни мардум ҳам ба зиндагияи ва ҳам ба саломатиям таъсири манфӣ расонд. Ман дар ҳаётам фишори хун набудам ба фишори хун гирифтор шудам. Дар яке аз хобгоҳои 46 км шаҳри Душанбе истимомат мекунам. Дар як ҳуҷраи танг бо фарзандонам ба зур рӯз мегузаронем. Худованд хабари марги Саидро ҳаргиз нашунавам. Ҳаргиз ӯро накушанду, лекин чӣ азобе кашидам ӯ низ бикашад”, мегӯяд Шаҳзода.


 
 Аҳлиддин Салимов, Мавзуна Абдуллоева

Комментариев нет:

Отправить комментарий