(Лавҳа)
Модар! Ту аввалин устодӣ дар зиндагӣ. ӯйе, ки шахсро роҳнамоӣ мекунад ва зина ба зина боло бурдаву ба қуллаҳои мурод мерасонад. Туйӣ, ки фарзандро дар қалби ҷон парварида, нишони ҳастиро бар ӯ мебахшӣ. Падар ҳам бузург аст! Аммо наметавон заҳматҳои ӯро бо ҷонҳавлҳои Ту қиёс кард.
Моҳе қабл, дар арафаи соли нави таҳсил хостам меҳрномае ба номи Ту – модари азиз иншо намоям, ки пайванд ба кулли модарон бошад. Аммо боз худдорӣ кардам. Нахостам он рӯзҳои пурташвишу сертараддуди Туро, ки бо маоши ночизе ба ман ва фарзандони мардуми тоҷик дониш меомӯхтӣ, аз сар пеши назарат ҷилвагар созам. Инак моҳе аз таҳсили нав гузашт ва боз маро фикри таълими шогирдони миёнаҳолу устодони камбизоати онҳо фаро гирифт. Беихтиёр паси оинаи компютер нишастам. Чунон беихтиёр, ки ҳатто бори нахусти нишастан дастам пеш нарафт, то тугмаеро пахш кунам. Аммо бо эҳсоси тасвири дирӯзу имрӯзи Устод – модари тоҷик, бахусус устоди аввалини худ назди саҳфаи компютерӣ хам хӯрдам.
Боз ҳам пеши назарам солҳои ноамнию бесарусомонӣ омад. Солҳое, ки ба мушкилоташ нигоҳ накарда, ба мактаб мерафтӣ ва утоқи дарсро бо чеҳра мудаввару бо навозиш мунаввар мекардӣ. Мани кӯчак низ миёни ҳамсинфон ба суханҳоят гӯш медодам ва андак-андак бо худ фахр ҳам мекардам, ки модари муаллима дорам. Аммо метарсидам аз писари муаллима будан назди ҳамсинфон лофу газоф занам. Медонистам, ки Ту ин амалро хуш нахоҳӣ дошт. Зеро худписандиро амали номатлуб ва заъфи инсони комил мешумурдӣ.
Модар! Ёд дорам, ки дар замони бесарусомонӣ ба мактаб мерафтию ҳатто моҳҳо ба талабагон бе музд дарс мегуфтӣ. Ёд дорам, ки моҳе ба Ту 7 сомонӣ маош дода буданд ва он ҳатто барои гирифтани як халта орд кифоягӣ накард. Ёд дорам, ки боре ба ҷойи маоши чормоҳаат гандум доданд, ки аз зиёдии хошоку ғӯраҳои бегона донаҳоро дидан мушкил буд. Бо чунин шароит хӯ гирифтаву танҳо соли 1999 аз сабаби беморӣ бо собиқаи 30-солаи муаллимӣ мактабро тарк гуфтӣ ва имрӯз бо гирифтани 80 сомонӣ нафақа дар хонаӣ.
Модар! Ҳаргиз барои чи қадар гирифтану нагирифтани нафақаат фикр надорам. Вале аз надонистану қадр накардани заҳмати чандинсолаат ва бе маоши шоиста дар давраи пурҳарос дарс гуфтанат ҳайронам.
Модар! Шояд мисли Ту даҳҳо муаллимоне бошанд, ки бо собиқаи ҳаммонанд ба собиқаи кориятон мактабро канор гузоштаанд. Аммо аламовар ин аст, ки дар солҳои душвортарин, дар синфхонаҳои хунуки бе дару тиреза дарс гуфтеду касе ба қадратон нарасид.
Имрӯзҳо мактабҳо барқароранд, шароит низ то ҷойе хубтар аст. Вале он донише, ки Ту ва ҳамсобиқадоронат ба хонандагон медодед, дигар ба назар намерасад.
Хушо он рӯз, ки муаллимони ҷавону камтаҷрибаи мо аз Шумою ҳамсолон ва ҳамкасбонатон сабақи кору зиндагӣ омӯзанд, модар! Хушо он рӯз!
Аҳлиддини САЛИМПУР
Привет! у вас есть замечательный блог! Я рад посетить здесь!
ОтветитьУдалить