Сафаҳот

вторник, 21 декабря 2010 г.

Кӣ «Саховат»-ро сӯзонд?


Шаби 22 ба 23-юми ноябр дар яке аз пурнуфузтарин бозорҳои шаҳри Душанбе - «Саховат» сӯхтор ба амал омад. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодисаи оташсӯзӣ тақрибан соати 23:50 рӯх додааст. Бар асари сӯхтор чандин растаи бозор, ки иборат аз дӯконҳои фурӯши маводи хӯрока ва гӯштфурӯшӣ буданд, батамом сӯхтаанд. Дар бораи сабабҳои рӯх додани сӯхтор аз ҷониби мақомоти расмии кишвар то имрӯз шарҳ ва ё ахбори боварибахше пахш нашудааст. Аммо ҷомеашиносон фарзияи аз барқ сар задани онро, ки маъмулан дар ҳар ҳодиса «дастак» мешавад, шубҳаангез мешуморанд. Онҳо бар ин назаранд, ки эҳтимоли даст ба сӯзонидани анборҳо задан аз ҷониби рақибон вуҷуд дорад. Вале чун омӯзиши омилҳои воқеа идома дорад, барои дар ин боб сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.
Масъалаи дигари басо муҳим ин аст, ки моликони анборҳои харидафурӯшӣ то куҷо хисорот дидаанд ва оё аз оғози сӯхтор касе огоҳ будааст ё не? Ва агар нафаре огоҳ шуда буд, чаро алангаи оташро натавонистанд фурӯ нишонанд? Дар робита ба мавзӯъ сарнозири минтақавии бозори «Саховат», подполковники милиса Ҳазрат Абдураҳмонов мегӯяд: «Тахминан соати 23:40 дақиқа буд. Яке аз милитсионерҳо дар кӯчаи Фирдавсӣ навбатдор буд. ӯ мебинад, ки аз дохили бозор дуд мебарояд. Тирезаи мағозаи оташгирифтаро, ки аз он дуд мебаромад, шикастанд. Баъди шикастани тиреза оташ баланд шуд. Баъд ба Хадамоти сӯхторнишонӣ занг задем. Посбони бозор ҳам ба Хадамот занг зад. Баъди 10 дақиқаи занг задан мошини сӯхторнишонӣ расида омад. Баъди он аз тамоми мақомот одамҳо омаданд. Се мошин аз оташхомӯшкунҳои 201-ум двизияи Русия дар Тоҷикистон ҳам омаданд. Кӯмаки оташхомӯшкунҳои дивизия дар ин сӯхтор зиёд буд. Бо шиддати баланд обро ба оташ равон карданд».
Дар ин миён эҳтимолияти аз нерӯи барқ сар задани сӯхторро пеш овардаву аз нозир назар пурсидам. Гуфт: «Ин бозор тӯли се рӯз аз барқ маҳрум буд. Тамоми савдогарон бо истифодаи шамъ савдо мекарданд. Имрӯзҳо ҳам бозор барқ надорад. Ҳама бо истифодаи шамъ молҳояшонро савдо мекунанд». Аз ӯ мепурсам, ки аввал сӯхтор аз куҷо сар зад? ӯ мегӯяд: «Аввал толори якум, баъд толори дуюм. Аз толори якум растаи гуштфурӯшҳо буд. Тахминан мағозаи 19 ё 22 буд. Милитсионер ҳамон вақт дар телефонаш ба навор гирифтааст». Ҳамчунин аз ӯ, ки ҳангоми оташсӯзӣ он ҷо ҳузур доштаву мушоҳидачии воқеа будааст, назари шахсияшро дар бораи сабабҳо пурсидам. Посух дод: «Мо ҳар вақт дар асоси реҷаи корӣ бозорро холӣ мекунем ва нигоҳ мекунем. Ба назари ман, сабаби сар задани сӯхтор асосан шамъ аст. Мегӯянд, ки гӯё дар ким-кадом мағозае ғайриқонунӣ ноқили барқ кашидаанд. Вале он рӯз дидем, ки ягон мағоза барқ надошт. Кормандони Хадамоти сӯхторнишонӣ хулосаи экспертизӣ бурда истодаанд, онҳо сабаби сар задани сӯхторро маълум мекунанд». Аз сарнозир ҳамзамон суол мекунам, ки оё хавфи дигаре бозорро таҳдид намекунад? ӯ иброз медорад: «Ҳама бозор дарвоза дорад. Атрофи бозори «Саховат» дарвоза надорад ва боз аст. Дар ин бозор ҳам алкашу ҳам дузд, хулоса, чи одамҳое намеоянд. Вақте бозор дарвоза дошта бошад ва гирду атрофаш пӯшида бошад, ягон сӯхтор ё амали ношоистаи дигар сар намезанад».
Аммо, дар ҳамин ҳол, соҳибмулкони бозори «Саховат», ки зиёд моли худро аз даст додаанд, фарзияи аз шамъ сӯхтани растаҳоро «ҳарза» мехонанд. Тоҷири ин бозор Майсара Қурбонова мегӯяд: «Дар ин ҷо ду мағоза дорем, яке аз бародарам, дигараш аз худам. Дар мағозаам маводи хӯрока мефурӯхтам. Сабаби сар задани сӯхторро ба мо гуфтанд, ки аз шамъ сӯхтааст. Вале ба ҳама маълум аст, ки ин сабаб шуда наметавонад. Бинед, ки растаҳо чи тавр сӯхтааст! Инро оташ задаанд. Бензин рехта, оташ задаанд. Моли мардумро сӯзонданд! Як худи мо аз мағозаамон 22 ҳазор доллар сӯхтем, 30 ҳазори дигар аз яктои дигараш. Ин ҷо посбон дорад, милисаҳо меистанд. Наход аз як шамъ чунин сӯхтор ба вуҷуд ояд? Соати 22:30-и шаб додарам дар мағоза кор мекард. Гуфт, ки ду гурӯҳ мошини калон омад. Онҳо гуфтаанд, ки «ШОС аст, маҳкам кунед!». Додари ман ҳар шаб то соати 23-и шаб кор мекард. Мо аз соли 1994-1995 дар ин бозор кор мекунем. То ҳозир андози давлат ва дигар шартномаҳоро ҳар моҳ месупорем».
Аз тоҷири номбурда дар бораи тасмимҳои ояндаашон мепурсам. Назарашро бад-ин сон изҳор мекунад: «Директори бозор мегӯяд, ки хотиратонро ҷамъ кунеду баромада равед. Чаро ин тавр мегӯяд? Аз бозор мо ягон тин қарздор нестем. Чеки бозорро медиҳем. Пули барқро ҳар моҳ медиҳем. Вале мегӯянд, ки бозор аз пули барқ қарздор аст. Як ҳафта боз дар ҳаминҷоем, ҳар рӯз ҳар гап мегӯянд. Мо ба раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев шикоят бурданием, то чорае ашдешанд. Ин мағозаҳо моликияти давлат ҳам бошанд, мо пул дода харидаем. Ман 3 ҳазор доллар аз бонк қарздорам. Намедонам аз куҷо маблағ ёбаму фоизи бонкро супорам. Чӣ қадар пуле доштем, ҳамааш дар бозор сӯхт. Директори бозор бошад, мегӯяд, ки «ман соз мекунаму мефурӯшам ҷойҳоямро». Магар ин тавр мумкин аст?».
Баъди сӯҳбатамон бо ин зани тоҷир сафи тоҷирони шиквагар афзуд, ки ҳар яке бо шеваи хос ва алами беандоза лаб ба шикоят мекушоданд. Тоҷир Идимад Каримов гуфт: «Ман ду мағоза дорам. Ҳаҷми хисороти умумӣ аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Се рӯз зиёд бозор барқ надошт. Мо пули барқро дар вақташ месупоридем. Агар мағозачӣ шамъро монда бошад, баъди қулф кардан шамъро намебинад?». Собҳибкори дигар Шӯҳрат Мирзоалиев афзуд: «Ман як нуқтаи фурӯши хӯрока доштам. Барқ надоштем. Ҳар моҳ маблағи «аренда» ва барқро медодем. Ман аз ин сӯхтор аз 10 то 15 ҳазор доллар зарар дидам». Тоҷир Тоҷиддин Самадов илова кард: «Ман дар ду мағоза кор мекардам. Дар ин мағозаҳо хӯрока мефурӯхтам. Дар ин мағоза маблағ ҳам буд. Соати 24 мо хабар ёфтем, ки бозор месӯзад. Омадем, милисаҳо ягон нафарро даромаданӣ намонданд, ки ақаллан қисме аз молҳоро ҳам бошад, гирем. Мо аз бозор, аз андоз, аз барқ ягон маблағ қарздор нестем. Ҳуҷҷатҳо ҳама сад фоизанд. Ба ғайр аз борҳои будагӣ 14300 сомонӣ дар дохил доштам». Соҳибкорзани дигар Тоирова Гулчеҳра дар ин бора мегӯяд: «Дар мағоза ба ғайр аз борҳои хӯрока, ки маблағи умумияш 20 ҳазор сомонӣ буд, боз яхдон ва дигар асбобҳо доштам. Аз бонк қарздорем. Сабаби сӯхторро ба мо «намедонем» мегӯянд. Ҳозир экспертиза муайян накарда будааст». Соҳибкори дигар Хисравҷон Абдулҳақов низ аз расидани хисорот дарак медиҳад: «Мағозаи хӯрока доштам. Ҳаҷми умумии хисороти расида 25 ҳазорро ташкил медиҳад». Тоҷиддин Азимов бошад, мегӯяд, ки дар умум 20 ҳазор доллар зарар дидааст.
Ана ҳамин аст арзу шикояти қисме аз тоҷирони бозори «Саховат», ки иддаои масъулини бозорро рад мекунанд. Аммо бояд аз масъулин низ дар ин маврид назар пурсид. Ба ин хотир, ба нозири барқи бозори «Саховат», ки номаш Шералӣ будааст бо чунин суол муроҷиат кардам: «Савдогарон мегӯянд, ки маблағи барқро месупурдаанду барқро хомӯш кардаед? Чаро? То куҷо онҳо дуруст мегӯянд?». Ҷавоб дод: «Ин ҷо «недаразумений» шудагӣ…».
Барои возеҳтар пурсидан дар боби ҳодисаи рӯхдода мебоист қаровули он шаби мудҳишро меёфтам. Ёфтам ӯро. Ному насабаш Талбак Солиев будааст. Аз гуфтаҳои ӯ низ хулоса кардан мумкин аст, ки сабаби сӯхтор ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад алоқаманд ба қандил, ё худ шамъ бошад: «Ман утоқи 27-ро ба тартиб оварда истода будам. Баъд нигоҳ кардам, ки аз болои дӯконҳои №19 ва №20 алангаи оташ баромада истодааст. Ба ёрӣ даъват кардаму ба сӯхторнишонӣ занг задам. Баъд аз дохил берун баромадам. Асосан ман посбони дохили дар ҳастам. Аз «СНГ» оташхомӯшкунакҳо омаданд. Асосан онҳо бештар оташро хомӯш карданд. Ман ягон шамъ надидам. Агар монда бошанд ҳам, аз соати 18 то соати 23-и шаб намеистад. Мо соати 18 чор дари дохилро маҳкам мекунем, касе ин ҷо намемонад».
Барои фаҳмидани хулосаи ташхиси сӯхтори бозори «Саховат» бо Хадамоти сӯхторнишонӣ дар шаҳри Душанбе тамос гирифтем. Сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор Назаров Илҳом чунин маълуот дод: «Тӯли чор рӯз мешавад, ки маводҳо дар лабораторияанд. Мо бо мактуб ба лаборатория муроҷиат намудаем. То даҳ рӯз ба онҳо мӯҳлат додаем. Баъди 10 рӯз маълум мешавад».
Тавре дар оғози матлаб ҳам қайд кардем, чун ташхис аз ҷониби Хадамоти сӯхторнишонии шаҳри Душанбе то ҳол ба анҷом нарасидааст, дар бораи омилҳои сӯхтор зиёд ҳарф задан мушкил аст. Аммо, ҳарчи ки набошад, бояд он расман тасдиқ гардад ва ба омма расонида шавад. Зеро коршиносон бар ин ақидаанд, ки ин ҳодисаи бори аввал ба коми оташ рафтани бозор нест ва шояд сабабҳояш чун дигар сӯхторҳо норӯшан боқӣ монад. Албатта, онҳо ба мисол, сӯхторҳоеро аз қабили оташсӯзӣ дар бозорҳои «Корвон» ва «Шоҳмансур» зери назар доранд.
Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Комментариев нет:

Отправить комментарий