суббота, 11 августа 2012 г.

Зиёд шудани сафи донишомӯзони тоҷик дар хориҷи кишвар


Наздики 60 нафар донишомӯзони тоҷик тибқи барномаи TM-International ба хориҷи кишвар барои таҳсил мераванд. Дар ин бора ба мо Мушаррафа Абдуллоева - масъули ширкати TM-International хабар дод.

Тибқи иттилои Мушаррафа Абдуллоева, ширкати TM-International донишомӯзони тоҷикро ба донишгоҳҳои бонуфузи дунё барои таҳсил мефиристонад.
Ӯ мегӯяд: “Ширкати мо аз соли 2008 то ин ҷониб зиёда аз 400 нафарро барои таҳсил ба донишгоҳҳои Малайзия фиристода, инчунин бо донишгоҳҳои бонуфузи дунё низ шартнома дорад”.
Ба гуфтаи ӯ, бо талоши ширкати TM-Internation 11-уми июн намояндагии коллеҷи Британияи Кабир - Spinnaker-College дар Душанбе ба фаъолият оғоз намуд ( http://en.spinnakercollege.tj/ ), ки наздики 200 донишомӯз дар ин ҷо забони англисӣ меомӯзанд.
- Дар ин коллеҷ 5 муаллими хориҷӣва 5 муаллими беҳтарини пойтахт ба донишомӯзон дарс мегӯянд. Коллеҷи мо дар ду баст фаъолият намуда, забономӯзон ҳар рӯз 3-соатӣ ба забономӯзӣ машғул мешаванд,- афзуд ӯ.

Аҳлиддин САЛИМОВ


------
Contact us
Spinnaker College Tajikistan
Address:
734042, TM-International Plaza, Pulodi 28, Dushanbe city
Republic of Tajikistan

Telephone: +992 372 21-42-33, +992 934 24 42 33

Information: E-mail: info@spinnakercollege.tj, info@tm-intel.com

Комментариев нет:

Отправить комментарий