суббота, 8 сентября 2012 г.

Сипаҳсолори Панҷшер...


Аҳмадшоҳи Масъуд, сипаҳсолоре, ки назирашро таърихи кишвари Афғон надидааст...

Ӯ ягона пешвое буд, ки ғайр аз сулҳ ва нусрати Ислом ҳадафе надошт ва ҳамин роҳу пайкораш буд, ки душманонаш ӯро ба шаҳодат расониданд. Ӯ худро тоҷик нагуфт, гарчанде тоҷики асил буд ва аз дигарон худро табъиз намекард ва худро аз хоки Афғон медонист... Аз соли 1971 дар ҷиҳод буд. Охири солҳои 1970-ум Ҷумҳурии исломии Афғонистон демократӣ шуд. Аҳмадшоҳ аввалин нафаре буд, ки дифоъ аз динаш намуд ва бар зидди ҳукумати абарқудрати Шӯравӣ ҷангид...

...Тоҷику пуштуҳо ду дасту ду чашму ду гӯши як бадананд. Ва Афғонистон замини бумии ин ду мардуманд. Нақшаҳои бадхоҳонаи душман ин дастҳоро ба ҳам печонид ва дастро аз бадан ҷудо кард. Ин даст бо аз даст додани Аҳмадшоҳ берун шуд. 

Ҳаминак 11 сол аз марги ӯ сипарӣ гаштааст. Афғонистон оғуштаи хун аст. Дастҳо ҷудо. Гӯшҳо кар ва чашмҳо кӯранд. Ин мардум дигар он мардуми қаблӣ нестанд. Ба ҳар либос вориди ҷанганд. Яке Алқоидаву дигаре Толибон худро муаррифӣ карда сеюмӣ дар либоси салафию алафию дигару дигар... худро аз мубаллиғини дини Ислом ҳисобида ҳаммиллату ҳамдини худро ба қатл мерасонанд ва аз ин ифтихор менамоянд...

Барои онон вазъро чунон тарҳрезӣ намудаанд, ки ҳаммиллати ман, ҳамдину ҳаммазҳаби ман, ҳамсояи ман бо зану фарзанди худ дар хонаи худ ба қатл расонида мешаванд... Боз бо дасти худ!

...Имрӯз бояд кишвари Афғонистон гаҳвораи тамаддуни исломӣ дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ мешуд, вале ба ҷойи ин Афғонистонро бо истеҳсолкунандаи маводди мухаддир маъмулу машҳур кардаанд. 

Ҳиҷ кӯшише накардам байте бингорам. Ин ду мисраъ, мисраи шогирдона ва холисона барои шахсияти нодири асри муосир Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Ӯ на фақат барои ман, балки барои садҳо ҳазор тоҷику паштун марди идеал аст: 


Панҷшер баъди ту дигар Шере надидааст!
Ку модашере, ки чун ту Шере биоварад?

Рӯҳат шод бод абармарде, ки лоиқи ифтихорҳоӣ! 
Аҳлиддин Салимов

Комментариев нет:

Отправить комментарий