четверг, 4 октября 2012 г.

Чаро зиндабузургон нашиносем?


Ба қавли худи устод ӯ охирин "динозавр"-и замони Шӯравӣ аст...
Дар мавриди таъсиси сомонаи устод бо худи эшон сӯҳбат доштам. Ӯ бисёр моил аст, ки сомонае дошта бошад, аммо...

Аз аҳли зиё касоне ангуштшуморро устод Ҳошим Гадо меписанданд ва эҳтиромашон доранд, ба вижа аз Акбаралӣ Сатторов, раиси ИЖТ, хеле ва хеле розӣ ҳастанд. 
Ҳошим Гадо дар бораи ӯ (А. Сатторов) бо самимияту  меҳрубонӣ мегӯяд: "Ӯ барои ман падар аст! Ба хотири ин ки дар ин рӯзгорони дарҳаму барҳам, борҳо мададу ёриҳо дидаам, ки фақат падарон метавонанд чунин пуштибонӣ кунанд, биноан, ба ин вожаи  бузургмафҳум, яъне "падар" ба ӯ хитоб мекунам. Ҳарчанд ӯ солҳо аз ман кеҳтар аст". 
Аз устод- Ҳ. Гадо пурсидам: Устод! "Падаратон" бо номи Шумо сомонае таъсис медиҳад?".
Гуфтанд: "Падарам" гоҳо ба иллати фаромӯшхотирӣ ё зиёдкорӣ... 
Гуфт: Ман бисёр мехоҳам сомона дошта бошам.  Балки, хосторам, ки беҳтараст дӯстоне аз аҳли қаламу ҳунар ба таъсиси сомонае бипардозанд.
Ва боз ҳам гуфтанд: Оё ғайр аз Акбар касе дигар метавонад ё мехоҳад барои ман сомона бисозад?!
Гуфтам: Бале, ҳар кас, ки пул дораду  ба илм, санъат, соҳибилмону ҳунармандон  ишқ биварзад. Ва метавонад  дар ин роҳи хайр корнамоие аз худ  ба мерос гузорад. Дар он сурат муваффақ мешавад, ки номи худу он бузургонро зинда нигоҳ дорад.  Ба ин амали хайр пояи илму маданияту санъатро барои ояндагони ин кишвар решадортар ва устувор гардонад.
Дигар хомӯш монд. Аз чеҳрааш хондам, ки хеле мутаассиф буд. Ҳарфе назад, аслан, нахост ҳарф бизанад. Маъюс қадам зад ва рафт...
Зимнан, бояд ёдовар шавам, ки ғамгинӣ ва  маъюсии Ҳошим Гадо ҳам ҷой дошт. Бидуни Худоҳофизиашон аз ҳамсӯҳбатон моро нороҳат накард. Чаро ки ҳаққаш буд. Бад-ин мазмун ки: 
Чанде пеш сомонаи устоди марҳум Муҳаммадҷон Шакурӣ бо напардохтани ҳаққи солонаи хостинг баста шуд. Ин ҷониб дар сафҳаи иҷтимоии Фейсбук дар хонаи "Забони порсӣ" аз дӯстон ва мухлисони марҳум даъват кардам, ки барои барқарор намудани ин сомона тасмиме бигирем. Яке аз узви ин хона навишт, ки ин сомона 82 доллари амрикоӣ бидеҳкор аст ва ба ҳамин иллат бастаанд... Хушбахтона, сомонаи мазкур муҷаддадан, фаъол шуд. Аз фаъолкунандагон муташаккирем...
Бароям то алъон номаълум аст, ки дубора ин сомонароро Вазорати фарҳанг фаъол кард ё касе аз дӯстон?   Агар Вазорати фарҳанг ин амри хайрро анҷом дода бошад, чӣ хушу чӣ хуб! Таманно дорем, ки аз ин ба баъд ҳам ба бунёди сомонаҳои касони маъруфу машҳури ин кишвар бипардозад ва сарпарастии сомонаҳоро низ доиман, бар ӯҳдаи кормандони ин идораи фарҳангӣ бигузорад.







Комментариев нет:

Отправить комментарий