четверг, 20 марта 2014 г.

Мушоҳада

Қрим ва ормонҳои миллӣ!
Қрим ва нодорӣ!
Қрим ва бечорагӣ!
...
Чаро Қрим навиштам?
Ба назарам ин Майдон буд ки имсол ба мардуми тоҷик барқро барвақтар барои чанд рӯзе доданд...
... Аз тариқи нақлиёт вақте кор меомадам ду марди солхурдае дар бораи пайвастани Қрим ба ҳайати Русия ҳарф мезаданд. Маълум буд аз ин хушашон омада буд. Ба ҷуръатҳои Путин аҳсант мехонданд. Ба мардуми ғаюри рус...
Як ҷумлае гуфтанд, ки зеҳни маро ҳанӯз банд кардааст. "Агар Тоҷикистон низ ба Русия пайвандад шароити мо хуб мешавад. Мардуми рус намегузорад барқ як лаҳза қатъ гардад. Мардуми рус дар медицина "абразавания" сахтанд. Бачоҳои мо азобшон кам меша. Рафта кор мекнанд..."
Имрӯз дар ҷаҳон халқиятҳое мавҷуданд, ки орзу доранд кишвари худашонро дошта бошанд ба мисли курдҳо ва ғайра...
Тангдастӣ, муҳоҷарат, шароити нокофии иҷтимоӣ боис шудааст мардум дар мавриди нобудии кишвараш бо номи Тоҷикистон аст!

Комментариев нет:

Отправить комментарий