среда, 1 октября 2014 г.

Домулло Худойбердӣ даргузаштанд

Домулло Худойбердӣ, аз рӯҳонии маъруфи тоҷик, ки тӯли зиёда аз 30 сол дар Шӯрои уламо дар Шӯъбаи фатвои Маркази исломшиносии Тоҷикистон кор мекарданд, даргузаштанд.

Солҳои ахир аз Шӯрои уламо даст шуста буданд. Ва гуфтанд, ки аз шиносу ношиносҳо ҳамарӯза барои мушкилоти хонаводагиашон дарашонро мекӯбанд ва дасти имдод металабанд барои барқарории зиндагии оилавиашон.

Зиндагиашон фақирона буд... мисли ҳар олими поквиҷдони тоҷикистонӣ. Шароити хонаашон хеле оддӣ буд. Барои мардум дастрас буданд. Мисли баъзеҳо "чарх"-и ҳукм дар дасташон набуд! Мағрур набуданд!... Баъзеҳоро мо мушоҳада мекунем, ки тамаъ доранд. Ё умед ба кисаи мардум доранд... Як шахси комилу фозил дарёфтабудамашон!


Дар як сӯҳбати кӯтоҳ шикоят карда буданд, ки муллоҳои имрӯза бе ҳеҷ донистани аҳкоми шариъати исломӣ дар масъалаи талоқ ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.


Ва ин иштибоҳ боис мешавад ҳазорҳо зан бева ва ҳазорҳо кӯдаки дигар ятим гарданд.Ҳамчунин тибқи мазҳаби Имоми Аъзам кор намегиранду аз бемазҳабӣ фатвоҳои "ҳалолаву..." дода Исломи покро дар чашми пайравонаш нопок нишон диҳанд.


***


Кашмакашҳои рӯзгор даст намедиҳад, то бо ин бузургворон бинишиниву аз гуфтору рафторашон дарси ибрат бигирӣ...


Ман ҳеҷ нафарро мислаш надидаам, ки ба Паёмбар (с) ишқу муҳаббат дошта бошад...Номи Паёмбар (с) ва ҳазрати Ҳусайнро мегирифтанду мисли кӯдак мегиристанд...Надидаам...


Як рӯз аз ман хоҳиш карданд, ки чанд шеър ва ёддошт доранд ба устод Сайидюнуси Истаравшанӣ расонам. Ман гуфтам, ки устод Сайидюнусро намебинам ва дар Тоҷикистон нестанд. Гуфтанд, ки аз тариқи компютер ба эшон бифиристед. Хуб, гуфтаму ин хоҳишашонро иҷро кардам...


Афсус, ки як марди хубро баъди маргаш меситоем ва пушаймон аз он мешавем, ки дар ҳузурашон кам будем.


Худо раҳмату мағфират гардонад ин донишманди тоҷикро! Омин!

Комментариев нет:

Отправить комментарий