вторник, 9 мая 2017 г.

Ҷанг ҳамеша бад аст!


Ҷанг ҳамеша бад аст! 

Талафот мехоҳад,
Падарбузургам иштирокчии ҷанг буданд. Ва таъсири ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷанг буд, ки умри зиёде надиданд. Фарзандонаш ятим гаштанд ва камтарин хотираеро аз падарашон ба меърос бурданд.
Ҳамин боис шуд, ки мо аз чеҳраи нуронии бобо маҳрум мондем. Ҳаргиз лафзи “бобо” гуфтан бароямон насиб нагашт.
Падарам нақл мекунанд, ки дар Украина ва Русияи имрӯз бобоям ҷанг кардаанд ва борҳою борҳо ҷароҳат бардошта дубора ба фронт рафтаанд. Ҳаминтавр то соли 1947 баъди итмоми ҷанг ҳам дар Олмон буданд.
...
Ин саҳнаҳо аз қавли падарамро замоне пеши назарам такроран дидам, замоне буд ки барои иштирок дар як конференсия моҳи феврали соли 2016 аз тариқи Русия ба Молдова рафта будам.
Шуруъ ба тайёраи русӣ нишастан муносибати дағали зани руси “стюардесса” ва ҳамчунин ба замин нишастани тайёра ба фурудгоҳи Екатеринбург муносибатҳои "дустона" -и кормандони фурудгоҳ, арзиши фарзанди як ҷонбохта дар ҶБВ буданро фаҳмидам.
Дар фурудгоҳ як гуруҳ тоҷиконро ба атрофе бурда шиносномаҳояшонро гирифта ба утоқе бурданд ва ҳаминтавр шунидам ки аз онҳо пул гирифта барои ворид шудан иҷозат доданд.
Шиносномаи маро ҳам гирифтанд. Ба он хотир, ки дар шиносномаам раводиди ИМА вуҷуд дошт.
1 соат тул кашид ва ду нафар яке бо либоси низомӣ дигаре бо либосӣ мулки оғоз карданд ба пурсиш, ки кияму куҷо меравам ва барои чӣ дар Амрико будам ва ва ва ...?
Билохира баъди 2 соати пурсиш вориди фурудгоҳ шудам. 
Ин охирин пурсиш набуд. Лозим буд аз тариқи фурудгоҳи Екатеринбург ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав парвоз кунам ва пасон ба Молдова...
Дар Домодедово дубора ба ман руи “хуш” нишон доданд. Ба утоқе роҳнамоӣ карданд, ки ғайри ман он ҷо ду тоҷик, яке ҷавонписар ва дигарӣ ҷавондухтар бо либоси аврупоӣ буд.
Баъди 10 дақиқа ду бонуи қирғиз ва як қазоқдухтар ки аз тариқи Русия ба Туркия сафар мекарданд омаданд. 
Қабл аз тоҷикон се бонуи қирғизу қазоқро ҷавоб доданд ва мо зиёдтар аз 1 соат он ҷо мунтазир будем. Мо тоҷикон ба онҳо гуфтем, ки ба парвоз дер мекунем ва тезтар бубинанд. Вақте дарро пӯшидем аз дохил садои “чурки” шунида шуд...
Ҳамон ҷо буд, ки қаҳрамонии бобоям дар ҷангро пеши назарам овардам... Бобоям аз таъсири таркиш ва... ангуштонашро аз даст дода буд. Дастону пойҳояш низ ҳаракати дурусте намекардааст. 
Ба бобоям шиква карда гуфтам: Бобоҷон ту ба он хотир аз инҳо ҳимоят кардӣ, ки фардо фарзандонат таҳқир шаванд? 
 ...
Ин ҷудоиандозиҳо, бадбиниҳо, пастзаданҳо, ҳақиршумурданҳои тоҷикон, фарқ гузоштани халқиятҳо то кай идома хоҳад дошт? 
Бобоҳои мо Ватани бузурги Шӯравиашон ва Русияи имрӯзиро аз фашизм наҷот доданд, бехабар аз ин ки фашистҳои рус (скинхедҳо) баъди чанд даҳсола наберагони онҳоро сар мебурранд ва ба зодгоҳашон мефиристанд....
Иди ғалаба муборак!


Соли 2016

Комментариев нет:

Отправить комментарий