понедельник, 21 февраля 2011 г.

Нигаронии Омрико аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон

Намояндаи Омрико дар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) вазъияти озодии баён дар Тоҷикистонро башиддат нигаронкунанда хондааст.
Айан Келли гуфтааст, ки дар ин кишвар дар муддати кӯтоҳе чанд расонаи мустақил, аз ҷумла, нашрияҳои "Пайкон" ва "Миллат" ба додгоҳ кашида шудаанд ва сардабири як нашрия шадидан латукӯб шудааст.

Оқои Келли зимни суханронии худ дар ҷаласаи кишварҳои узви САҲУ, ки рӯзи 17 феврал доир шуд, аз мавориди густардаи нақзи озодии баён дар чанд кишвари узви ин созмон интиқод кардааст.
Вай афзудаст, ки дар даҳ рӯзи ахир дар бархе аз ин кишварҳо иддае аз хабарнигорон бо иттиҳомоти ҷаълӣ зиндонӣ шудаанд, ба додгоҳ кашида шудаанд ва боздошт ва ё ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
"Бо баҳонае ба додгоҳ"
Намояндаи Омрико дар САҲУ ҳамчунин гуфтааст: "Замоне, ки афроди ҷинояткор озодона метавонистанд "ақлҳоро" таҳти фишор қарор диҳанд, гузаштааст ва нодида гирифтани ин гуна аъмол барои ҳеч як аз кишварҳои мо, ки паймони Ҳелсинкиро имзо кардаем, қобили қабул нест."
Айан Келли гуфтааст, ки аз миёни кишварҳои узви САҲУ вазъияти озодии баён бавижа дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст ва дар ин ҷо бо баҳонаҳои андак намояндагони расонаҳои мустақил ба додгоҳҳо кашида мешаванд.
Оқои Келли ба унвони мисол аз Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ ва муассиси нашрияи "Пайкон” ёдовар шуда ва афзудааст, ки сардабири нашрияи "Пайкон” ва раиси ин марказ танҳо барои "иваз кардани дафтари кории худ" ба додгоҳ кашида шудааст.
Аҳлиддин Салимов
Оқои Салимов ин рафтори посбонҳои додгоҳро мавонеъ дар роҳи озодии баён унвон кард
Ҳамчунин, оқои Келли аз ҳамла ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири 60-солаи нашрияи "Наҷот” ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ёдовар шуда ва ин ҳамларо маҳкум кардааст. Вай гуфтааст, ки вазъи оқои Сайфуллозода ҳанӯз ҳам вазнин аст.
Ин намояндаи Омрико маҳкум шудани "Миллат", нашрияи дигари мустақил ба пардохти ғаромат ба вазорати кишоварзӣ дар додгоҳро низ нишонае аз фишор бар расонаҳо унвон кардааст.
Нигаронии намояндаи Омрико дар САҲУ дар ҳолест, ки тайи ду рӯзи ахир муҳокимаи ҳафтаномаи мустақилли "Пайкон” ва Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста сурат мегирад.
"Аз боло фармон шудааст"
Рӯзи ҷумъаи 18 феврал бо вуҷуди пофишориҳо барои ворид шудани хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба мурофеъаи додгоҳи молики нашрияи "Пайкон", дарҳои вурудии додгоҳ ба рӯйи хабарнигорон баста шуд.
Хабарнигорони тоҷик
Хабарнигорон беш аз як соъат мунтазири дарёфти иҷозаи вуруд ба додгоҳ буданд
Се посбони ин дари вурудӣ, аз ҷумла Алимардон Шамсов, аз ворид шудани хабарнигорон ба толори мурофеъа монеъ шуданд. Яке аз ин посбонҳо дар бораи далели мамонеъат аз ворид шудани хабарнигорон ба додгоҳ гуфт, ки "аз боло фармон шудааст" ва дарро ба рӯйи онҳо баст.
Машкура Содирова, қозии парванда, ба хабарнигорон гуфт, ки "ҷониби шокӣ аз вай дархости ворид шудани хабарнигорон ба мурофеъаро накардааст". Ба гуфтаи вай, ҳамчунин муҳокимаи имрӯзи додгоҳ хеле кӯтоҳ будааст, ҳарчанд вай иқрор кард, ки мурофеъа "пушти дарҳои баста" анҷом нашудааст.
Аҳлиддин Салимов, хабарнигори нашрияи "Пайкон”, мегӯяд, ки ду рӯз боз наметавонад ба мурофеъа ворид шавад. Ин хабарнигори ҷавон мамонеъат аз ворид шудани хабарнигорон ба додгоҳро нақзи озодии баён дар Тоҷикистон унвон кард.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ таҳти раёсати Машкура Содирова рӯзи аз рӯзи панҷшанбеи 17-ми феврал ба баррасии баҳси Вазорати адлия ва молики нашрияи мустақилли "Пайкон” пардохт.
Намояндагони вазорати адлия
Намояндагони вазорати адлия аз сӯҳбат бо хабарнигорон даст кашиданд
Вазорати адлия Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ ва муассиси нашрияи "Пайкон”-ро барои расман мутталеъ насохтани ин вазорат аз тағйири макони бюро ин ниҳодро ба додгоҳ кашидааст.
Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмони ғайридавлатӣ ва сардабири нашрияи "Пайкон”, гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдоми Вазорати адлия эҷоди маҳдудият дар фаъолияти ҳафтаномаи "Пайкон” аст, ки дар пайи чопи матолиби и нтиқодӣ дар бораи ин вазорат сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Вазорати адлияи Тоҷикистон аз посух ба суолоти хабарнигорон дар ин маврид даст кашиданд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий