Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Чунонки дар фармон омадааст, ин хадамот бо мақсади ташкили низоми ягонаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис меёбад. Хадамоти мазкур дар заминаи сохторҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагии ин вазорат оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Русия ва сохторҳои дахлдори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати ин вазорат ташкил дода мешавад. Аммо дар ин замина суоле посух мехоҳад, ки:
Саидов УМАРАЛӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе:
- Таъсиси ҳар гуна хадамот барои муҳоҷирон ба фоидаи муҳоҷирон нест. Ман худам дар Федератсияи Русия будам ва медонам, ки чӣ корҳо он ҷо мешавад ва чӣ азобҳост. Ин хадамот танҳо ба фоидаи коргарони он аст. Маблағи буҷа беҳуда сарф мегардад. Сафорат дуруст кор кунад, зарурати таъсиси ҳеҷ гуна хадамот намемонад.
Ҷӯра ЮСУФӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Варорӯд»:
- Бо назардошти он, ки қариб як миллион аҳолии кишвар муҳоҷири «касбӣ» ҳастанд ва беш аз нисфи хонаводаҳои ҷумҳуриро мехӯронанду мепӯшонанд, онҳо кайҳо хадамот чи, ки ВАЗОРАТ-и худро бояд медоштанд. Ба ҳар ҳол, ин хадамот агар тавонад дар доираи салоҳиятҳои хеш аз ҳаққи муҳоҷирон дифоъ кунад, дар оянда шояд ба вазорат табдил ёбад. Акнун посухи банда мушаххасан ба савол: Оре, метавонад, агар кормандонашро дар дохилу хориҷи кишвар аз шахсони масъулиятшинос ва меҳанпарасту миллатдӯсти ҷасур интихоб кунад. Аммо муҳоҷирони мо махсусан дар Русия он қадар мушкилот доранд, ки умдатаринашон бояд дар сатҳи олии давлатӣ ҳаллу фасл шаванд.
Мирҳусейн НАЗРИЕВ, коршиноси масоили сиёсӣ:
- Асалан, агар эътибор дода бошед, то ҳол нисбати муҳоҷирон аз ҷониби давлат таваҷҷӯҳ ё ғамхории ҷиддие набуд. Ҳол он ки, маҳз кӯмаки маблағҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз буҷети мамлакат дар баъзе солҳо зиёдтар буд. Таъсиси ин хадамотро фоли нек меҳисобем, вале гумон мекунем, ки бояд пеш аз ҳама ин хадамот ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷири моро дифоъ кунад. Чунки дар ҳар қадам дар кишвари Русия зери истинтоқ қарор мегиранд муҳоҷирон. Бинобар ин, кори аввалиндараҷаи ин хадамотро ман дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони тоҷик мебинам, ки ҳамчун муҳоҷир дар кишварҳои хориҷ иқомату кор мекунанд. Мутаассифона, сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз ӯҳдаи иҷрои талабот ё муроҷиатҳои шаҳрвандон намебарояд. Дар мавзӯъҳои мухталиф бо муҳоҷирон сӯҳбат мекунем ва онҳо мегӯянд, ки мо ба сафорат муроҷиат кардему ҳатто ҷавобе нашунидем. Ин хадамот пеш аз ҳама бояд вазифаҳои худро дошта бошад. Ва ин вазифаҳоро ман пеш аз ҳама дар дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мебинам.
Мунаввари МУНАВВАРЗОД, коршиноси масоили иҷтимоӣ:
- Фикр мекунам, ки таъсиси ин хадамот барои чанд нафар маошу вазифа медиҳад, вале вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва мардикорони тоҷикро беҳтар намекунад.
Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, раиси созмони «Преспектива+»:
- Ҳар як структурае, ки ҳукумат ташкил мекунад, бо мақсаде таъсис меёбад. Ман фикр мекунам, ки агар Кумитаи мустақиле таъсис медоданд, хуб мешуд. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳое дорад, ки дар ин ё он самт сиёсати давлати Тоҷикистонро пеш мебаранд. Дар дигар масъалаҳо, вақте ки масалан вазоратҳо ё кумитаҳо ҳастанд, сиёсати онҳоро пиёда мекунанд.
Агар Кумитаи алоҳида мешуд, ҳамаи он ҳуқуқу вазифаҳое, ки ба сохторҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дода мешуд, дар ҳамон кумита бояд якҷоя карда мешуд. Яъне, як системаи муттамарказ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ таъсис меёфт.
Мо медонем, ки дар бисёр давлатҳо Вазорати муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд дорад. Масалан, қирғизҳо як кумита ташкил карданд, ки хеле хуб кор мекунад. Ба воситаи ин кумита бисёр масъалаҳояшонро ҳал кардаанд.
Ҳоҷимуҳамад УМАРОВ, иқтисоддон:
- Гап сари он аст, ки ин хадамот чӣ гуна кор мекунад? Аз ӯҳдаи вазифае, ки дар наздаш гузошта шудааст, яъне танзими муҳоҷират, мебарояд ё не? Дар он ҷо бояд шахсони нисбат ба муҳоҷират диди нав ва дуруст дошта бошанд. Баробари 65 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муҳоҷирон пул ворид мекунанд. Ин масъалаи сода нест. Барои он ки вазъият боз ҳам беҳтар шавад, мебоист вазорат таъсис ёбад.
Каромат ШАРИПОВ, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик:
- Дар кадом ташкилот ё ин ки хадамот масъала тавассути кадрҳое ҳалли худро меёбанд, ки ба ин сохтор пешниҳод мешаванд. Масалан чаро кори консулгарӣ пеш намеравад? Сабабаш хешутаборчигии роҳбарони сафорат аст. Дуюм ин ки, ҳеҷ вақт муҳоҷир ба кормандони давлатӣ муроҷиат намекунад. Сабаби ин - муомилаи бади кормандони дипкорпус аз инсонгарӣ берун аст.
Дар Русия 4 сол боз Хадамоти муҳоҷирати назди ВКД Тоҷикистон амал мекунад. Чаро ин пагондорон аз ӯҳдаи кор набаромаданд? Ҳарчанд барои ҳар корманди милиса ба андозаи 1200 доллари амрикоӣ маош ҷудо карда шудааст. Ин гувоҳ аст, ки мардони фиристода ҳисси миллӣ надоранд. Ташкилоти нав бояд кадрҳои тоҷики муқими Русияро ба ин хадамот пешниҳод кунад. Мо аз тарафи худ тайёрем дасти ёрӣ бирасонем, агар роҳбари ин хадамот хоҳиши сари миз нишастан дошта бошад.
Боварӣ дорам, ки дар сиёсати имрӯзаи Тоҷикостон ин хадамот кори пештараи сафоратро пеш хоҳад бурд. Яъне, зиёдтар дар байни ҷамъиятҳо зиддият даровардан. Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ин ягона ҷамъияти умумирусиявӣ мебошад ва ҳеҷ гоҳ ба хатоҳое, ки аз тарафи намояндаҳои давлат содир карда мешавад, бо чашми пӯшида назар карданӣ нест. Мо тайёрем аз тарафи худ ба кормандони ин хадамот дарси одобро биомӯзем.
Қосими БЕКМУҲАММАД, коршиноси масоили минтақавӣ:
- Таъсиси Хадамоти муҳоҷиратро қабл аз ҳама бояд ба ин маъно фаҳмид, ки давлат тасмим гирифтааст, то дар танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва ҳаллу фасли масоили мавҷуд дар ин арса беш аз гузашта саҳм бигзорад. Иҷрои ин ҳадаф қабл аз ҳама ба он марбут хоҳад буд, ки оё дар кишвар сиёсати саҳеҳ ва ҳадафманди давлатӣ дар заминаи муҳоҷирати корӣ вуҷуд дорад? Ва агар вуҷуд дорад, пас оё иҷрои ин сиёсат ба дӯши ашхоси кордону мутахассис гузошта шудааст?
Фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар чанд моҳи оянда худ ба ин пурсишҳо посух хоҳад гуфт, вале ҳоло ин нукта ҷои шакку тардид надорад, ки муҳоҷирати корӣ дар кишвари мо ба таври номуназзам сурат мегирад ва ба истиснои чанд дарсади маҳдуди муҳоҷирон, ки ниҳодҳои расмӣ дар таъмини ҷойи кор барояшон кӯмак мекунанд, боқии ин лашкари пуршумор бояд худашон ба фикри пайдо намудани маҳалли кор дар хориҷ аз Тоҷикистон бошанд. Яъне садҳо ҳазор муҳоҷири кории мо ба ин далел, ки аз роҳи хусусӣ ва ғайрирасмӣ дар хориҷ ва бавижа дар Русия ба кор машғул мешаванд, аз ҳуқуқу имтиёзҳои шаҳрвандӣ ва иҷтимоӣ маҳруманд. Дар мавриди зоеъ шудани ҳаққи бахше азим аз муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия ва ба ҳар далеле мавриди таъқибу фиреб ва таҳқиру тавҳин қарор гирифтани онҳо, имрӯз натанҳо расонаҳои мо, балки худи русҳо низ зиёд мегӯянд. Ва қишрест, ки бо таҳаммули ин ҳама, бузургтарин саҳмро дар таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мегузорад.
Омори расмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия 700 ҳазор нафар нишон медиҳад, вале тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар 11 моҳи соли гузашта маблағи 2,1 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Агар аз ҳисоби ҳаволаҳои бонкии моҳи декабр 150 миллион доллари дигарро рӯи 2,1 миллиард доллар гузорем, маблағи 2 миллиарду 250 миллион доллар ҳосил мешавад. Аз тақсими саронаи ин маблағ ба 700 ҳазор нафар муҳоҷири корӣ, 3214 доллар ба даст меояд ва аз гумон дур аст, ки ҳар нафари муҳоҷир солона қудрати ирсоли чунин маблағеро ба Тоҷикистон дошта бошад. Пас мантиқан теъдоди воқеии муҳоҷирони кории мо бамаротиб зиёдтар аз ин хоҳад буд, ки ин мавзӯъ масъулияти Хадамоти муҳоҷиратро хеле бештар мекунад.
Акнун рисолати ин ниҳоди нав аст, ки бо кишварҳои хориҷӣ ва қабл аз ҳама бо Русия раванди муҳоҷиратро ба гунае танзим кунад, ки ҳузури ҳар муҳоҷири корӣ дар ин кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва қарордодӣ дошта бошад ва ҳуқуқи шаҳрвандиву манофеъи иҷтимоъияш риъоят гардад. Яъне намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷират бояд дар танзими қарордодҳои корӣ, иҷрои дақиқи онҳо аз тарафи корфармоён, бахусус мизони маош, таъйини ҳаҷм ва соати кор, муҳити амн ва муносиби корӣ, бима ё суғуртаи иҷтимоъии муҳоҷирон ва ғайра ба сурати мустақим саҳм бигиранд. Ин мавзӯъи бисёр муҳим буда, ҳузури сохтори давлатии Тоҷикистон дар он барои муҳоҷирон рӯҳия ва эътимод ба нафс хоҳад дод ва ҷиҳати шинохти ҳуқуқашон ба онҳо кӯмак хоҳад кард. Албатта, мусаллам аст, ки заминаи касби тахассуси хос, омӯзиши забони кишвари ҳадафи муҳоҷират ва афзоиши дониши ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ бояд дар худи Тоҷикистон фароҳам карда шавад, ки умед аст ин арса низ бо меҳварияти нақши ин Хадамот ва ҳамкории дигар сохторҳои марбутаи кишвармон метавонад тағйир ёбад.
Омодасоз Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ
Комментариев нет:
Отправить комментарий