суббота, 11 августа 2012 г.

Ҷумъа Толиб, марди Худову ҳақиқат буд


Аҳлиддин дар бораи устоди худ марҳум Ҷумъа Толиб мегӯяд, “Ӯ марди Худову ҳақиқат буд; мардонавор аз марг истиқбол кард ва ба сӯи Худо шитофт.”

Рӯзноманигори маъруф Аҳлиддин Салимов, нахустин меҳмони “Бепарда” аст. Гуфтугӯи бепардаи Кимиёи саодат бо ӯ, дар бораи устодаш марҳум Ҷумъа Толиб аст. Бидуни муқаддима, машрӯҳи гуфтугӯ бо ӯ пешкаши хонандагони азизамон мешавад:
- Ҷаноби шумо аз кай марҳум оқои Ҷумъа Толибро мешиносед?
- Ман аз солҳои 2006 ғоибона он бузургворро мешинохтам. Вақте дар бораашон аз тариқи ВАО менавиштанд яъне соли 2006, ки марҳумро ҳабс карда буданд. Баъдан солҳои 2008-2009 нашрияи “Фараж”-ро ба хотири навиштаҳои Ҷумъа Толиб мехондам. Ҳамин тавр соли 2009 ҳамкурси эшон – Пӯлод Нуров, ки ҳаққи устодӣ ба ман доранд, маро бо эшон шинос намуданд ва ҳамкории мо оғоз шуд.
- Дар нашрияи “Пайкон”?
- Кори ман дар “Пайкон” соли 2009 оғоз шуд. Аз шумораи 3-юми нашрия корро оғоз кардам. Вақте шумораи аввали “Пайкон”-ро дар бинои Шарқи Озод дидам ва хондам, шод гардидам. Шурӯъ аз шумораи яки ин нашрия, мавзӯъхои баҳсталаб ва мубрам чоп мешуд.
- Иллати ҳабси эшон чӣ буд?
- То ҷойе ки ман иттилоъ дорам, устодро ба хотири чоп намудани мақолаҳо оид ба ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти додситонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ зиндонӣ карда буданд. Аммо ҷойи таассуф ин буд, ки Ҷумъа Толиби соҳибқалам ҳуқуқҳояш поймол шуда 10 рӯз кам 8 моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурд. Яъне ӯро авбош гуфта, ҳабс карда буданд.
- Чӣ касоне эшонро ба ин рӯз гирифтор карданд? Метавонед каме бештар тавзеҳ диҳед ва бидуни мулиҳизаи ину он масъаларо рӯшан кунед?
- Ҷумъа Толиб ҳамон вақт дар ҳукумати ноҳияи Айнии вилояти Суғд масъули бахши маъмурӣ ва ҳамзамон ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти интизомӣ буд, рӯзи 24 моҳи апрели соли 2005 бо дастури додситони ин ноҳия дар шаҳри Душанбе боздошт гардида буд. Баъдан ба боздоштгоҳи муваққати ноҳияи Панҷакент ва сипас ба ноҳияи Айнӣ оварда шуда буд. Марҳум бештар аз ҳаммаҳалу ҳамшаҳрҳояш шиква мекард ва тамоми ин мушкилоти ба сараш омадаро аз онон медид. Иллати асосиро ман ҳамчун шогирди эшон, ки борҳо дар ин масъала сӯҳбат доштем, гуфта буданд, ки вақте ман қонуншиканӣ ва баъзе кушторҳоро таҳқиқ карда дар рӯзнома чоп мекардам, муқобилиятҳо аз ҳамон мақолаҳо сар зада буд.
- Масалан?
- Масалан, қиссаи як кӯдаки шашсоларо навишта буданд, ки ӯро кушта пора-пора карда, дар чанд қабристон гӯр карда буданд. Ин ҷиноятро кушода буданд. Ё як духтари нӯҳсоларо таҷовуз карда, ба дарё афканда буданд. Инро таҳқиқ карда, муҷримонро ошкор карда буд. Натиҷаи ин кӯшишҳояшон буданд, ки мардуми оддӣ дӯсташ медоштанд ва мегуфтанд, ки ин корашон ба мансабдорон хуш намеомад.
- Таҳқиқоти эшон ба натоиҷе ҳам мерасид?
- Бале, зиёд буд. Метавонам дутояшро ин ҷо зикр кунам. Як мақола навишта буданд бо номи “Ҳукми 12-асраву 26-сола”. Натиҷааш ин буд, ки ҳукмҳояшонро 11-солӣ кам карданд. Як мақолаи дигар дар бораи як девонае, ки ҳуҷҷат дошт, 15 сол ҳабс карда буданд. Таҳти унвони “Девона дар ҳабсхона” рӯи чоп омада буд. Баъд аз нашри он ӯро раҳо карданд.
- Чаро ин авохир, яъне қабл аз вафот, ногуфтаҳоро нагуфтанд, ё ин ки гуфтаанд ва шумо хабар надоред? Чун ҳатман ногуфтаҳое доштанд.

- Бисёри чизҳоеро ба шогирдонашон гуфтаанд ва шояд ногуфтаҳоеро ҳам бо худ бурдаанд. Мо – шогирдонашон ният дорем дафтари хотироте аз эшонро рӯи чоп биоварем ва хонандагонро ба ногуфтаҳои ӯ ошно созем. Таассуф ин ки ҷояшон холист. Майдони васеъе, ки имрӯз дар ВАО мушоҳида мешавад, холист. Ӯ бо шогирдонаш пур карда буд. Ҳанӯз мактубҳое, ки ба унвонии эшон хонандагон ирсол карда буданд дар дасти мо ҳаст. Номаҳои нокушода…
- Метавонед яке ё ду то аз ин номаҳои нокушодаро агар кушодаед ин ҷо бозгӯ кунед ба таври хулоса?
- Нома аз ноҳияи Ёвон аст, Қубодиён, шаҳри Душанбе ва ғайра. Мо номаҳоро боз накардем, чун одати мост номаи ба як нафар равон кардаро боз намекунем.
- Номаҳо ва ё гуфтаҳое ки навишта ва ё гуфтаанд, ҳол чӣ ба шумоён шогирдон ва ё афроди дигар, ҳаст, ки бароямон бозгӯ кунед?
- Номаҳое, ки барои баррасӣ фурсат набуд ва устод бистари буданд, яке аз он муроҷиати як зан буд, ки келинаш аз хонаводаи мансабдор буд ва баъди марги писараш хешовандони келинаш озораш медоданд ва корҳое нисбаташон анҷом медоданд, буд.
- Пиромуни фазои ҳоким бар ВАО ва мушкилоте, ки дар ин замина вуҷуд дорад, эшон чӣ мегуфтанд?
- Бо нашри “Пайкон” устод “қолаб”-е, ки дар ВАО вуҷуд дошт, шикастанд. Ман фикр мекунам баъди чопи мақолаҳои боҷуръатонаи “Пайкон”, ҷуръати дигарон “авҷ” гирифт. Ва мақолаҳоеро рӯи чоп оварданд, ки дигар нашрияҳо аз чопи он даст мекашиданд.
- Чаро шумо шогирдони эшон саъй намекунед “Пайкон” муҷаддадан ба нашр бирасад? Асосан мушкили “Пайкон” имрӯз дар чист? Чаро манъ шуда?
- Фазоеро барои мо сохтаанд, ки “Пайкон” чоп нашавад. Албатта, имрӯз дар нӯги қалами ҳар шогирди Ҷумъа Толиб “Пайкон” аст, пайконе, ки бо рӯҳи Ҷумъа Толиб рӯи коғаз меояд.
- Чӣ касе ин фазоро дуруст карда?
- Баҳсҳоро болои “Пайкон” оварданд ва ин як фишор ба ВАО буд. Баҳси нашрия бо Тоҷикстандарт буд, ки то ҳоло ҳам идома дорад ва болои ин бо Вазорати адлия баҳс оғоз шуда буд. Даъвояшон ин буд, ки дар вақти сабти номи ташкилот, ки дар Вазорати адлия шуда буд, нишонӣ гӯё надода бошем. Харчанд мо дар бинои нашриёти Шарқи Озод будем. Ин нашриёт аз 14 ошёна утоқи кори ҷудо карда буданд. Нишонии ташкилот асос шуда наметавонад, ки як ташкилот баста шавад. Мантиқ куқост?
- Ҳоло имкони таҷдиди нашри “Пайкон” нест?
- Албатта, вуҷуд дорад, аммо боз ҳам мушкилоти молӣ онро фарогир хоҳад шуд.
- Шумо ҷое ёдовар шуда будед, ки ҷомеаи рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон шадидан рагу бӯи маҳалгароӣ дорад ва ҳатто беш аз соири ниҳодҳои дигари кишвар, ки мутаассифона ин мараз дар ҳама ҷо дида мешавад. Ва фармуда будед, ки марҳуми Ҷумъа Толиб ин “қолаб”-ро ҳам шикаста буд. Лутфан дар ин бора каме бештар тавзеҳ мефармудед.
- Бале, ман қаблан дар бораи ба марази маҳалгароӣ гирифтор шудани бархе аз расонаҳои Тоҷикистон ишора карда будам. Аммо намехоҳам ин ҷо мушаххасан оид ба расонаи хоссе ишора кунам. Зеро ончи ки аён аст ҳоҷат ба баён надорад. Коршиносоне, ки масъули таҳқиқи ВАО-и кишваранд, бояд тамоми расонаҳои чопии ҷумҳуриро дар муқоиса таҳлилу таҳқиқ карда бароянд. Дар натиҷа худ аз худ маҳалгаро будани кадом нашрия ва то кадом андоза маълум мегардад. Албатта Худоро шукр ба баракати Ҷумъа Толиб ин мараз дар “Пайкон” мавҷуд набуд. Дар ҳафтаномаи “Пайкон”, аз муассис сар карда то фаррош, зодаи кадом минтақаи ҷумҳуриянд, инро ҳама метавонанд бибинанд.
- Хеле хуб, оё матлабе дар бораи марҳуми Ҷумъа Толиб ҳаст, ки ба назари мо нарасида ва шумо мехоҳед бозгӯ намоед? Асосан, чанд ҷумла дар бораи фазоили эшон мегуфтед.
- Яке аз фазилатҳои мардонаи Ҷумъаи Толиб он буд, ки ба хотири латма ворид нашудан ба ҳаёти шахс ҳатто бо бузургтарин душмане, ки аз ӯ айб содир шудааст, муросо мекард. Дигар фазилаташ ин буд, ки хатокор будани Бани Одамро хуб дарк мекард ва талқин менамуд, ки дар ҳоли дайн шудани ҷурми худ ҳаргиз аз узр пурсидан шарм надорем. Мо ҳоло аз пайи омӯзиш ва таҳқиқи фаъолияту эҷоди устод қфтодаем. Ва Худо хоҳад шояд баъзе ҷузъҳоеро аз рӯзгори он кас, ки ҳанӯз касе аз доираи алоқамандони журналистикаву адаби тоҷик аз он огоҳӣ надоранд кашф намуда, дар ҳамон маҷмӯаи ёдгорие, ки дар боло зикраш рафт ҷой диҳем.
- Иншоаллоҳ, амали хайре аст. Ҳоло агар аз шумо бипурсанд, ки дар ду ҷумла марҳуми Ҷумъа Толибро муаррифӣ кунед, шумо эшонро чӣ гуна таъриф хоҳед кард?
- Ӯ марди Худову ҳақиқат буд; мардонавор аз марг истиқбол кард ва ба сӯи Худо шитофт.
- Ташаккур аз гуфтугӯи бепарда ва самимӣ Аҳлиддин!
- Саломат бошед.

Комментариев нет:

Отправить комментарий