пятница, 30 июля 2010 г.

«Аввалу охир Худо!»


Соли дуюм аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон миёни наврасон ва ҷавонон озмуни «Ҳифз ва қироати Қуръони карим»-ро доир мекунад. Дар озмуни имсола писарон аз синни 4 то 25-сола иштирок карданд.
Имсол ин озмун санаи 16 ва 17-уми июл дар «Маркази равобити пойтахт» гузашт. Дар он ҳофизони Қуръони карим аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон иштирок карданд. Гуфтанист, дар озмун ҳамчунин ҳаводорону мутаваҷҷеҳони фалсафаи малакутии Қуръони карим низ ширкат карданд.
Ба ҳама маълум аст, ки мардуми мусалмон таълимоти диниро ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба фарзандонашон меомӯзонанд ва меҳри дини мубини исломро дар дили онҳо мепарваранд. Маҳз тавассути қироати хушу форами ояҳои қуръонӣ атфол ва наврасон ба китоби муқаддаси Қуръон гароиш мекунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба эътимоду имони ҷомеаи Тоҷикистон нисбати дини мубини ислом ва қироати китоби муқаддаси Қуръон, мебоист таваҷҷӯҳи расонаҳо, бахусус шабакаҳои телевизионӣ ба ин озмун бештар мешуд. Аммо мутаассифона телевизиони «Баҳористон», ки маҳз барои кӯдакону наврасон барномаҳо таҳия мекунад, аз чӣ бошад, ширкати намояндаи худро дар кори озмун дареғ дошт. Ин дар ҳолест, ки аксари мушорикони озмун кӯдакону наврасони то синни мактабӣ буданд ва баррасии ҳунару дониш ва малакаи онҳо тавассути шабакаи телевезионии «Баҳористон» ҷиҳати тарбияи маънавии атфол нақши бузург мебозид. Ба фикри ман, телевизиони мазкур бояд аз ин имконият истифода мекард ва перомуни ҳунару қобилияти нобиғаҳои хурдсол барномаҳо таҳия месохт.
Дар рӯзи аввали ин озмун Саидмукаррам Абдуқодиров, корманди масъули Дастгоҳи Президент, ки аъзои ҳайати ҳакамон буд, бо балангӯяк гуфт: «Телевизиони «Баҳористон», ҳеҷ куҷо нараванд, онҳо барои ба пуррагӣ наворбардорӣ кардани ин озмун масъуланд» ва аз ҷой бархосту ба ҷустуҷӯйи «оператор» рафт. Аз ҷониби бинандагони ин озмун садо баромад, ки «телевизион танҳо ба кӯдакон рақс карданро намоиш медиҳад?…». Ва баъдан наворбардор пайдо шуд, чанд лаҳзаро барои гузорише наворбардорӣ карду «ғайб зад».
Барои мушаххас кардани ин нукта ба раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Абдуҷалол Ализода занг зада будем. ӯ изҳор дошта буд, ки бо ҷонишини директори шабакаи телевизионии «Баҳористон» Садриддин Ҳасанзод ба мувофиқа расида будаанд, то озмун ба пуррагӣ наворбардорӣ шавад, вале бо сабабҳои номаълум намояндаи ин шабака наомадааст. Баъдан, рӯзи дуюми озмун барои наворбардорӣ студияи хусусиеро даъват мекунанд ва ин студия ба куллӣ рафти озмунро ба навор мегирад.
Тартиби кори озмун чунин ба роҳ монда шуда буд, ки нозирон мувофиқи «билет» ба довталабон суол медоданд. Довталабоне буданд, ки бо ишораи саҳфаю шумораи оят шумораи сура ва дар куҷо нозил шудани оятро мегуфтанд.
Намоиш додани чунин манзараҳои диданӣ ба рӯҳу равони инсон, бахусус хурдсолон таъсири беандоза дорад.
Телевизиони «Баҳористон» аз забони кӯдакон лаҳзаҳои шеърхонии онҳоро тариқи гузоришҳои кӯтоҳмуддат намоиш медиҳад, вале маншаи ашъори нобиғаҳои бузургро намехоҳад пурра пахш намояд. Шояд хунукназарии телевизиони «Баҳористон» ба ин озмун дар он буд, ки ба фарқ аз барномаи «Овози тиллоӣ» дар ин озмун ирсоли паёмак ё смс роҳандозӣ нашуда буд ва телевизиони мазкур аз он ҳеҷ манфиате ба даст намеовард?
«Баҳористон» аз рафти таҳсил дар мактабҳою ахлоқи ҷавонон барномаҳо таҳия месозад, вале дар бораи мактабе, ки онро мактаби Қуръон ном асту то замони таҳсили мактаби таҳсилоти ҳамагонии 11-сола нобиғаҳоеро тарбия мекунад ва онҳо номи Тоҷикистонро дар кишварҳои арабӣ боло бурдаанд, иттилои комил пахш намекунад. Имрӯз Тоҷикистону Эрон ва Миср дар омода сохтани ҳофизони хурдсоли Қуръон дар ҷаҳон дар ҷойҳои намоён қарор доранд.
Шояд телевизиони «Баҳористон» аз таҳияи чунин барномаҳо барои он худдорӣ мекунад, ки имрӯзҳо кӯдаконро аз масҷидҳо меронанд ва пӯшидани сатрро дар мактабҳои оливу миёна Вазорати маориф манъ кардааст. Шояд ба фикри раёсати «Баҳористон», дар сурати намоиш додани чунин барномаҳо «ранҷидагон» таваҷҷӯҳи бештаре ба кӯдакони Қуръонхон медиҳанд, ки бар хилофи дастури Вазорати маориф аст?
Озмуни имсола дар чор ришта гузашт:
1. Ҳифзи Қуръони карим бо риояи савту тартил ва тафсири як пораи Қуръони карим.
Ҷойи якум – сафари ҳаҷ (маблағе, ки дар ин сафар харҷ мешавад) насиби Кароматулло Шарипов шуд.
Ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ ба Ғаффоров Юсуфҷон лоиқ дониста шуд.
Ҷойи сеюм – 3000 сомонӣ ба касе даст надод.
2. Дар риштаи ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи тартил.
Ҷойи якум – 5000 сомонӣ. Ғолиби ин ҷой Абдулҳайи Мӯҳтадӣ.
Ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ. Барандаи ин ҷой Ҳомидов Ҳисомудддин.
Ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ. Ғолибаш Давлаталии Абдуғаффор.
3. Дар риштаи ҳифзи бист пораи Қуръони карим бо риояи тартил.
Ҷойи якум – 3000 сомонӣ. Ғолиб – Муҳаммад Солеҳи Рустам (6-сола).
Ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ. Ғолиб – Шарипов Ҳисомуддин.
Ҷойи сеюм – 1500 сомонӣ. Ғолиб – Абдулботини Абдуллоҳ.
4. Дар риштаи ҳифзи даҳ пораи Қуръони карим бо риояи тартил.
Ҷойи якум – 2000 сомонӣ. Ғолиб – Саша Максимов.
Ҷойи дуюм – 1500 сомонӣ. Ғолиб – Ҳоҷӣ Акбари Исмоилхон.
Ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ. Ғолиб – Билоли Шоҳмурод.
Дар маҷмӯъ 44127сомонию 89 дирам ба ғолибони озмун мукофот дода шуд.
Ба таърихи зиндагонии бузургон назар афканӣ, мебинӣ, ки онҳо дар хурдӣ аввал Қуръонро аз бар намудаанд ва баъдан ба омӯзиши илмҳои дигар пардохтаанд ва дар натиҷа нобиғаи бузурге шудаанд. Ба ин фикр такя кардам ва ба рӯҳонии тоҷик Исмоили Пирмуҳаммадзода, ки дар ин озмун иштирок доштанд, суол додам: Аз ин ҳофизон мешавад Синою Ҳофизу дигар бузургонро ба вуҷуд овард? Посух доданд, ки «умед ҳаст. Сино ҳам дар ҳамин гуна мактабҳо таълим гирифтааст. Ва иншоаллоҳ ба мисли Шайхурраис Саъдии Шерозӣ ва дигар бузургон ба вуҷуд биёянд». Дар мавриди он ки оё мо шахсиятҳое дорем ки ин «генний»-ҳоро ҷудо карда, болои ҳар яки онҳо кор кунанд? ӯ гуфт, ки агар дар ҳақиқат аз болои онҳо кор кунанд, иншоаллоҳ фозилони вақт ба дунё меоянд. Вале чун дар бораи асли мавҷудияти шахсони сарпарасту мураббӣ пурсидам, гуфт: «Аввалу охир Худо!».

Комментариев нет:

Отправить комментарий