вторник, 7 сентября 2010 г.

«Вирус»-е, ки Президентро нороҳат кард…

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари корияш ба вилояти Хатлон аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки ҷавонони дар кишварҳои исломӣ ба мадориси исломӣ ҷалбшударо баргардонанд.

ӯ гуфтааст, ки ин мактабҳо рабте ба ислом надоранд: «Бачаҳои Шумо тундгарову террорист мешаванд ва ба бадхоҳу душмани миллати тоҷик табдил меёбанд».

Ин суханронии Президенти кишварро коршиносон ҳар гуна баҳо медиҳанд.

Амонуллои Ғилзай, коршиноси бахши Покистон дар Радиои Озодӣ, гуфтааст, ки ҳудудан 10 сол пеш мардуми Покистон ба мадрасаҳои исломӣ алоқаи зиёд доштанд, вале имрӯз надоранд, зеро акнун ба онҳо шак мекунанд: «Вақте раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки бачаҳои мо ба ватан террористу тундгаро шуда бармегарданд, аксари мардуми Покистон бо фикри ӯ мувофиқанд. Даҳ сол пеш худи онҳо ин вазъро доштанд ва бисёре бехабар монданд, ки чӣ тавр фарзандонашон террористу тундгаро шуданд. Онҳое, ки дар ҳамин гуна мадрасаҳо аз Тоҷикистон мехонанд, фардо бешак тундгарову террорист шуда бармегарданд».Ин даъвати Президент дар ҳоле сурат мегирад, ки аксари ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои расмӣ ва ғайрирасмии кишварҳои араб таҳсил мекунанд. Чаро ҷавонони тоҷик рӯй ба мадориси кишварҳои арабӣ меоранд? Коршиносон ҳадс мезананд, ки вазъи соҳаи маориф коста гардида, ба ҷавонон дуруст дарс намегӯянд ва аксари донишгоҳҳои Тоҷикистон шартномаи гарон доранд, ки на ҳама имконияти хондан дар ин муассисаҳоро доранд. Ҳамин чиз сабаб мегардад, ки ҷавонон рӯ ба мадрасаҳои бемузд меоранд. Дар натиҷа ақидаашон гирифтори «вирус»-е мегардад, ки то абад нороҳаташон мекунад ва бар замми ин, боиси нороҳатии тамоми мардуму роҳбарияти кишвар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сокинони вилояти Хатлон гуфт, ки «дар мо донишкадаи давлатии исломӣ вуҷуд дорад, бигзор дар ҳамин ҷо таҳсил кунанд. Агар даркор шуд, Кумитаи дин теъдоди зарурии ҷавононро ба мадрасаҳое мефиристонад, ки мо мутмаин ҳастем дар он ҷо ҷавонон танҳо омӯзиши мазҳабӣ мебинанд».

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, падару модароне ҳастанд, ки фарзандонашонро ба хориҷа мефиристанд, аммо назорат намекунанд, ки он ҷо онҳо бо чӣ машғул хоҳанд шуд: «Мо бояд ҳамаи онҳоро баргардонем. Онҳо марҳалаи реабилитатсиониро гузаранд. Худ дар Тоҷикистон шароити кофӣ дорем. Мо набояд онҳоро бемаблағ ва надонистани ҷои таҳсилашон ба хориҷ фиристем».

Аммо Вазорати маорифи Тоҷикистон дар ин маврид омори дақиқ надорад, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, бахусус кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд. Тибқи иттилои ин манбаъ, ҳоли ҳозир 6 ҳазор нафар дар хориҷа таҳсил мекунанд, аммо расман 2 ҳазор нафар маълуманд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили динӣ мегӯяд: «Албатта, Президент пурра ҳақ дорад дар мавриди ин ва ё он масоили кишвар масъалагузорӣ кунад ва тасмим бигирад, агар салоҳ мебинад. Вале масъалае, ки зимни сӯҳбати хеш дар яке аз навоҳии ҷануби кишвар ироа дошт, ғайриинтизор ва тааҷҷубангез ҳам ҳаст. Воқеан, дар ин чанд соли охир мушкилоти ҷомеа чунон печида гаштааст, ки гумон мекунӣ давлатмардони кишвар сари ин гуна мушкилот пайваста майна об мекунанд. Аммо, вақте ин гуна сӯҳбатҳоро мешунавӣ ё ба мушоҳида мегирӣ, фикр тағйир меёбад, ки оё талоши пайдо кардани роҳи ҳал ва берун рафтан аз мушкилот дар афкори мақомот ҷой дорад ё хайр?

Банда гуфтанӣ нестам, ки мушкилот дар мавриди диндории шаҳрвандони кишвар вуҷуд надорад. Эҳтимол кадом мушкиле ҷой дошта бошад. Аммо ин мушкил асл нест, ҷузъи масъала аст ва набояд ин гуна ҷузъиётҳо аз номи Президент садо диҳанд. Президент хешро бояд поин нафарорад. Ниҳодҳои зиёде ҳастанд, ки масоилро бояд думбол кунанд. Гузашта аз ин, саволе пеш меояд, ки оё Тоҷикистон хешро ҷузъи ҷаҳони ислом намедонад? Агар иқрорем, ки ҷузъе аз ҷаҳони исломем, пас ин ҷаҳон афкор ва равандҳои мухталиф ҳам дорад. Ва ворид шудани шаҳрванди Тоҷикистон ба кишвари дигари мусалмонӣ ҷиҳати дарёфти илм як амри табиист. Оё кишваре мисли Тоҷикистон тавони қаноат кунонидани шаҳрванди мусалмони хешро бо ин тарзи низоми таълим дорад, дар ҳоле ки 99 фисади он мусалмон аст? Чаро филилали донишгоҳи кишварҳои аврупоиро таъсис медиҳем, вале аз донишгоҳеро мисли Ал-Азҳари Қоҳира ва Файсали Исломобод не? Вақте ниёз ба дарёфт ва таълими илме эҳсос мешавад, набояд тибқи манофеъ тақсимбандӣ кард ва якеро иҷоза доду дигареро не. Эҳтимол дар кадом муассисаи таълимии кишвари мусалмонӣ мударрисе услуби дигари таълимро истифода мебарад, ки муҳассил ё шогирд афкораш аз дигарҳо тағйир мекунад. Аммо инро набояд тарзе ишора кард, ки тамоми мадориси исломӣ ифротгаро ва террорист тайёр мекунанд ва кишвари мухотаби хешро иттиҳом гирифт. Пас оё меандешида бошем, ки чеҳраи кишвари мо аз ҷониби онҳо чӣ гуна менамояд? Баъдан исломи Тоҷикистонро набояд исломи монастирӣ ё калисоӣ донист. Ислом на он динест, ки дар маҳдудаи сохтор ва ё биное бошад. Наҳзати Исломӣ ҳеҷ шаҳрванди кишварро маҷбуран ислом ёд надодааст ва болои касе афкори хешро таҳмил ҳам накардааст. Танҳо ташвиқ аз он кардааст, ки Исломро бо тамоми будҳояш бояд шинохт ва қабул кард, на мисли баъзеҳо ҳар он чизе маъқулаш ҳаст, онро қабул намояд. Ва ҳама гуна афкори бепояро дар нисбати хеш ҷуз тӯҳмат чизи дигар намедонад».

Х. Шарифзода, корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми минтақаи Хатлон оиди дар мактабҳои экстремистӣ ва террористии ба ном динӣ таълим нагирифтани ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар бамаврид ва қобили қабули ақли солим мебошад. Аз ин дархости Эмомалӣ Раҳмон мухолифони мазҳаби ҳанафӣ ва арзишҳои миллӣ, бахусус суннатгурезону суннатситезон сару садоҳои дилхарош дар ҷомеа интишор мекунанд, ки ин поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.

Баъзе «фаъолон»-и хатмкардаҳои хориҷи кишвар дар риштаи фанҳои динӣ, андар муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон аз номи дини ислом алайҳи диндорон, зидди пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва мактаби ҳуқуқи ҳанафӣ ва махсусан истиқлолияти мазҳабӣ шӯриданд. Худро салафия, рофизия, зардуштия, баҳоия, бемазҳаб хонданд. Инҳо мазҳабситезанду мазҳабгурез. Суннатситезанду суннатзудо. Истинҷои обӣ намекунанд ва мегӯянд: «Мо дар Покистон истинҷои обӣ намекардем», таҳорати комил барои онон қабул нест, намозҳои суннатиро намехонанд. Дар рӯзҳои ҷумъа мусалмонон намози суннат мехонанд, аммо салафия намоз намегузоранд ва машғули лағву гапи дунёянд. Нияти ғусл ва нияти лафзии намозҳоро намедонанд ва намехонанд. Усули динро мункиранд. Зиёратро ширк ва зиёраткунандаро мушрик мегӯянд.

Нахондани намозҳои суннатӣ бад-он хотир аст, ки ин гурӯҳ Тоҷикистонро «Дор-ул-куфр» ва «Дор-ул-ҳарб» мешуморанд. Ва дар «Дор-ул-куфр» нахондани намозҳои суннатро афзал медонанд ва дигар ҳама далел ва ҳуҷҷатҳои онон баҳона ва пинҳон намудани ҳадафҳои нопоки золҳои пасипардагӣ ва исломситезашон мебошанд…

Вақти он аст, ки ҷавонон, аввалан, дар кишвар таълимоти динӣ бигиранд, то ба доми макри мухолифони мазҳаб; рофизия ва хавориҷ гирифтор наоянд. Бояд таълими дин аз хонавода ва мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ дар асоси барномаҳои мукамали илмӣ оғоз бигирад ва касе монеи ин роҳ нагардад. Эҷоди монеа барои таълими дин дар хона ва мактаб яке аз омилҳои густариши ақидаи салафия ва дигар ҳаракатҳои хатарангез мебошад. Аз таълими маърифати исломӣ набояд ҳаросид. Дин раҳмати Илоҳӣ мебошад ва наҷоти инсоният андар он нуҳуфтааст. Заминаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмомӯзиро дар Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (рҳ) васеъ ва комилтар роҳандозӣ бояд намуд, зеро хатмнамудагони ин боргоҳи маърифати динӣ дар ояндаи наздик метавонанд ба ниёзҳои фитрӣ ва динии мусалмонони кишвар заминаҳои воқеӣ омода сохта, алайҳи ҳама гуна зуҳуроти экстремистии ба ном динии хавориҷ, ки зояндаи хатар мебошанд, истодагарӣ намоянд ва посухҳои илмӣ бидиҳанд».

Абдураҳим Холиқов, раиси кумита оид ба дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Президент гуфтанд, ки раванди таҳсили шаҳравондони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои исломӣ ва ғайриисломӣ, ки хосияти динӣ доранд, бояд ба танзим дароварда шаванд. Онҳо бояд аз пеши худ ба донишгоҳу донишкадаҳое, ки ба онҳо кафолати дурусти таълимро дода наметавонанд, равон карда нашаванд. Сиёсати давлат имрӯз дар масъалаи назорат намудани таълими донишҷӯён дар хориҷи кишвар бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ба таълими шаҳрвандони кишвар, бо мақсади таъмин намудани озодии виҷдон, бо мақсади таъмин намудани амнияти давлатӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ меравад. Имрӯз таҷриба нишон дода истодааст, ки даҳҳо не, садҳо нафар шаҳрвандони моро бо роҳҳои гуногун ба кишварҳои исломӣ бурда, ба ҷойи таълими дурусти илму дониш бо таълими нодуруст ба ҷараёнҳои экстремистӣ ҳамроҳ карда истодаанд. Имрӯз мо ҳолатҳои зиёдеро медонем, ки шаҳрвандони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда ба онҳо фикрҳои мухталифу ғаразноки динбадбинӣ, муносибати бад бо динҳои дигар ва дигар ҷараёнҳои экстремистию ифротгароиро омӯхта истодаанд. Албатта дар байни ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ҳастанд донишҷӯёне, ки бо роҳҳои расмӣ рафтаанд ё дар донишгоҳҳои бонуфузи исломӣ таҳсил мекунанд. Ин албатта ягон хатар надорад. Бинобар он, мақсад ва ҳадафи роҳбари давлат пеш аз ҳама ин аст, ки ҳамин ҷараён зери назорати мақомоти ваколатдор гирифта шавад. Вақте шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷа равон карда мешавад, давлат масъул аст ҳуқуқи ӯро ба таҳсил дар он ҷо дуруст таъмин кунад. Набояд онҳо дар он ҷо ба корҳои ғайр машғул шаванд, балки таълими дуруст гиранд, то ин таълими онҳо ба кишвари мо кӯмак карда тавонад. Бинобар он, кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки раванди ба танзим даровардани таҳсили донишҷӯёнро дар кишварҳои хориҷӣ тибқи манфиатҳои давлати Тоҷикистон, тибқи манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба роҳ монад. Аз назари мазҳабӣ ҳам, мо бояд қабл аз он ки донишҷӯ – шаҳрванди Тоҷикистонро аз партаи мактаби миёна гирифта равон кунем, ба ӯ бояд маълумоти ибтидоии динӣ ва мазҳабӣ дода шавад.

Бинобар он, таъкидоти Президенти мамлакат ҳамин аст, ки шаҳрвандон аз пеши худ фирефта нашаванд. Ҳадафи Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки мисли дигар давлатҳои тараққикарда барои ҳимоя намудани фазои андешаи динии кишвар, барои нигоҳ доштани суннати аҷдодӣ бояд ин раванд ба танзим дароварда шавад. Ман фикр мекунам, ки дар ин самт кумита оид ба корҳои дин ҳам корҳои муайянеро бояд анҷом диҳад, вазифаҳои муайянро албатта ба дӯш мегирем. Вазифаи муқаддаси давлат он аст, ки барои таъмини дурусти донишандӯзии шаҳрвандон бояд шароит муҳайё кунем. Аз ин нуқтаи назар, фикр мекунам, ки таклиф ва пешнииҳоди ҷаноби олӣ саривақтист. Шаҳрвандони кишвар бояд донанд, ки пешниҳоди Президенти мамлакат пеш аз ҳама ба фоидаи худи шаҳрвандони кишвар, барои нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва ваҳдати динии мардуми Тоҷикистон ҳидоят шудааст».

Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ