четверг, 13 сентября 2012 г.

Таҷлили 21-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар Малайзия


 Бо ташаббуси консули Ҷумҳурии Тоҷикистон Тан Сри Лимкоквинг 10-уми сентябр дар толори "Hall of Fame"-и Донишгоҳи техникии “Limkokwing”-и шаҳри Куала Лампури Малайзия маросими ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикикстон баргузор гардид. Дар ин бора Абдураззоқ Абдуллоев - мудири маркази таълимии TM-International хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷашнвора Тан Сри Лимкоквинг ба ҷамъомадагон Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборакбод гуфта, қайд намуд, ки “имрӯз рӯзи ифтихори миллати тоҷик мебошад, зеро мардуми тоҷик дар ин рӯз мустақил ва соҳибихтиёр шуда, ояндаи худро сохта истодаанд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳо ноил гардида, чӣ дар сатҳи дохилӣ ва чӣ байналмилалӣ дар тамоми ҷаҳон машҳуру маъруф шуда истодааст”. 
Ҷаноби 
Лимкоквинг консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Донишгоҳи техникиву эҷодии “Limkokwing” буда, бо дастгирии ӯ айни замон дар ин донишгоҳ зиёда аз 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил карда истодаанд.





Комментариев нет:

Отправить комментарий