Соҳаи тиб яке аз соҳотест, ки дилхоҳ нафари ранҷур рӯйи ниёз ба он меорад. Ва ҳам соҳаи мураккабест, ки танҳо як ташхиси нодурусташ ниёзмандро меозорад. Яке ба тиби замонавӣ муроҷиат мекунад, дигаре ба тиби халқӣ. Аммо то имрӯз доираи фарогирии тиби халқӣ маҳдуд аст. Чаро? Дар ин маврид сӯҳбати хабарнигорамонро бо раиси Ассосиатсияи тиби анъанавӣ, мутахассисони тиби халқӣ ва табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ мутолиа намоед.
- Се тиҷорати ҷаҳонӣ мавҷуд аст, ки яке аз онҳо тиҷорати доруст. Оё бо истифода аз гиёҳҳои Тоҷикистон мешавад ин намуди истеҳсолотро ҷорӣ кард?
- Саволатон ҷиҳати тиҷорати дору дуруст аст. Ман чандин маротиба дар баромадҳои худ ва ҳам дар муроҷиатам ба Президенти Тоҷикистон гуфта будам, ки агар мо бозори коркарди гиёҳҳои шифобахшро ёбему истеҳсолашро ба роҳ монем, назар ба пахтаи тоҷик даромади зиёдтар мегирем. Масалан, имрӯз барои ҷамъоварии як килограмм пахта аз 40 то 50 дирам медиҳанд, вале барои ҷамъоварии як килограмм гиёҳе, ки худаш рӯйидааст, 1,5 то 2 сомонӣ. Аллакай мардум аз он фоида мегиранд. Манфиати калон мебинем, агар коркарди гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ монем, агар байни олимонамон зиддият пайдо нашавад ва ба якдигарашон кӯмак кунанд, агар идеяҳое, ки олимон доранд, амалӣ гардад ва агар бозор пайдо кунему маҳсулотамонро бароварда тавонем. Барои ин кор бояд Палатаи савдо ва саноати Ҷуҳмурии Тоҷикистон баҳри пайдо намудани бозори коркарди гиёҳҳои шифобахш мусоидат намояд.
- Барои роҳандозӣ намудани истеҳсоли дору кадом монеаҳо мавҷуданд? Муайян намудани синфи растаниҳои шифобахш, ҷамъоварии гиёҳ, таҷҳизоти истеҳсолӣ ё мувофиқа кардани ҳуҷҷатгузорӣ бо мақомоти марбута?
- Барои роҳандозии истеҳсоли дору дар Тоҷикистон бояд як маркази илмиву истеҳсолӣ вуҷуд дошта бошад, то олимон ва соҳибкоронро муттаҳид карда тавонад. Ба Маркази давлатии экспертиза, сертификатсия, маҳсулоти фармасевтӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоту таъиноти тиббӣ, маҳсулоти ғизоӣ ва маводи косметикии назди Вазорати тандурустии Ҷуҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаву ҳамкорӣ карда истодаам. Аз сардори ин ташкилот Баҳодур Холназаров миннатдорам, ки маро нағз дастгирӣ мекунад.
Дар соҳаи дорусозӣ вақте кори илмӣ мегузаронанд, таҷрибаро дар мушу сагу қурбоққа месанҷанд. Вале ман дар Русия корҳои илмиямро миёни одамони хоҳишманд гузаронидам. Масалан 9 нафар бемор дар Русия хоҳиши бо истифода аз илова ба ғизо ва ҳабби гомеопетии ман табобат гирифтан доштанд. Ду профессор болои ин 9 нафар кор карданду беморон шифо ёфтанд. Ва хусусияти табобатии доруҳоро исбот карданд. Мо “Ферула Хит Доктора Тохири”-ро ба қайд гирифтем, ки бевосита бо дастгирии Холназаров шуд. Зеро одамҳое буданд, ки мегуфтанд: “Ин мумкин не, он мумкин не…”. Ана ҳозир мо ин воситаро ҳамчун илова ба ғизо дар Тоҷикистон ва Русия ба қайд гирифтему дар Русия истеҳсолашро ба роҳ мондем ва бо ин илова ба ғизо одамҳо шифо ёфта истодаанд.
Монеаи дигар ин ки, дар Тоҷикистон заводи барориши таблетка вуҷуд надорад. Чунин заводро барқарор ва ташкил кардан даркор. Пулу моли дунё аз сари ҳама мемонад. Мо бояд як марказ дошта бошем, ки тавассути он соҳибкоронро дастгирӣ кунем. Як кас бо кори тиҷоратияш машғул шавад, каси дигар бо кори илмияш. Одамҳои зиёдеро низ бо кор таъмин кардан мумкин аст.
Мушкилии дигар – ин ҷамъоварӣ кардани гиёҳҳост. Бори дуюм аст, ки ман ба Президент барои ҷудо намудани замин муроҷиат мекунам. Охир, вақте ки замин надорам, гиёҳҳоро аз куҷо ҷамъоварӣ намоям? Ба баъзе сардорони хоҷагиҳо муроҷиат кардам, онҳо умуман ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул намешаванд. Агар аз боло, аз тарафи Президент фармон нашавад, амалӣ гардидани ин мақсадҳо дар гумон аст. Чизи дигар ин ки, ман дар пешниҳодам ба Президент чанд нуктаро қайд кардам. Гуфтам, ки бояд Вазорати хоҷагии қишлоқ, Кумитаи муҳити зист, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф бо якдигар ҳамкорӣ намуда, барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар таътили тобистона хонандагони мактабҳои миёна, донишҷӯёни бахшҳои биологияи Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгорӣ ва донишҷӯёни бахши дорусозии Донишгоҳи тиббиро сафарбар намоянд.
Имрӯз аксар мардони тоҷик ба Русия рафтаанд ва қариб ки мард намондааст. Занон бошанд, ба тарбияи фарзандон ва кору бори хона машғуланд. Агар дар инҷо қувваи корӣ дошта бошем, маҳсулот ҳам меёбем. Маҳсулот ки ҷамъ шуд, коркардашро ба роҳ мемонему бозор пайдо карда метавонем. Масалан, ман ду сол боз умуман чойҳои табобатӣ истеҳсол карда натавонистам. Сабаб надоштани замин барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш аст.
Коркарди гиёҳҳоеро ба роҳ мондан лозим, ки фоидаи зиёд меоранд. Масалан, як кило “шафран”, ки онро “заъфарон” ҳам мегӯянд, дар бозори ҷаҳонӣ 3 ҳазор доллар арзиш дорад. Бубинед, нархаш баробари арзиши 3 тонна пахта аст. Агар мо коркарди гиёҳҳо, киштукори онҳоро дар Тоҷикистон ба роҳ монем, ҷойҳои корӣ зиёд шуда, заминҳои бекорхобида корам мегарданд.
Дар шароити Тоҷикистон то андозае ҳама гуна растаниро парваридан мумкин аст. Масалан маводи ғизоӣ – “гречка”, ки пештар дар инҷо намешуд, ҳоло кишт карда мешавад.
- Магар дар Тоҷикистон шароите фароҳам нест, ки кишту парвариши гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ монем? Ё иқлими Тоҷикистон мутобиқ нест?
- 20 сол боз ман ба ҳамин кор машғулам. Соле мешавад, ки баъзе гиёҳҳо нумӯъ намекунанд, соле кам ё нест мешаванд. Барои он ки киштукори гиёҳ ба роҳ монда шавад, бояд дар сатҳи ҳукумат дар куҷо чи қадар кишт карданро муайян намоем. Аз рӯйи нақша, дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ Тоҷикистон 200 тонна гиёҳ ҷамъоварӣ намуда, ба идораи дорухонаҳои ҷумҳуриявӣ месупорид. Чанд рӯз пеш дар коллегияи Вазорати тандурустӣ будам ва онҷо гуфтанд, ки мо ҳамагӣ 8 тонна гиёҳ ҷамъоварӣ кардем. Барои ин ҳам заҳмати зиёд даркор, мардумро сафарбар кардан лозим. Ҳамчунин, омӯзонидан лозим, ки кай, дар кадом моҳ гиёҳҳоро ҷамъоварӣ намуда хушк кардани онро донанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми майи соли 2005, №170 барномаи давлатӣ оид ба парваришу ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005-2014 тасдиқ шуда буд. 5 сол сипарӣ шуд, вале то ҳол масъалаҳо ҳалли пурраи худро наёфта истодаанд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи кишти тухми ров (камол) ва ҷамъоварии он, ки соле то 50 ҳазор гектарро ташкил менамояд, имконияти 15000 нафар шаҳрвандро бо ҷойҳои корӣ таъмин намудан пайдо мегардад. Аммо иҷроиши ин қарор дар кадом ҳолат аст, касе намедонад. Дар ҳоле ки афғонҳо омаданду шираи онро ҷамъ карданд, буриданду бурданд ва ров решакан шуд.
Вақте тухми ровро мешинонӣ, 3-4 сол вақт лозим аст, то аз он ҳосил гирӣ. Дар ин маврид пешниҳоди мушаххас ҳам доштам.
- Коршиносон бар ин назаранд, ки доруҳои гиёҳӣ наметавонанд дардро аз бадани дардманд ба пуррагӣ берун кунанд. Масалан, хатмкардаи факултаи гиёҳшиносии яке аз донишгоҳҳои вилояти Суғд Парвиз Аҳмадҷонов соли 1999 бо мақсади табобати нашъамандон аз 16 намуд гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон доруе ихтироъ намуд, ки “маҷмӯи миҷоз” ном гирифта буд. Аммо Муртазо Хидиров – роҳбари созмони ҷамъиятии мавсум ба “Раҳоӣ аз нашъамандӣ” гуфта буд, ки чунин доруҳо барои табобати бемориҳои нашъамандӣ дар чандин кишварҳои дигар ихтироъ шуда буданд, аммо баъдан ба сиҳатии беморон зарар расониданд.
- Нисбат ба доруи ихтироъкардаи Парвиз Аҳмадҷонов маълумот надорам. Пеш аз ихтироъкорӣ мо бояд донем, ки кадом гиёҳ чӣ хусусияти шифобахшӣ дорад ва дар таркибаш чӣ ҳаст. Масалан, дар Тоҷикистон дар давраи Шӯравӣ таркиби ҳудуди 70 намуди гиёҳ омӯхта шуда буд ва он гиёҳҳо зарурати бозомӯзӣ надоранд. Ҳар як шахс метавонад аз он гиёҳҳо истифода намояд.
Дар соҳаи нашъамандӣ низ корҳои зиёде сомон дода шудааст. Дар организми инсон ҳам спирт ҷудо мешавад. Вақте спирт кам ҷудо шуд, одам барои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ майл пайдо мекунад. Роҳи ҳалли ин мушкилиро ёфтан мумкин аст. Масалан, ман пешниҳод карда будам, ки ҳар чи ки дар замин мерӯяд, ба ҳар як дард даво аст ва гиёҳҳои мадҳушкунанда аз ҷумлаи онҳост, агар дар Тоҷикистон як заводи истеҳсоли доруҳои наркотикӣ таъсис дода шавад, хеле хуб мешавад. Ин имкон медиҳад, ки мо чунин доруҳоро аз дигар кишварҳо бо нархи гарон харидорӣ накунем. Баръакс, имконият фароҳам меояд, ки онро ба хориҷа бо нархи хуб фурӯшем. Ҳам ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағ ворид мешуд, ҳам ҷойи корӣ пайдо мегардид.
Дар тибби халқӣ барои бемории саратон кӯрморро тавсия мекунанд. Соли гузашта ман бо чашми худ дидам, ки дар комбинати шаҳри Шолковои Русия сари зиёда аз 300 морро ҷудо карда буданд ва аз гӯшти онҳо сафедаашро ҷудо мекарданд. Ин завод сафедаро истеҳсол карда, ба заводи дигар месупорад ва дар он завод дору истеҳсол мекунанд. Ин дору нархи хеле гарон дорад. Дар Тоҷикистон имконияти парвариши чунин морҳо ҳаст ва агар мо онҳоро парвариш кунем, иқтисодиётамон пеш меравад.
- Ба хотири пешрафти соҳаи тиб чӣ пешниҳоди мушаххасе карда метавонед?
- 1. Дар назди Вазорати тандурустӣ бо соҳибкорон ва корхонаҳое, ки ба гиёҳҳои шифобахш сарукор доранд, бояд ситоди коркарди гиёҳҳо таъсис дода шавад. Барои ҳимоя намудани бозори дохилӣ, он гиёҳҳое, ки дар Тоҷикистон мерӯянд ва мо мардумро бо он таъмин карда метавонем, миқдоран муайян карда шуда, аз беруни кишвар ворид гаштанашон манъ карда шавад.
2. Дар назди Вазорати тандурустӣ шӯъбаи таҳлилӣ оид ба хатоии табибон ва сабабгори марги беморон гаштани онҳо таъсис дода шавад, то духтурон масъулияти ҷавобгарии худро ҳис кунанд.
3. Дар сохтори системаи тандурустӣ тағйиротҳои куллӣ дароварда шавад. Моҳонаи кормандон на аз ҳисоби зиёд шудани бемориҳо, балки аз ҳисоби кам гардидани миқдори онҳо баланд карда шавад.
4. Ҳукумат бояд барои ин илм маблағ ҷудо кунад. Баромади президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илоловро аз тариқи оинаи нилгун тамошо кардам. ӯ дар мавриди маблағгузорӣ гуфт, ки шарт нест ҳукумат маблағгузорӣ кунад, бояд корхонаҳое маблағгузорӣ намоянд, ки ба мутахассисон ниёз доранд.
Агар аз Вазорати тандурустӣ ё хоҷагии қишлоқ маблағгузорӣ шавад, ин маблағ боз ба онҳо бармегардад. Ба мисли он ки, аввал ба замин чизе мекоред, баъд ҳосили онро мегиред.
- Имрӯз ки бештари талош ба сохтмони иншооти аср – НБО-и “Роғун” равона гардидааст, Шумо ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон чӣ назар доред?
- Ба наздикӣ дар НБО-и “Роғун” будам ва дар онҷо шоҳид шудам, ки чи қадар корҳо рафта истодааст. Ин сохтмон маблағи бениҳоят калонро талаб мекунад. Он саҳмияҳое, ки мо имрӯз харидорӣ мекунем, барои ба пуррагӣ анҷом ёфтани сохтмони ин нерӯгоҳ кам аст. Барои ҳамин, чанд вилояте, ки дар Тоҷикистон аст, бояд муттаҳид бошем, ба мисли чор чархи мошин. Бо ҳам бошем ва барои рушди иқтисод, рушди фарҳанг, рушди тафаккур заминасозӣ кунем.
Мусоҳиб
Аҳлиддини САЛИМПУР,
Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ
LOOK AT ME MY WEBSİTE TURKEY
ОтветитьУдалитьtravesti
travesti
travestitravesti
travesti
izmir travestileri
istanbul travestileri
ankara travestileri
mersin travestileri
bursa travestileri
izmir travestileri
konya travestileri
diyarbakır travestileri
mersin travestileri
sakarya travestileri
sakarya travestileri
istanbul travestileri
adana travestileri
antalya travestileri
eskisehir travestileri
samsun travestileri
kocaeli travestileri
izmir travestileri
eskisehir travestileri
kayseri travestileri
eskisehir travestileri
gaziantep travestileri
adana travestileri
samsun travestileri
izmir travestileri
eskisehir travestileri
travesti
kayseri travestileri
travesti
istanbul travestileri
istanbul travestileri
kocaeli travestileri
travesti
travesti
travesti