среда, 8 мая 2013 г.

Орзу доштам дигар ҷангро набинам...


Имрӯз дар арафаи яке аз ҷашнҳои таърихӣ қарор дорем. 9 май Рӯзи ғалаба бар фашизм дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҷашн гирифта мешавад.   Дар ин ҷанг ҳазорҳо тоҷик ҷон бохтаву маҷрӯҳ гардида ва андаке аз иштирокдорони он ҷанги мудҳиш, ки қаҳрамонони моанд дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Дар арафаи ин ҷашн бо яке аз иштирокдорони ҶБВ, марди наҷиб, пири рӯзгордида, қаҳрамони ҷангу меҳнат, ҳоҷӣ ва яке аз афроди номдори Масчоҳ, Бобои Малокӯчакбоқӣ Муллоҷонов, сӯҳбате доштем. Сараввал дар бораи худи ӯ ва шароити зисту ба ҷанг даъват шуданашон пурсон шудем:

 -Ман соли 1924-ум сол дар деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадаам, (солам мӯш аст бачам). Нахустин хотиротам ба ҳаводиси душвору сарнавиштсози солҳои 30 –ӯми асри гузашта рост меояд. Ҳукумати Шӯравӣ дигар тавон гирифта буд ва нақшаҳои худро амалӣ мекард. Ман дар мактаби ибтидоӣ ҳамагӣ то синфи чор тавонистам, ки хонам. Мехостам ки хонам, лекин шароит набуд. Моро ба колхоз аъзо карданд. Аввал ташвиқот карданд, маъмурони шӯравӣ, сипас гузаштанд ба зурӣ. Дар даврае, ки гӯё ихтиёрӣ буд, ҳукумат андозҳое мебаровард, ки ҳеч кас тавони иҷро карданашро надошт. Падари ман дар шароити камзамини кӯҳистон  нисбатан замини бештар дошт. То ворид шудан ба колхоз метавонистем, ки худамонро таъмин кунем, бо ғалла, мева ва дигар маҳсулоти зарурӣ.

Сипас хоҷагии мо ҳам маҷбуран ба колхозҳо ҳамроҳ карда шуд, ё дурустараш заминҳоро кашида гирифтанд. Баъди шӯравӣ боғҳоямонро гирифт. Сипас гову молҳоямонро гирифт. Ҳиччӣ дар дасти мо намонд. Дар ин ҳолат гӯё ҳама баробар шуд, ки даъвои асоси шӯравӣ ҳам ҳамин буд, вале ашхоси лоиқу корманд неву як гурӯҳ ё табақаи аз сохти пешин норозӣ, маҳрум ва рости гап нолоиқу камдин ба қудрат расиданд. Яъне нодидаҳову навдидаҳо ҳамакора шуданд. Ин тоифа аслан раҳму шафққат ё гузашту мурувват надоштан. Нисбат ба мардуми худ ниҳояти бераҳмиро раво медиданд. Касе раис мешуд, ки ҳатто аз амалхояш наздиконашро, ки диёнату шараф доштанд, шарм меомад. Медонед, чӣ ман дар як филми тоҷикӣ, ки номашро намедонам,  чанд сол пеш симои ҳамон раисҳои колхозҳоро пурра дидам. Ин раиси колхози филм марди шал (ланг -А.С.) буд, номаш Мансур агар хато накунам, бо телефони дуруғу бесим гӯё бо Сталин гап мезад, ба номӯси мардум чашм ало мекард, афроди написандидаашро ба фронт мефиристод. Хулоса хеле хуб симои раисҳои колхози солҳои 30-40 уми асри гузаштаро тасвир кардааст. Аз ин бармеояд, ки дар як деҳаи ману дигар деҳаҳои Масчоҳ неву дар тамоми Тоҷикистон чунин ашхос раис мешудаанд, Яъне сиёсати шӯравӣ чунин тақозо мекардааст. 
Як хотираи дигар дорам, 6 ё 7 сола будам, ки дар деҳа овоза паҳн шуд, ки қазоқҳо лаб-лаби дарёи Масчоҳ шутурсавор ба қисмати болоии Масчоҳ ҳаракат доранд. Ман ҳам дар қатори дигарон барои тамошо фаромадам, бовар намекунед, чандин шутурсавори қазоқ аз гурӯснагӣ ба Масчоҳ, ки худаш ҳаёти чандон хӯш надошт омада буданд. Онҳо аз мардум мехостанд, ки барояшон ягон коса дӯғ диҳанд. Хеле ҳодисаи дилхарош буд дидани чунин ҳолат. Фаҳмидем, ки бештари қазоқҳо дар роҳҳо ҳалок шудаанд. Солҳо пас аз забони писарам, ки таърих медонад, фаҳмидам, ки дар ин солҳо Қазоқистонро гурӯснагии сахт фаро гирифта будааст, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор нафар қурбон шудаанд. 
Дар солҳои нахустини колхозӣ росташро гӯям барои мардум азоб, машаққат ва мушкилии  бисёре буд, гушна буданд мардум, луч буданд. Соли 1941 буд, мардумро ағбаи Хишекатба (Шаҳристони имрӯзӣ) омаданд. Ҳамин ағба ба қувваи даст сохта шуд. Ман хуб дар хотир дорам, маҷбурӣ мебурданд мардумро. Моҳи июл буд, ки наздики кушодани ағба ҷанг сар шуд. Ва мардум парешон шуд. Мардум гушна, ташна ба ҳар куҷо парешон шуд.

Чаро пас ин қадар аз дастовардҳои сохти колхозӣ ҳарф мезананд?
-Ман омадани трактору, васеъ кардани заминҳоро инкор намекунам, аммо ин чизҳоро ман солҳои 50 фақат дидам. Маъмурони маҳаллии шӯравӣ барои маҷбуран ба колхоз аъзо шудан ҳаминқадар андоз бароварданд, ки дар ягон ақлу мантиқу инсоф рост намеояд. Тасаввур кунед, бояд пашм ба давлат медодем, дар ҳоле ки чорво набошад, чӣ мекунед? Фармудан пашм ҷамъ кунед. Дар хотирам ҳаст, мардум аз дашту саҳро сагҳои мурдагиро, ёфта пашмҳояшро ҷамъ мекарданд. Намадҳои зери пояшонро бо арра бурида, ба андозгирандаҳои беисофу бедини он замон медоданд. Дар ҳамин давра хеле хира ба ёд дорам, ки аз ҷавру зулми маъмурони андози Шӯравӣ Мирсанг гуфтанӣ як нафар дар деҳаи Палораки Масчоҳ қиём кард. Ӯро мегӯянд, ки “пашм деҳ”. Ӯ мегӯяд: “надорам, чӣ кор кунам”? Сипас бо шунидани як ҷавоби таҳқиромез нафареро кушта даст ба исён мезанад. Яъне роҳе дигар барои зистану мадоро кардан намемонад.
Як воқеаи дигаррот ҳам ин ҷо гӯям як Шодибек гуфтани аз деҳаи ҳамсояи мо Эсиз буд. ӯ ҳам қиём кард, тахминан солҳои 1931-1932 буд, ба фикрам, ман хурд будам ки дар бораи қиёмаш хабар омад ба деҳаамон. Ин ҷанги ӯро дар миёни мардум “вайна” мегуфтанд. Пас аз ду се рӯз ҳукумати шӯравӣ ва отряди ҳарбияш омаду, дубора забт кард Масчоҳа. Ягон кас намонд. Падарами ман ҳам қариб буд, ки дар ҳамин ҷанг қурбони суд шавад, лекин боз ҳам саломат халос хӯрд.
Сабаби халос хӯрданашон медонед, кӣ мешавад? Ҳамон вақт вақти ҷанги шӯравӣ бо Масчоҳ як нафар аз Австралия, ки барои аскарони сурх силоҳ меовардааст, асири босмачиҳо мешавад, ду нафар будаанд яктоашро гӯё кордшап  карда мекушанд. Дигарашро ки хурд будаст, намекушанд. Ин асирро гирифта мебаранд ва хатнааш мекунанд, номашро Абдулло мемонанд, ман хурд будам, хонаамон меомад, Мусулмонқул мегуфтанд ӯро.  Ман ӯро бисёр медидам. Ана ҳамин Мусулмонқул шаҳодат дода падари маро сафед мекунад. Ҳаминтавр падари ман аз тройкаи сталинӣ наҷот ёфт.

Дар бораи замони қабл аз шӯравии Масчоҳ чӣ мегӯед?
-Ҳа бачам, ман аз азобу заҳмати зиёди мардум дар замони колхозӣ ва амали баъзе амалдорони беҳаё гуфтам, ин маънои онро надошт, ки дар замони қабл аз инқилоб ҳама хуб буд. Не, дар ҳамон давра ҳам мардуми бечора дар бало мондагӣ буд. Бобои ман Охун ном дошт ва мувофиқи нақли падараму  аҳли деҳа 110 сол умр дидааст. Он кас шоҳиди рӯзгори яке аз бераҳмтарин бекҳои Масчоҳ Ботӯрхӯҷа буданд.  Падарам аз забони падарашон қисса мекарданд, ки чӣ тавр ин ҳокими бераҳм ба мардуми худаш, яъне Масчоҳ ҷавру зулмро раво  дида, андозҳои зиёдро бор мекардааст. Аз рӯи нақлҳо ӯ дар яке аз ҷангҳои Бухорову Қуқанд аз тарафи амири Бухоро ҷангида, корнамоӣ мекунад ва бар ивази корнамоӣ беки Масчоҳ мешавад. Ун тарафаш дигар маълум, вақте ки як одами боақл неву як ҷангии аз илм дурро бар сари мардум хуҷаин кунӣ.
Дар замони гузашта баъзе амалдорону бойҳо ва ҳатто эшонҳо ҳам нисбат ба мардум бечора зулм мекардаанд. Аз ҷумла барои соҳиб шудан ба замини ягон кас хонаи ӯро вайрон мекарданд. Даҳҳо чунин мисолро, ки дар дар гузаштаи начандон дур (100-150 сол пеш) руй додаанд аз падарам, мӯйсафедони деҳаамон, ки бештари онҳо солҳо пеш  аз дунё рафтаанд (Худо раҳматашон кунад) шунидаам. Натиҷаи ҳамин зулму ҷафо ба мардуми бечора буд, ки Худо Шӯравиро ҳамчун як бало ба сари онҳо ва боз ҳам ба сари халқе ки онҳоро боло-боло мекард, фиристод ва бештари бадкардаҳо ба сазои амали худашон расиданд.  Худо оқибати мову Шуморо ба хайр гардонад.

Шумо баъди ин чӣ кор мекардед?
-Ҳамроҳи дигарон дар колхоз кор мекардам. Соли 1943-юм буд ман маҷбур шудам, ки дар колхоз чӯпон шавам. Мол мепоидам, дар як рӯз бо мушкилӣ як нон ёфта мебурдам барои кор. Колхоз ҳар рӯз як литр шир медод ба ман. Бегоҳ боз ҳезуми колхозро ҳам таъмин мекардам. Хеле мушкил буд бачам, хеле.

Мехостам дар бораи ба ҷанг рафтанатон ҳикоят мекардед. Шумо маҷбурӣ рафтед, ихтиёрӣ ё умуман дар ин бора гап мезадед?
-Моҳи июни соли 1943 ба ман “повестка” омад. Он вақт “повестка” ҳамон хел фаҳмида мешуд, ки аз хона гӯё барои мурдан мебароӣ, ки баргаштан мумкин набуд. Аз паси шахси ба фронтраванда маҳшар барпо мекарданд. Ҳама мегиристанд, гӯё ӯро ба ҷанг неву ба марг мефиристонанд. Дар воқеъ бештари ҷангравҳо барнагаштанд. Дар Самарқанд аз назорати духтур нагузаштам, зеро поямро сармо зада буд. Аммо ман исрор мекардам, ки мехоҳам ба фронт равам.

Чаро?
-Агар ман бармегаштам, падарамро “навдавлатон”-и бешараф азият мекарданд. Чун падарам дар ҳаракати зиддишӯравӣ иштирок карда буд, ӯро навдавлатҳо босмачӣ меномиданд. Ду бор ба падарамро маҳкамаи шӯравӣ кашиданд, вале бегуноҳ баромад ва ӯро ҷавоб доданд. Шумо тасаввур мекунед, вақте ки намояндае аз ноҳия ба деҳаамон меомад, раиси колхозу амалорону вакилҳое ки инак соҳиби ҳама чиз буданд, хонаву даре надоштанд, ки меҳмонашонро пазироӣ кунанд. Меоварданд ба хонаи мо. Буду шуди хонаамонро рӯи дастурхону пеши меҳмонашон мегузоштем, вале боз таъна мезаданд ба падарам, ки ту босмачӣ ҳастӣ! Ин чунин ашхоси кӯрнамаку носипосро бардошта буд ун ҳукумат.

Хуб, аз фронт гӯед...
-Хулоса ман ҳам рафтам ба фронт. Қисми эҳтиётиба хизмат кардам. Ба ҷабҳа нарасида, бемор шудам ва як моҳ рухсатиам доданд. Ин дар Петропавловски Қазоқистон буд. Аз он ҷо омадам ба деҳаву, як моҳ истодам, моҳи июн буд, ки боз ба фронт фиристоданд. Дар вақте ки чӯпон будам, бо камон ошноӣ доштам ва шикор ҳам мекардам. Дар вақти машқи ҳарбӣ ба ҳадаф расидани тири маро диданду, зуд дар сафи пеш ба ҷангам фиристоданд. Дар ҳамон ҷо маро напурсида, (русӣ намедонистам) билети комсомолиам доданд. Пагоҳ фаҳмидам, ки ба фронт мефиристонанд. Барои он ки вақти мурдан ҳамин ҳуҷҷат дар баданам набошад, ҳуҷҷатро зуд гум кардам .  (ин ҷо механданд бобо)
Ман дар муҳорибаи Курский Дуга иштирок кардам. Он ҷо ҷанги шадид буд. Дар ин ҷо немис шикасти калон дид.  Соли 1944 дар Прибалтика будам дар он ҷо як маротиба ҷароҳат бардоштам, баъди он боз ба ҷанг фиристоданд. Дар Прибалтика ордени “Шуҷоат” (За отвага) доданд.  Моҳи октябр буд, ки дар Эстония ҷанг тамом шуд моро ба Тундраи Архангелск  фиристдоданд. Ёдам ҳаст, моҳи январи соли 1945 буд, ки  болои як армияро ҷавоб дод, гузаштем, намедонам ғафсии ях чӣ қадр буд, ки ба болояш тупу танк ҳам гузашту нашикаст. Баъд мо вориди Украина шудем. Баъд аз ҳудуди Украина ба Краков рафтем, ва рӯзи сеюм 23-юми феврали соли 1945 дубора ҷароҳат бардоштам. Дар госпитали ҳарбии Лвов муолиҷа гирифтам ва моҳи апрел буд, ки боз ба фронт фиристоданд. Аз Чехословакия гузаштем, дар ҳудудҳои Полша, Австрия ва Германия ҳам будам. Ман дар фронти якуми Украина меҷангидам. Армияе, ки ман хизмат мекардам, дар шаҳри Братислав буд, ки ҷанг моҳи майи ҳамон сол тамом шуд. Аз он ҷо дар қатори ҳазорон нафар ҳамроҳон омадем ба канслагери шаҳри Матхаузен дар Австрия. Дар ин ҷо фашистҳо асиронро нигоҳ медоштаанд, бисёриҳоро куштаанд. Дастгоҳҳои одамкушии онҳо ҳанӯз дар зеҳнам боқӣ мондааст. Қассобхона! Баъд аз он омадем ба Венгрия, ман дар Венгрия ду сол хизмат кардам, моҳи май соли 1947 маро ҷавоб доданд.

Боз кадом хотираҳоро метавонед аз ҷанг барои мо гӯед бобоҷон, хотираҳои фаромӯшношуданӣ.
-Бисёре аз ҳамсафони ман, ки аз Мастчоҳ ҳамроҳ рафта будем ба ҷанг дигар ба ватан бар нагаштанд. Бештарашон қурбон шуданду  падару модари худро дар азо нишонданд. Баъзеҳо гумном шуданд. Як писараммаи босаводу донишманд доштам, бо номи Музаффар, ки қабл аз ҷанг ӯ барои ман аз тараққиёти Германия қисса мекард, лекин боварам намешуд, мегуфтам ба худ, ки ин гапҳояш муҳоботанд (муболиғаанд), вале беш аз гуфтаҳои ӯро дар Германия ва Австрия дидам. ӯ ҳам гумном шуд. Модари ӯ, яъне аммам то охири умр роҳи писарашро мепоид!
Як чизи дигар аз хотирам намеравад. Вақте аз хона роҳии ҷанг мешудам дар роҳ як мӯйсафедро дидам. Ӯ пурсид, бачам ба куҷо меравӣ? Гуфтам, ки ҷанг. Баъ ӯ гуфт: “Писарам, ман ба ту як вазифа медиҳам иҷро кун. Агар ту рафта саломат бар нагардӣ ман ба умрат зоминам”. Баъд дуо ҳазрати Юнусро ёдам дод: “...Ло илоҳа илло анта субҳонака инни кунту миназ золимин”. Ин ва салавот бар Пайғамбарро аз падарам ҳам ҳам шунида будам, лекин таъкиди ин мӯйсафед ин дуоро дар хотираам наққошӣ кард. Ҳамин дуъо аз забонам ҳеҷ вақт дур набуд. Дар кадом воқеае бошам дар забонам буд. Ҳодисаи дигар ин ки соли 1944 дар Краков будем, намози аср буд, ва даруни шаҳр торик буд. Аз ду тарафи ҷанг тиру туфанг ва бомбаву аслиҳасадо меӣароварду як қиёмат буд. Кӯчаҳо пур аз мурдаву пур аз хун. Ҳеч муҳорибае чун ин дар назарам мудҳиш наменамояд. Дар Краков аз зинда мондани худам, тааҷҷуб кардам, охир аз 900 кас 10-12 нафар зинда мондему халос.  Як дӯстӯ ҳамхизматам буд, бо номи Идӣ Нуруллоҳ аз деҳаи Палдораки Масчоҳ. ӯ бо пулемёт ва бисёр бо иштиёқу нафрат меҷангид, зеро ӯро дар рӯзи никоҳаш повестка дода, аз роҳ рост ба ҷанг оварда буданд. Дар пеши чашмонам ин ҷавонмарди зебову диловари тоҷикро дар шаҳри Краков тирборон карданд ва ман наметавонистам, ки аз ин сӯи кӯча гузараму ӯро кашола кунам ё гӯр кунам. Худам ҳам чанд лаҳза пас ҷароҳат бардоштаму, дар госпитал ба ҳуш омадам.

Хуб бобоҷон, бигӯед аз ҷанг, ки ба Тоҷикистон баргаштед, кишвар дар чӣ ҳол буд?
-Баъди ҷанг омадем, дидем Ватан хароб, мардум гурусна. Ҳамин хел ҳолатҳои вазнине, ки...
Хона омадам хона бисёр хароб. Қаблан мо гуфтам-ку зиндагии хуб доштем, замин доштем, боғ доштем. Мол доштем. Вақте ки колхоз сар шуд, ҳама сарсониву нодории сартосарӣ сар шуд. Хонаҳо ҳама хароб. Як сум надорем. То нисф шаб худам ва модарам кор мекардем. Колхозҳо ҳам хароб буданд. Картошка медиҳад, дигар чизе нест. Ҷамоат талаб мекард, сум деҳ, андози заюм деҳ. Гови ҷушомон мурд. Мардум гови ҷӯшошонро барои гӯшт бурда медоданд.
Хулоса хотираҳо бештар манфиянду нохӯш. Шумо тасаввур кунед, Аз Масчоҳе, ки ягон рус зиндагӣ намекард, як рус номаш Белскийро, ки надидаем ва нашунидаем бояд, депутат кунем. Ҳамон ташвиқу тарғиби ӯро ҳанӯз мардум дар хотир доранд, ташвиқу тарғиби тарсу ларс ва бо дӯғу пӯписа. Имрӯз ки менигарем, аҷаб давраи ҷоҳилие менамояд! 

Вақте Шуморо ба ҷанг бурданд, падаратон дар қайди ҳаёт буданд?
-Бале, дар қайди ҳаёт буданд. Аммо дар баҳори соли 1945, яке аз солҳои душвортарин дар кӯҳистон, бештари ҳамсолону дӯстони падарам ва аз ҷумла худашон аз дунё мераванд. Вақте ки бори дувум падарам маро фотеҳа медоданд барои ҷанг рафтан, то деҳаи Рогиф, ки аз мо чандон дур нест, гуселам карданд, дуоям доданд ва гуфтанд, ки “илоҳӣ бачам хабари бадатро нашунавам” .

Аз рӯзгори хонаводаатон чӣ мегӯед?        
Ман баъди ҷанг касби устоиро аз як марди Худотарсу пок Усто Абдулазиз омӯхтам. Устои чубдаст шудам ва барои мардум хона мепӯшидам. Соли 1949 оиладор шудам, зиндагӣ ҳанӯз ба маҷро надаромада буд. Хеле давраи душвориву сахтӣ буд.  Тақрибан солҳои 1954-1955 буд, ки каме рӯзгор беҳтар шуд.

Насли Шуморо, насли замони Сталин меноманд. Мехостам, дар бораи маросими марги  Сталин, ки хеле хотирмон буд ва бо марги ӯ ҳаёти ҷомеъаи шӯравӣ дигаргун шуд, қисса кунед. 
-Ман моҳи марти соли 1953 дар ҳамин Душанбе будам. Яке хабар омад, ки Сталин касал шудааст. Борон рехта истодааст. Мардум гуш ба радио... Замоне, ки хабари марги ӯро эълон карданд, бисёриҳо мегирстанд. Имрӯз ҳайрон мешавем, ки барои як золим ё чӣ хеле ки акнун мегӯянд, барои як диктатор мегирянд? Аммо дар давоми сӣ сол бештари аҳли илму фарҳанг, руҳониёну касоне ки як қавмро ё миллатро тарбия мекунанд, аз байн бурда бурда шуданд. Режими Сталин мағзҳои пешбари мардумро асосан нобуд кард. Мардум фикр мекарданд Худову Паёмбар ҳамин Сталин аст. Мардум ҳатто метарсиданд, ки дар пеши занашон Сталинро ганда гӯянд. То ин дараҷа тарс зиёд буд. Сталин хусусан пас аз ҷанг ва ғалабаи қатъӣ мавриди парастиш қарор гирифта буд. Ман шоҳидем, ки дар замони ҷанг ҳазорон нафар бо ном ӯ ва шиори “За Сталин” худро қурбон мекарданд. Маҳбубияти миёни тудаҳои мардум зиёд буд. Пеши опера балет мардум ҷамъ шуда буданд. Як хел занҳо баланд ва ҳой-ҳой мегиристанд. Мегуфтанд, ки “Ин халқ бе Сталин чӣ кор мекунад?”. Ҳатто дар деҳаи мо ҳамон вақт як нафар аз калоншавандаҳои ноҳия либоси мотам пӯшида бо овози баланд гиря кардааст, ки “давлати советӣ сағера шуд”. Баъдтар фаҳмидем, ки  дар вақти мурдани “доҳӣ” дар зиндонҳо садҳо ҳазор одамон маҳбус будаанд.

Шумо кадом сол аз Кӯҳистон  ба водии Дилварзин кӯчидед?
-Хӯӯшш, баъдан муҳоҷирати маҷбурӣ сар шуд. Ин ҳам аз барномаҳои давлатӣ буд, аммо барномаи дурусте, ки дар он рӯз ҳам дуруст буд, имрӯз ҳам ва барои фардо ҳам фикр мекунам. Аммо саросариву маҷбуриву вайрон кардани хонаҳои ҳамаи мардум амали шоиста набуд.  Аз хонадони мо додарам кӯчид ва ман мондам, вале соли соли 1961 худам ҳам кӯчидам. Омада хона, ҷой кардем. Дар ин макони нав ҳам насиб будаст, дар оғоз хеле азоб кашидем. Бисёри одамон аз гармию сардӣ мурданд, ҳавои Кӯҳистони Масчоҳ аз Дилварзин хеле фарқ мекард охир. Аммо зуд зиндагии мардум беҳ шуд, замин фаровон, ҷой васеъ, ба шаҳр назди. Мактабу мориф хуб. Даромади мардум ҳам бештар шуд. Колхозҳо дар ин ҷо бой шуданд, маишату ҳаёти мардум ҳам осудатар шуд.

Замони пас аз Сталинӣ бо ному кори Хрушев бастагӣ дорад. Шумо дар бораи давраи ӯ чӣ фикр доред?
-Солҳои 60 ҳамин ҷо омадем, ки Хрушов идораи давлатро ба даст дошт. Дар борааш баъзеҳо гапҳои хуб мезананд, лекин баръакси Сталин, ки дар замони ҳаёташ маҳбуб буд, Хрушовро мардум дар ҳамон замонаш дӯст намедоштанд. Шахсан ман дар борааш назари нек надоштам ва ҳанӯз надорам. Зеро як кор карда буд, ҳамин орди ҷуворӣ доданаш, ҳанӯз дар ёдам нарафтааст. Бо гирифтани ӯ аз кор дар ёдам ҳаст, баъзе мардум хурсандӣ ҳам карда буданд. Хайр ман аз номи худам гап мезанам, шахсан ман ҳамон рӯз ва ҳоло ҳам аз ӯ бадам меояд! (механдад бобо) Ман ки аз кору бори Хрушев хушам намеомад, сураташро дар як чои муносиб ба ҳамун часпондам.

Дар ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум чӣ шароит доштед?
-Ман орзу доштам, ки дигар ҷангро набинем, вале мутаассифона дар кишвари азизу бафайзи мо ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ҳазорон бехона, ҳазорони дигар ятиму бева шуданд. Кишвар зарари бузурги моддӣ ва маънавӣ дид. Мардум машаққат дид, азоб кашид. Тоҷикистон як кишвар аст, дарду ғами мо ҳам як аст, хоҳ дар Мачоҳ бошаду хоҳ дар Ғарм, хоҳ дар Ҳисор, дар Кӯлоб , Панҷакент ё Помир, дар ҳар куҷое  гӯшаи ватан ки ободӣ бошад, мо шодему дар мусибаташ ғамгин. Ман як барнома буд бо номи “Хоки Ватан” дар радио, то охир гӯш кардам, баробари ҳамаи муҳоҷирони иҷборӣ ашк рехтам, Ҳамон барномаро бе оби дида намешуд, гӯш  кардан. Ман кушода шудани нақби Шаҳристон ё Шаршарро як хел мепазирам, Ободии роҳи Душанбе-Бустон ва Кӯлоб-Дарвоз барои ман як хел шодӣ меорад, зеро ҳамааш ватани азизи мост. Барои ман ҳар дӯяш гуворо аст. Умедворам бештар аз ин ватанамон обод шавад, гул кунад. Мардуми тоҷик сарбаланду шодоб бошад. 

Фарзандонатон бо чӣ кор машғуланд?
-Худам, чи хеле ки гуфтам, нахондам, чунки шароити хондан надоштам, лекин дар ҳасрати хондан будам. Тамоми талошамро барои хонондани фарзандонам анҷом додам. Ҳамаи писарҳоям маълумот доранд. Писари калонам Сайидаҳмад дар Душанбе хонд ва тамоми умр дар соҳаи мактабу маориф кор кард. ӯ дар Кӯҳистони Масчоҳ заминҳои бобои моро соҳибӣ карда, чароғи авлодиро гирён нигоҳ медорад. Писари дуюмам Фатҳулло раиси хоҷагӣ аст. Ғайбулло бошад, тоҷир аст. Сайфулло ва Асадуллоҳ бошад муқими Душанбеянд,  ҳар ду ҳам муаррих ва устоди донишгоҳ мебошанд. Духтаронам шукри худо ҳама аз илму дониш баҳраманданд.

Чӣ қадар нафақа мегиред?
-Наздики 700 сомонӣ нафақа мегирам. Шукри Худо, шукри оромиву осудагии Ватан, шукри давлати писарҳо. Имрӯзҳо ҳам ғаниматанд бачам, шукри кишвари мустақилро бояд кунем. Беадад шукр мегӯм Парвардигорро!

Таманнои Шумо ба мардуми Тоҷикистон.
-Барои мардуми Тоҷикистон ва ободиву сарсабзии кишвар ҳамеша дуо мекунам. Илоҳи мардум тинҷ бошанд. Илоҳи мардум дигар озор набинанд. Ман аз Тоҷикистон ба Русияву Прибалтикаву Германияву Венгрия рафта зулмҳоро дидам, илоҳӣ ин мардум дигар зулмро набинад.  Муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия Парвардигор ҳаммашонро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад. Шукри Парвардигор мекунам, ки ин қадар азобе, ки ман дидам боз имрӯз бо Шумо ҳамсӯҳбат ҳастам. Ҳазор бор шукр!
Парвардигоро!
Худ нигаҳ дори аз фиъоли зишт.
Рӯзи маҳшар ҳамаамонро кунад сазои биҳишт. Омин.  

Мусоҳиб Аҳлиддин Салимов, 
ҳафтаномаи "Самак", 
№19 (79) чоршанбе/8 майи соли 2013

Комментариев нет:

Отправить комментарий