четверг, 11 июля 2013 г.

Болоравии нархи гӯшт дар моҳи Рамазон тайи шаш соли охир (инфографика)

Нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба гунае арзон карда шудааст.

Ин ҳам пас аз ҷаласаи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ахиран бо иштироки як гурӯҳ соҳибкорон ва раисони бозорҳои пойтахт, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои қудратӣ доир гардид. Тибқи нархномаи дар ҷаласаи шаҳрдорӣ муқарраршуда, барои як кило гӯшти гов 29 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ арзиш гузоштаанд.

Тавре мо имрӯз дар ду бозори калони шаҳр - "Саховат" ва "Шоҳмансур" мушоҳида кардем, дар варақаи калоне арзиши як кило гӯшт 29 сомонӣ навишта шудааст. Вале гӯште, ки ба ин нарх фурӯхта мешавад, ба ибораи фурӯшандагон "добавка" (иловаи устухону чарбу ва рагу пайванд) дорад. Савдогарон ишораҳое мекарданд, ки "гӯшт барои дӯстон" низ ҳаст.

Дар инфографикаи зер болоравии нархи гӯшти гову гӯсфанд дар якчанд моҳи Рамазон инъикос гардидааст:

Комментариев нет:

Отправить комментарий