вторник, 29 октября 2013 г.

Чӣ шудаст ба ҳамсолони мо???

Ба наздикӣ дар туйи яке аз шиносҳо ширкат доштам. Он ҷо баҳс сари зиёрати қабри бузургон рафт. Ҳамагӣ ба гуфтори як руҳонинамо гуш фаро дода буданд. Дар баробари дигарон суханҳои ӯро гӯш додам.
Ӯ гуфт мардуми мо бутпарастанд ва бутҳое чун (наузанбиллоҳ) Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ғайраро ном гирифт, мепарастанд. Бидъат гуфт, куфр гуфт ва ғайра. 
Хеле таассуфовар аст, вақте ҷавонони ноогоҳ дур аз дин ва диёнат бо шунидани суханони чанд руҳонинамоҳое зеҳни худро аз даст додаанд.
Вақте суханашро тамом кард ва аз ӯ пурсидам: Магар Алии Ҳамадониро мешиносӣ?
гуфт: бале.
Гуфтам: чаро буташ хондӣ?
гуфт: мардуми мушрик пеши ӯ ҳоҷат металабанд.
гуфтам: Худо мегӯяндаш?
гуфт: не.
....
Гуфтам: вақте мегӯӣ Алии Ҳамадониро мешиносам китобеашро хондаӣ?
гуфт: не.
Гуфтам: исми китобашро медони?
гуфт: не.
Гуфтам: Агар намешиносиаш чаро буташ мехони? Бо чӣ далел?
гуфт: ҳоҷи Мирзоро гуш кун мешиносӣ!
гуфтам: ниёз ба гуш додани сухани мулло Мирзоро надорам. Ва гуфтам агар чунин гуфтааст, амал ба гуфтори пепояаш намекунам.
гуфтам: бародари азиз! Ҳоло асри ҷоҳилият нест, ки суханро гӯи ва мардум қабулаш кунанд.
Гуфтам: Алии Ҳамадонӣ бузургест, ки бо лутфи Худо аз таълимоти Ӯ миллионҳо ислом овардаанд...
Осораш гаронбаҳост!
....
хеле ҳарфҳо буд. Воқеан ҷойи таассуф аст.
Вақте масҷидҳо баста мешаванд.
Вақте рӯҳниён-пешвоёни ҳанафимазҳаб канор гузошта мешаванд ва доираашонро танг мекунанд.
Чиро интизор шудан мумкин?
Чиро?

Комментариев нет:

Отправить комментарий