Ё НПО-ҳои рифолатақсимкун миллатро беномус сохтаанд
Шояд Тоҷикистон дар дунёи имрӯзи пуртарад-дуду пурташвиш, ки шитобзада ба сӯиҷаҳонишавӣ майл дорад, ягона кишварест, ки миллаташро доруи хоб ё таскинбахш ваксин кардаанд, ки бисёр ба кундӣ гом мебардорад. Ё аслан гом бардоштани он ҳам маълум нест, балки хазида-хазида рафтан дорад гуфтан, бештар ба ҳолати имрӯзии он савқ мекунад ё зебанда аст. Аз ин рӯ шояд ин миллатро ваксине хоболудагӣ задаанд ва ё …
Агар не, чаро сарнавишти як зани тоҷик бо номи Шаҳзода, ки боиффатӣ ва тамкину сабурии зан-модари тоҷикро тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия ("Пусть говорят"), ки миллионҳо бинанда дорад, ба намоиш гузошт ва воқеияти зиндагии пурмашаққати бонувони заҳматкаши тоҷикро дар маърази ом муаррифӣ кард, натавонист, ин миллатро бедору ҳушёр созад. Ин ҷо намехоҳам ангушти иттиҳом сӯи давлат бикунам ва аз мақомоти хоболуда даъват бикунам, ки миллатро соҳибӣ бикунед. Балки гилоя аз ҷомеъаи маданӣ дорам (агар он воқеан мавҷуд бошад!?), ки чаро дар баробари бурузи ҳамчунин трагедия ё фоҷиаи миллӣ бетафовут ҳастанд ва ҳатто вақте ки ин фоҷиа дигаронро, аз ҷумлаи ҳамсоягони мо шигифтзада месозад ва ҳатто миллате ғайрро дар ҳолати шок қарор медиҳад, аслан пинакаш намепарад ва такон намехӯрад.
Мо аз ҳукумате, ки аксарияти роҳбаронаш меросбарони ҳукумати идеологӣ ва диктотурии шӯравӣ ва коммунистони собиқ ҳастанд, ҳамеша гилоя мекунем, ки ба арзишҳои сохтори демократӣ арҷ намегузоранд ва онро риоят намекунанд.
Аммо самараи киштшудаи марҳилаи демократия чӣ ҳосиле аст? Миллионҳо грант ва сармояе, ки ба баҳонаи демократиясозӣ ба Тоҷикистон сарозер шуданд, чӣ ҳосиле ба бор овардааст?! НПО (ТҒД)-ҳои рифолатақсимкун???!!!
Ҳудудан дар 10 соли пеш аз рӯи тақозои вазифа дар яке аз ҳамойишҳои марбут ба хушунат дар хонавода ширкат доштам. Нӯшин Ёварӣ, яке аз занони фаъоли иронитабори муқими Урупо, ки масъули як созмони байналмилалӣ дар Тоҷикистон буд, ба бонувони тоҷик ва фаъолони НПО-ҳо мушкилоти онҳоро баррасӣ мекард, ва масъалае, ки ба миён гузошта буданд, ин буд, ки "Чаро арӯси "бечора", яъне "келинчак" (ибораи маъруфи туркӣ дар забони тоҷикии имрӯз), дар субҳидам аз хоби ноз бояд бедор бишавад ва ба мӯйсафеди "фартут", яъне падари шавҳараш оби таҳорат бидиҳад???!!! Он рӯз, агарчӣ берун аз одоби тақозои вазифаи хабарнигорӣ буд, ҳамчун як узви ин ҷомеъа натавонистам ба сарнавишти миллати худ бетафовут бошам, то бегонагон ба ҳарими хонаводагии мо бе пушт пушт ва бидуни истиҳола ворид бигарданд, эътироз кардам. Ва ин эътирозам боис шуд, ки дигар ба ҳамчунин ҳамойишҳое аз назири баҳсу баррасии ҳуқуқи зан ва хушунат ба хонавода даъват нашавам. Баъдтар намунаи таъсиргузории ин гуна ҳамойишҳоро дар симои сармуҳаррири вақти "Бонувони Тоҷикистон", ки фикр мекардам аз ҷумлаи афроди бедори миллат аст, шунидам, ки маро шокӣ кард. Ва баҳсҳои подармиёни мо боис шуд, ки ҳатто барои он ки ман хонаводаро болотар, муқаддамтар ва муқаддастар аз ҳар гуна "карьера"- ҳои фиребанда гузоштам, дар яке аз матолиби ин маҷалла ба псимизм, ақибмондагӣ ва куҳнафикрӣ маҳкум ҳам шудам. Аммо ман ҳамоно пойбанд ба ҳамон ақида ҳастам, ки хонавода шоҳсутуни ҷомеъа аст ва маҳз хонаводаи устувор, ки мусаллаҳ бо арзишҳои муқаддаси миллӣ бошад, метавонад, сақфи фазои ин ҷомеаро аз футур рафтан ҳифз бикунад ва боиси пешрафти ҷомеъа бошад.
Аз Адолат Раҳмонова, яке аз занони коммунист зимни як мусоҳиба шунидам, ки таъкид дошт, ки бояд дар мақоми роҳбарии кишвар маҳз бонувоне сари кор бошанд, ки аз оилаҳои намунавӣ бошанд ва як улгу барои дигар занон битавонанд бошанд. Ӯ таъкид дошт, ки Ҳизби коммунист бо он ҳама қудратмандӣ аввалтар бонувонеро, ки мехост ба мақомоти раҳбарикунанда ҷалб бисозад, ташвиқ ба ташкил кардани оила во медошт ва он гоҳ ба мақоме мерасонид. Айни ҳаминро аз бонуи саршиноси миллат Гулрухсор Сафӣ шунидам, ки мегуфт, ман намефаҳмам якеро аз кадом деҳе оварда садри занон - раиси вақти Кумитаи кор бо занон ва оила, яъне раиси ман -Гулрухсор гузоштаанд, ки ҳеч маълум нест, кист??? Ба ҳеч ваҷҳ манзури бону Гулрухсор ин набуда, ки як зани деҳотӣ наметавонад, роҳбар бошад, чун худаш бархоста аз деҳи дурдасти куҳистонист, ки қуллаҳои шаҳрҳои бузургро бо шуҳраташ тасхир кардааст. Манзури ӯ ҳам маҳз ҳамин аст, ки роҳбари занон бояд касе бошад, ки битавонад барои дигарон улгу- идеал бошад.
Аммо натиҷаи фаъолияти чандинсолаи НПО-ҳои Тоҷикистон ба ин оварда расонид, ки он натавонистааст, як зани идеал ба майдони, агар аз сиёсат бигзарем, иҷтимоъ ворид бисозад, ҷуз чанд зани рифолатақсимкун, ки аксар аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ лабонро сурх мекунанду усма ба абрӯ мезананд. Ва бехабар аз он ки дар пояи бадбахтии дигарон наметавон кушки хушбахтӣ сохт. Зеро ин сармояи ана ҳамон занони беҳуқуқи дастон пур аз обила ҳаст, ки лабони хушкшудаашон дар саҳрои пурзаҳмати замон ҳаргиз сурхиро надидааст. Ин сармояи Шаҳзодаҳоест, ки кӯки чашмонашон дар роҳи шавҳарони сар ба ғурбат гузоштаашон кандааст ва таъми хушбахтиву хушвақтиро аз ёд бурдаанд. Ин сармояи он занонест, ки ба рифолаи шумо ва хоҷагони хориҷии шумо ниёз надоранд…
Бо амри маъзарат аз тамоми бонувони масъули боиффат ва боиззат, ки вазифаи худро танҳо дар тақсим кардани рифолаи хоҷагони бегона намедонанд, мехоҳам суол кунам, ки оё ин фурсат фаро нарасидааст, ки ҳаққи онҳоро, ҳаққи Шаҳзодаҳоро бояд ба онҳо баргардонем?!
Чаро маблағе, ки барои ба саодат расидани як миллат бояд сарф бишавад, бояд танҳо барои дилхӯшии чандлаҳзаинаи теъдоде маҳдуд масраф шавад? Чаро бояд бо пешниҳоди тарҳҳое ҷиҳати рафъи мушкили занон дар Тоҷикистон маблағҳое, ки ба номи онҳо ба кишвар сарозер мешавад, барои корҳои беҳуда ва барҳадар сарф шавад? Магар фурсати он нарасидааст, ки як ҳаракат ва ё ҷумбиши занон, ки вобастагӣ ба ҳеч ниҳоде надошта бошад, ҷиҳати расидагӣ ба мушкили занон дар кишвар созмондиҳӣ шавад? Агар касе дар ин маврид мегӯяд, ки мо даҳҳо СҒД дорем, ки ба мушкили занон расидагӣ мекунанд, бо сароҳат мегӯям, ки дурӯғ гуфтаед. Ин созмонҳо хоҳ ростгаро бошанд ва ё чапгаро, танҳо барои рӯзгузаронии худу наздикони худ фаъолият кардаанд, зеро либоси зебо бар тан кардани чанд масъули СҒД ҳаргиз ба ин маънӣ нест, ки ҳаёти зани бечораи тоҷик рӯ ба беҳӣ ниҳода бошад. Бо номи пуштибони занони беҳуқуқ ин созмонҳо грант дарёфт мекунанд, бурсия мебаранд, аммо мушкили занон жарфтар ва печидатар мешавад. Аз номи ҳомиёни зани тоҷик ба ном намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи зан ба конфронсу ҳамойишҳои байналмилалӣ даъват мешаванд, роҳхат мегиранд, аммо аз ин ҷуз як сафари туристӣ ё тамошо барои худ ҳеч баҳрае намебаранд. Барои исботи ин гуфта, бар тамоми муқаддасот қасам, ки агар дуруғ гуфта бошам, барои ҳолдонҳо маълум аст, ки як ҷузъи барномаи сафарии ин ҳомиён боздид аз бозору фурушгоҳҳо ҳаст. Агар ин бозоргардӣ аз ҷузъи дуввумдараҷаи сафари онҳо мебуд, ҳаргиз онро мисол намезадам. Ҳатто аз он ки бо ҳайъате аз бонувон дар соли гузашта дар конфронси "Зан ва бедории исломӣ" дар Теҳрон ширкат кардам, ҳанӯз эҳсоси пушаймонӣ мекунам ва хиҷолат мекашам (ҷузъиёти ин сафарро дар ёддоште баъдан бозгӯ хоҳам кард). Аммо агар яке аз ҳамин заноне, ки аз номи бонуи тоҷик бидуни ҳеч салоҳияту масъулияте намояндагӣ мекунанд, ҳадди ақал ба Шаҳзода як занги телефонӣ мезад, ҳаргиз ҳеч кадоме аз шумоҳоро ҳадафи танқид қарор намедодам. Охир аз намоиши фоҷиаи Шаҳзода ва хонаводаи ӯ чӣ чизе бадтар бояд рух бидиҳад, ки "илҳом"-и ин ҳомиёнро биоварад ва онҳо дар баробари он садо баланд кунанд? Дарвоқеъ, ин миллатро чӣ шуда?!
Шояд хеле аз масъулони НПО-ҳо бигӯянд, ки кафили зиндагии шоистаи Шаҳзода давлатмардону ниҳодҳои давлатӣ ҳастанд ва ин Кумитаи кор бо занон ва оила аст, ки бояд ба ин фоҷиа вокуниш бикунад. Пешниҳоди мо ин аст, ки аслан ин Кумита барҳам дода шавад, ва он маблағе, ки барои нигаҳдории дастгоҳи ин Кумита сарф мешавад, барои занону кӯдакони бесарпаноҳу бепарастор сарф шавад. Шумо чӣ мегӯед?!
P.S.: Ин матлаб пас аз он ки мусоҳибаи ахири Шаҳзодабонуро бо хабарнигори "Қалам" дидам, ки аз он изҳори пушаймонӣ мекард, ки дар барномаи "Пусть говорят" ба хотири бозгардондани ҳаққи тифлаконаш ширкат кардаву он ба зарари хонаводааш тамом шудааст, навишта шуд. Ӯ мегӯяд, ки ба ҷуз Зайд Саидови гирифтор дар банди зиндон дигар касеро сарнавишти ӯ ва тифлони ӯ ба ташвиш наовардааст. Магар барои он ки ин миллат соҳиб пайдо кунад, бояд ҳамаро саросар пушти миллаҳои зиндон партофт??? Суоле, ки онро боз мегузорем, то посухи онро 8 миллион тоҷики чӣ зиндонӣ ва чӣ берун аз он бидиҳанд!!!
Комментариев нет:
Отправить комментарий