вторник, 1 апреля 2014 г.

Эълон!

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон эълон кардааст, ки тамоми донишҷӯён метавонанд бо либоси дилхоҳи худ ба дарсхонӣ биёянд. Таҳсил барои ҳама ройгон аст ва барои мардуми камбизоат, ки аксари мардумро ташкил медиҳанд, афзалият дода мешавад. Аз ин ба баъд ба дониши донишҷӯ баҳо дода хоҳад шуд, на ба либосаш. Ӯ таассуф хӯрдааст, ки либоси имрӯзаи духтарони мактабхону донишҷӯ либоси аврупоӣ буда, хоси шарқиён нест ва боиси тарвиҷи фаҳш гаштааст.
Тамоми мударрисони донишманд, ки бо сабаби кам будани маош Ватанро тарк кардаанд, ба Тоҷикистон баргардонида ва бо маоши баланд ба кор ҷалб карда мешаванд. Ӯ дар эълонаш овардааст, ки соатҳои дарсии хатти ниёкон дар як ҳафта як соату ду соат нею ҳамарӯза як соат дар макотиб омӯзонида хоҳад шуд.
Ин иқдомро як қатор вазирон дастгирӣ кадаанд. Вазири тандурустӣ гуфтааст, ки табобати шаҳрвандон аз ин пас тибқи қонун ройгон аст.
Вазири ҳифзи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва раиси шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки мушкилоти мардум дар мавриди манзил ҳалли худро ёфта, ҳукумат бо ташаббуси бонкҳо қарзи дарозмуддати бидуни фоизро барои шаҳрвандон фароҳам меоварад.
Раиси шаҳри Душанбе ваъда додааст, ки таъмири роҳҳо ба дарозо кашида нахоҳанд шуд ва ба зудӣ ба истифода дода мешаванд. Ӯ аз номуайян будани роҳкиро ва худсарии ронандагони мусофиркаш изҳорӣ нигаронӣ кардааст. Гуфтааст, ки дар наздиктарин фурсат масъулонро ҷазо хоҳад дод.

Вазири энергетика ва саноат ваъда додааст, ки дигар барқ хомӯш намешавад ва вазифаи ҷоноҷони худро назди мардум иҷро карда, дар асри 21 лимити барқ ҷорӣ намекунад. Ӯ гуфтааст, ки ҷорӣ кардани лимити барқ барои ояндагони мо боиси хандахариш мешавад. Ӯ ҳадс задааст, ки ин дар таърих навишта хоҳад шуд...
Вазири об эълон кардааст, ки хабари гарон шудани нархи об дар ҷумҳурӣ овоза буда, онҳо тасмим доштаанд барои кишваре, ки оби фаровони ошомиданӣ дорад, ройгон ба мардум дода шавад.
Вазири кишоварзиро нав кардаанд. Вазири нав ваъда додааст, ки тамоми заминҳое, ки ғасб карда шуда ва бекор хобидааст, ба мардуми деҳқон баргардонида хоҳад шуд. Ба деҳқони тоҷик дода хоҳад шуд, на ба деҳқони хитоӣ.
Вазири фарҳанг бо ҷонишинони наваш ваъда додаанд, ки дигар намегузоранд санъати ҳамҷинсгароӣ (реп) дар Тоҷикистон рушд кунад. Онҳо гуфтаанд, ки тамоми клипҳо ва сурудҳоро қабл аз паҳн кардан мавриди санҷиш қарор хоҳанд дод. Зикр кардаанд, ки ин гуна сурудҳо боиси бефарҳангӣ ва костагии ахлоқи ҷавонон гашааст ва хатари бузург дорад. Эълон доштаанд, ки клипҳо, филмҳо танҳо бо либоси миллӣ ба навор гирифта хоҳанд шуд.
Вазири мудофиа гуфтааст, ки аз ин ба баъд фарзандони мансабдорон ба хизмати ҳарбӣ оварда мешаванд, то онҳо дарк кунанд, ки хизмат кардан ба Ватан чӣ арзиш дорад.
Роҳбари «Тоҷикстандарт» гуфтааст, тамоми ғизоеро, ки ба бозор барои фурӯш бароварда мешавад, мавриди санҷиши қатъӣ қарор хоҳанд дод. Ва барои ӯ аҳамият надоштааст, ки корхонаи истеҳсолӣ ба кӣ ва фарзанди кӣ тааллуқ дорад. Ӯ зикр кардааст, ки барои ман сифати ғизо муҳим аст, ки солимии ҷомеа аз он вобаста аст.
Дар ин эълон оварда шудааст, ки аз ҷониби ҳукумат озодии баён комилан кафолат дода мешавад. Ва ба рӯзоманигороне, ки мақолаҳои танқидии асоснок навиштаву нашр менамоянд, парванда бо моддаҳои "туҳмату таҳқир" боз намекунанду таҳсин мехонанд ва барои ислоҳи он мекӯшанд.
Муфтии Тоҷикистон гуфтаст, ман дастур медиҳам, то ки мардум бемазҳабиро канор гузошта, аз мазҳаби бобоӣ намонанд ва барои амнияти мардум ва минтақа талош варзанд. Ҳамчунин, муфтӣ дар идома овардааст, ки дигар намегузорад аз ҷониби вазире фароизи исломӣ таҳқир карда шавад. Дар мисоли ба сар кардани рӯймоли миллӣ-исломӣ.
Кумитаи дин эълон кардааст, ки тамоми имомхатибонро мардум худ интихоб кунанд ва доираи амри маъруфи исломӣ бар дӯши онон гузошта мешавад.
Кумитаи ТВ аз мардум бахшиш пурсида, эълон доштааст, ки дар ТВ-ҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби мардум маблағгузорӣ мешаванд, барномаҳои касбӣ пахш хоханд шуд. Дар ин эълон ҳамчунин овардаанд, ки ба рӯзноманигорони касбӣ ниёз доранд ва онҳоро барои ҳамкорӣ даъват мекунанд.


Таърихи эълон 1-уми апрели соли 2014

Комментариев нет:

Отправить комментарий