суббота, 24 мая 2014 г.

БО 45$ МЕТАВОН ЗИСТ?

227 сомонӣ. Ин ҳисоби миёнаи маоши бознишастагӣ дар Тоҷикистон аст, ки бахши аъзами нафақагиронро қонеъ намекунад. Афроди бознишастаро мебояд ин маблағро, ки муодили 45 доллари амрикоист, моҳона барои хариди ғизо ва маводи доруворӣ, ҳамчунин пардохти хизматрасониҳо ва муолиҷаи худ расонанд. Коре, ки бисёр мушкил ба назар мерасад.


Нурбибӣ Санговаи бонишаста тайи чанд соли охир аз бемории буғумдард азият мекашад. Бо вуҷуди он ки 40 сол дар Осоишгоҳи Хоҷаобигарм кор кардааст, ҳоло ҳамагӣ 220 сомонӣ маоши бознишастагӣ дорад, ки ҳатто барои харидани доруворӣ ҳам басанда нест.

Ҳоло момои Нурбибӣ тавассути гулдӯзию ҷамолакбофӣ ва ба фурӯш мондани он барои табобати навбатиаш, ки пас аз ду моҳ сурат мегирад, маблағи изофӣ ҷамъ меорад.

Вале Нурбибӣ Сангова ягона нафаре дар Тоҷикистон нест, ки нафақаи моҳонааш ба камтар аз 45 доллар баробар аст. Тибқи маълумоти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 227 сомониро ташкил медиҳад.

Оё бо чунин андозаи нафақа метавон рӯзгорро пеш бурд?

Сокини 73-солаи ноҳияи Ҳисор Ҳусейн Меликов, ки 46 сол ба сифати омӯзгор кор кардааст, имрӯз 254 сомонӣ нафақа мегирад.Ӯ, ки ниёз ба табобат дорад, тайи як сол маблағи нафақаи худу ҳамсарашро ҷамъ оварда,ба осоишгоҳ омадааст, то 10 рӯз муолиҷа бигирад.

Зайнаб Тӯраеваи 38-сола аз ҷумлаи қариб 170 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки ба сабаби маъюбӣ нафақа мегирад. Аммо ҳаҷми нафақаи ӯ низ ночиз буда, ҳатто барои харидани доруворӣ кифоя намекунад.



Зайнаб бо вуҷуди маъюб буданаш, дорои ду маълумот мебошад, аммо ҷойи кор надорад. Роҳбарияти осоишгоҳи “Хоҷа оби гарм” ваъда кардаанд, ки дар сурати ба кор даромадани китобхонаи осоишгоҳ ӯро бо кор таъмин хоҳанд кард. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин кор кай сурат мегирад. Аз хонаи Зайнаб то мактаби деҳа камтар аз 100 метр роҳ аст ва ӯ омода аст ба шогирдони мактаб компютер ё забони арабиро омӯзонад.

Ҳоло ҳама талоши Зайнаб баҳри он равона гаштааст, ки бо ба даст овардани як қисм маблағ вазъи маишии худро беҳтар гардонад ва муҳимтар аз ҳама, барои харидорӣ кардани дору имкон дошта бошад ва саломатии худро барқарор намояд.

Бо чунин андозаи ками нафақа дар Тоҷикистон беҳсозии вазъи иҷтимоии афроди бознишаста ва маъюб мушкил ба назар мерасад.

Бо вуҷуди он ки шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигари узви ИДМ камтар аст, яъне ҳамагӣ камтар аз 8 фоизи аҳолӣ маоши бознишастагӣ мегиранд, ҳаҷми нафақапулӣ ҳам дар муқоиса бо кишварҳои дигар бамаротиб камтар аст.


Агар ба маълумотҳои оморӣ назар андозем, ҳаҷми нафақапулӣ дар кишварҳои олам сол то сол рӯ ба афзоиш аст. Аммо ҳарчанд дар Тоҷикистон шумораи афроди бознишаста дар муқоиса бо 10 сол қабл то 2 дар сад коҳиш ёфтааст, андозаи нафақапулӣ бар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя ҳамоно камтарин аст.


Агар ҳаҷми нафақа дар кишвари Озарбойҷон дар соли 2000- ум ҳамагӣ 15,8 долларро ташкил медод, пас ин нишондод дар соли 2012 ба 193,6 доллар расидааст. Нишондиҳандаҳои кишварҳои дигари ИДМ чунин аст: Арманистон аз 8,1 то 73,6 доллар, Белорусия аз 30,9 доллар то 220 доллар, Қазоқистон аз 27,8 то 203,8 доллар, Қирғизистон аз 9,6 то 132,3 доллар, Молдова аз 6,9 то 79,4 доллар, Русия аз 29,2 то 301,6 доллар, Ӯзбакистон аз 22,8 то 138,1 доллар ва Украина аз 15,4 то 178,9 доллар. Агар дар Тоҷикистон соли 2000 ум андозаи нафақа ҳамагӣ 1,8 долларро ташкил медод, пас соли 2012 он ба 38,2 доллар ва имсол ба 45 доллари ИМА расид. Дар ин миён нархи ғизо ва дигар хизматрасониҳо чандин баробар зиёд шудааст.


Дар Тоҷикистон синни нафақа барои мардҳо 63 ва барои занҳо 58 сол муайян карда шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ҳисоби миёнаи дарозумрӣ дар кишвар 72,8 сол аст. Яъне мардҳо ба ҳисоби миёна 70,5 ва занон 75,3 сол умр медидаанд.Аммо бар асоси гузориши нашрнамудаи Китоби ҷаҳонии омори Созмони Иттилооти Амрико, дарозумриишаҳрвандони Тоҷикистон 67,6 солро ташкил медиҳад.Тибқи омори ин созмон, сокинони Арманистон (74,1), Узбакистон (73,3), Беларус (72,7), Озарбойҷон (71,9), Қазоқистон (70,24), Русия (70,2)Қирғизистон (70,1) дар қиёс бо мардуми Тоҷикистон умри бештар мебинанд.






Нишондиҳандаи аз ҳама баланд дар Монако – 89 сол ва дар Фаронса 81 солро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар кишварҳои дигари олам ба таври зайл аст: Олмон 79 сол, ИМА 78 сол, Британияи Кабир 79 сол.

Андозаи нафақа бошад, дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври зайл аст:

Дания 2800 доллар, Финляндия 1900 доллар, Норвегия 1542 доллар, Исроил 1350 доллар, Олмон, 1200 доллар, Испания 1190 доллар, ИМА 1164 доллар. Дар кишварҳои пасошӯравӣ нафақаи аз ҳама баланд дар Литва ба қайд гирифта шудааст, ки 298 доллар мебошад.

Ҳаҷми нафақа дар дигар кишварҳои ИДМ чунин аст: Русия 285 доллар, Қазоқистон 210 доллар, Озарбойҷон 202 доллар, Белорусия 175 доллар, Украина 142 доллар, Молдова 80 доллар, Ӯзбакистон 55 доллар, Гурҷистон 40 доллар.


Ҷумъаи Мирзо,
Носирҷон Маъмурзода,
Аҳлиддин Салимов

Комментариев нет:

Отправить комментарий