пятница, 1 августа 2014 г.

Истиқбол аз Иди Саиди Фитр дар Тоҷикистон (видео ва инфографика)

Агар дар шаҳри Душанбе наздики 18 миллион сомоние, ки ҳамчун фитри рӯза дар Иди Рамазон ҷамъ мешавад, танҳо ба эҳтиёҷмандону афроди камбизоат дода шавад, чӣ қадар савобро Худованд насиби мову шумо мегардонад. 

Ин нуктаро раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 28-уми июл дар суханрониаш қабл аз намози Иди Саиди Фитр дар масҷиди марказии пойтахт баён дошт. Ҳамзамон раиси шаҳр оид ба дастрас будани анвои хӯрокворӣ дар арафаи ид чунин иброз дошт:

“Тасаввур кунед, дар шаҳри Душанбе тибқи ҳисоботи дақиқ рӯзе 14-15 тонна гӯшт истеъмол мешавад, лекин дар се-чор рӯзи охир мо дар тамоми 72 гӯшаи шаҳр фурӯши маводи асосӣ барои дастурхони идона, шомили шир, тухм, гӯшт, биринҷ, шакарро бо нархҳои нисбатан арзон ташкил намудем ва ҳатто ду рӯзи охир як кило гӯштро дар маҳаллаҳо бо нархи 30 сомонӣ ба фурӯш гузоштем. Беш аз 41-42 тонна гӯшт ворид шуд ва зиёда аз 35-37 тонна гӯшт ба фурӯш рафт”.

Пеш аз оғози намози ид раиси Шӯрои исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суханронияш аз фазилатҳои моҳи Рамазон ёдовар шуда, Иди Саиди Фитрро барои тамоми уммати ислом муборакбод гуфт. Вай аз намозгузорон хост, барои дастгирии афроди эҳтиёҷманду камбизоат бетафовут набошанд.
  Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 2 ҳазору 175 доллари ИМА воситаҳои зиёдатӣ доранд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ муқаррар шудааст. 

Зиёрати пайвандон 

Баъд аз супурдани фитри рӯза ва адои намози идона, мардум ба зиёрати хешовандону наздикон раҳсипор шуданд. Иддае барои фотеҳахонӣ сари мадфани гузаштагони худ рафтанд. 
Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона густурда буд. Кӯдакон низ бо табрикот ба хонаҳо рафта, дастовезҳои идона гирифтанд. 

Маъмулан, дарёфти нақлиёт дар рӯзҳои ҷашнӣ душвор аст, аммо дар ин ид мардум бидуни мушкилӣ тавонистанд бо воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба дидори ҳамдигар бирасанд. Оё нархи маводи ғизоӣ боло рафт? Тибқи мушоҳидаҳо, дар дар арафаи ид арзиши хӯрокворӣ, аз ҷумла, меваҷот ва шириниҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе боло рафт. Хабарнигорони “Азия-Плюс” барои шиносоӣ бо нархгузории тоҷирон ба бозорҳои “Саховат”, “Шоҳмансур” ва нуқтаҳои дигари савдои пойтахт рафтанд.



12 гӯштфурӯш аз ҷойи худ маҳрум шуданд... 

Раиси бозори “Шоҳмансур” Бахтиёр Лақаев дар мавриди болоравии нархи маводи ғизоӣ гуфт, ки тамоми талошашро барои ба танзим даровардани нарх равона мекунад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар авоили моҳи май дар мулоқоти ғайринавбатии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба 4 роҳбари бозорҳои шаҳр - “Саховат”, “Деҳқон”, “Шоҳмансур” ва захираҳои моддии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки бо ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии кишварамон шартнома банданд.:
 
Вай афзуд, ки бо супориши раиси шаҳр онҳо бо хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Ҷиликул, Вахш, Бохтар, Ёвон ва ноҳияҳои тобеи марказ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд, ки бидуни миёнаравҳо деҳқонон метавонанд маҳсулоти худро ба бозор бароранд. Лақаев дар мавриди нархи гӯшт ва огоҳии раиси шаҳр барои риояи талабот дар мавриди нархи ягона гуфт: “Соли гузашта 12 гӯштфурӯше, ки қарори раиси шаҳрро нодида гирифтанд, аз ҷойи корашон маҳрум карда шуданд”. Дар мавриди иҷрои ин қарор аз ҷониби гӯштфурушон дар моҳи Рамазони имсол гуфт, онҳо аллакай риоят мекунанд.
Аз сомонаи шаҳрдорӣ: www.dushanbe.tj

Аммо Бобоҷон Шафиев, рӯзноманигори муқими шаҳри Душанбе мегӯяд: “26-уми июл бозори Шоҳмансур рафтам. Ягон хел танзимро мушоҳида накардам. Гӯшт ҷое 35, ҷое 32 сомонӣ буд, аммо вой бар он гӯшт. Устухонаш бештар аз гӯшташ, бо чарбуву равғани иловагӣ... Ангур аз 10 то 25 сомонӣ, помидору бодиринг аз 2,5 то 3 сомонӣ, себ аз 13 то 25 сомонӣ... Яъне даъвои ҷаноби Убайдуллоев дар мавриди танзими ҳатмии нархи бозор чандон сиҳат надошт. Мардум мисли ҳамеша бо сари хам мехариданду дар растаҳо на масъулини бозор менамуданд ва на кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”. Инчунин Бобоҷони Шафеъ зикр кард, ки 27-уми июл як харбузаи калонтарро, ки мумкин 6-7 кило вазн дошт, дар бозорчаи Зарафшон 35-45 то 50 сомонӣ арзиш гузошта буданд. 
   

Камчинии картошка Рӯзи 26-уми июл баъд аз соати 8-и субҳ дар бозори “Саховат” картошка дида намешуд. Рафҳои картошкафурӯшӣ холӣ буд. Як ҷавонзан, ки дар халта картошкаи майда дошт, онро 1 килои онро бо нархи 1 сомонӣ мефурӯхт пурсидам, ки чаро картошкафурӯшҳо ғайрӣ ӯ нестанд? Посух дод, ки намедонад. Растаҳои картошкафурӯшӣ холӣ буданд. Арзиши орд Орди истеҳсоли ватанӣ дар ярмаркаи бозори “Шоҳмансур” навъи 1 (Султони ҳаким) 122 сомониро ташкил медод. Инчунин орди навъи 1-и истеҳсоли Қазоқистон 133 сомонӣ арзиш дошт, ки назар ба нархи дохили бозор 10-15% арзонтар буд. Фишор болои тоҷир роҳи ҳал нест...
Ҷомеашинос Муҳаммадалии Нуралӣ дар мавриди танзими нарх дар шакли фишороварӣ ба тоҷирон гуфт: “Ҳамеша муқобили ҳамин гуна сиёсат будам, ба он хотир ки мо мегӯем, иқтисоди озод, бозори озод ҳаст, чӣ гуна давлат метавонад мудохила кунад ба соҳибкоре, ки дар бозор машғули тиҷорат аст? Ин фишорҳо ҳеҷ вақт ба суди ҷомеа нест. Ба кадом хотир? Масалан, ба хотири танзими нархи бозор бо роҳи фишорҳои ҳукуматӣ оё фикр кардаем, касе, ки молашро ба бозор даровардааст, барои вай арзиши аслии мол чӣ қадар аст? Ба бозор ин молро бо кадом нарх овардааст? Ва ҳеҷ фурӯшандае, ҳатто Ҳазрати Паёмбари Худо бошад, вақте ки бозор рафт, бидуни ба даст овардани фоида намеравад. Дурӯғ аст, вақте касе мегӯяд, ба бозор меравам ба хотири савоб. Инҳо ҳама худфиребӣ. Ҳар кадом шахсе, ки ба бозор меравад ӯ дар ҷустуҷӯи фоида аст”.
 

Комментариев нет:

Отправить комментарий