среда, 27 августа 2014 г.

Дар Хатлон шумори гирифторони бемории ҷоғар афзудааст (чандрасонаӣ)

Сарвиноз Паллаева
Сарвиноз Паллаева, сокини 20-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бар асари истеъмоли намаки камйод ба бемории ҷоғар гирифтор шуда, айни ҳол дар Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон бистарист.

Сарвиноз беш аз як сол аз дарди қалб азият мекашад ва ба гуфтаи худаш, тез-тез асабӣ мешавад. Ӯ танҳо пас аз он ки тифли батнашро аз даст дод, ба Маркази бемориҳои ғадудҳои даруна муроҷиат кард. Ташхис нишон дод, ки иллати ин ҳама ранҷҳояш бемории ҷоғар будааст.


Дар нимаи аввали соли 2014 беш аз 25 ҳазор мубталои бемории ҷоғар дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба иттилои Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон, шумори гирифторони ин беморӣ дар шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон нисбат ба ду соли пеш то ба ҳазор нафар афзудааст. Сарвари ин Марказ Илёсиддин Саидов мегӯяд, ки аз ҷамъи умумии гирифторони бемории ҷоғар 40% занон ва 45% кӯдаконанд.

“Омор нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам мардум аз намаки пастсифат ё камйод истифода мекунанд ва ин сабаби гирифторӣ ба беморӣ мешавад, - афзуд Саидов. - Дар шаҳру навоҳии вилоят танҳо дар нимаи аввали соли равон 23 ҳазор сокини маҳаллӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштанд.
Ташвишовар ин аст, ки зимни гузаронидани муоинаи шаҳрвандон, аз ҷумла, дар мактабҳо маълум шуд, ки на камтар аз 13% кӯдакон аз бемории ҷоғар азият мекашанд”.

Зокирҷон Холов, духтури амрози дарунаи Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон дар иртибот ба ин мавзӯъ гуфт: “Ҷоғар яке аз бемориҳои системаи эндокринологӣ аст, ки дар натиҷаи норасоии йод дар организми инсон пайдо мешавад. Вилояти мо яке аз минтақаҳоест, ки дар таркиби хоку обаш миқдори кофии йод надорад. Барои пешгирии мубталошавӣ ба бемории ҷоғар йодкунии намаки ошӣ муҳим аст”.
Бо назардошти зарурати ин амал дар соли 2002 Қонуни ҶТ «Дар бораи йоднокгардонии намак» қабул гардида, пеш аз он Барномаи миллии мубориза бо бемории камёдӣ дар ҶТ барои солҳои 1997-2001 низ татбиқ шуд.
Яке аз нишонаҳои назарраси ин беморӣ варами қисми пеши гулӯ буда, агар шахси мубтало саривақт табобат накунад, батадриҷ дучори нафастангию бемадорӣ мешавад. Дар кӯдакони бемори ҷоғар ақибмонии инкишофи ҷисмонӣ ҳам ба назар мерасад.
Агар бемор саривақт ба пизишкон муроҷиат накунад ва ё муолиҷаи нодуруст гирад, ба системаи хунгардӣ таъсир расида, кори он суст мешавад. Занҳои ҳомиладорро то бачапартоӣ расониданаш имконпазир аст аст ва оқибатҳои аз ин ҳам вазнинтар дошта метавонад. Роҳи асосии пешгирии ин беморӣ ба миқдори зарурӣ йоднокгардонии намаки ошӣ мебошад.

Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои вилояти Хатлон дар се соли охир қариб 140 тонна намакеро, ки ба меъёрҳои стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набудааст, аз муомилот берун кардааст.
Бино ба иттилои Аскаралӣ Соҳибназаров, муовини сарвари ин Марказ, нозирони он дар соли 2012 зиёда аз 100 тонна, дар соли 2013 ҳудуди 34 тонна ва дар нимаи аввали соли равон беш аз 3 тонна намаки ошии ғайристандартиро аз муомилот бардоштаанд. Ҳамзамон масъулони корхонаю нуқтаҳое, ки ба истеҳсол ва фурӯши чунин намаки бесифат даст задаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир бахше аз корхонаҳои истеҳсоли маводи истеъмолӣ, аз ҷумла, намак бо иқтидори бештар фаъолият кардаанд. Масалан, корхонаҳои «Намаки Ёвон»-и ноҳияи Ёвон ва «Хоҷамуъмин»-и ноҳияи Восеъ хати технологии худро иваз карда, ба истеҳсоли намаки ошии хушсифат падохтаанд. Аммо сеху коргоҳҳое низ ҳастанд, ки ба тавлиди намаки пастсифат машғуланд.
Пажуҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо роҳбарии Ҷаҳон Азонов дар авоили моҳи августи соли 2014 фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли намаки оширо мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷаи ин бозрасӣ маълум гардид, ки баъзе корхонаҳо намаки оширо бидуни риояи талаботи стандартӣ истеҳсол карда, ба аҳолӣ намаки бейод ё камйодро пешниҳод мекунанд.
Ҳангоме ки гурӯҳи корӣ ба ҶДММ «Диловар-Н» омад, кормандони ин корхона намаки бейодро барои фурӯш бандубаст мекарданд. Аз як бастаи намаки ин корхона беш аз 120 грамм сангпора дарёфт шуд.

Ҳамчунин гурӯҳи кории ин пажуҳишгоҳ намаки харидаи мардуми одиро низ мавриди омӯзиш қарор дод. Зимни санҷиши сифат маълум шуд, ки мардуми маҳаллӣ намаки бейодро харидорӣ кардаанд.
Ба гуфтаи профессор Ҷаҳон Азонов, Қонуни ҶТ «Дар бораи йоднокгардонии намак» 12 сол пеш қабул шудааст. Мутаассифона, то ба имрӯз қисме аз корхонаҳои истеҳсоли намак талаботи ин қонунро риоя намекунанд. Пажуҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нав баҳри амалисозии қонуни мазкур феълан лоиҳаи муштаракеро бо созмони байнулмилалии «Алянси Глобалӣ» роҳандозӣ мекунад. Дар доираи ин лоиҳа 13 корхонаи истеҳсоли намак бо озмоишгоҳҳои замонавӣ таъмин шуда, мутахассисони онҳо омӯзонида мешаванд.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ба корхонаҳо, марказҳои савдо ва аҳолӣ 4000 индикатор, ки йоди таркиби намакро муаяйн мекунад, тақсим карда шудааст.
Профессор Азонов бо такя ба натоиҷи як пажуҳиш гуфт, ки айни замон 38% аҳолии вилоят намаки бейод, 22% намаки камйод ва ҳамагӣ 40%-и аҳолӣ намаки йоднокшударо истеъмол мекунанд, ки ба андешаи ӯ, арқоми чандон хушҳолкунанда нест.
Бино ба иттилои торнамои Агентии омори назди Президенти ҶТ (www.stat.tj), шумораи аҳолии вилояти Хатлон то 1-уми январи соли 2014 наздик ба 2 миллиону 900 ҳазор нафар буд.

Дар ҳамин ҳол, сарвари Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон Илёсиддин Саидов пешниҳод дорад, ки масъалаи йоднокгардонии намаки ошӣ бояд аз ҷониби ниҳоди босалоҳияти сатҳи ҷумҳуриявӣ сурат пазирад ва ин ҷараён зери назорати қатъии давлат бошад. Зеро қисме аз корхонаҳои истеҳсоли намак имкони ворид кардани йодро аз кишварҳои хориҷӣ надоранд.
Агар пеши роҳи ба бозор ворид шудани намаки бесифат гирифта нашавад, мисли Сарвиноз Паллаева чандин модари дигар низ аз дарди ҷоғар азият мекашанд. Аммо ба гуфтаи Сарвиноз, ӯ аз ин пас танҳо намакеро мехарад, ки дар таркибаш миқдори кофии йод мавҷуд аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий