понедельник, 17 ноября 2014 г.

Ёдат ба хайр, устоди гиромӣ!

18-уми ноябри соли 2011 рӯзи даргузашти журналисти муборизи тоҷик устод Ҷумъаи Толиб аст!

Он рӯзи видоъро ёд меорам. Чӣ саҳнаи баде буд. Ҳамсару фарзандон, бародару хоҳарон, ҳамсоягону дӯстон, шогирдону ҳампешагон Ҷумъаи Толибро ба хонаи охираташ мегуселониданд. Дидани он модаре, ки барои ҷигарбандаш аз паси тобути фарзандаш ашк мерехт осон набуд... Модарашон баъди ин ҳама гиря биноиро аз даст доданд ва билохира ҷон ба Ҷонофарин супурданд.

Чӣ орзуҳову ниятҳо доштанд, вале қисмат, марг пайи кори худ аст...


Ҳамоса...

То инсон рӯҳаш бузург набошад, наметавонад кори бузургеро анҷом бидиҳад... Ва кори ӯ як ҳамоса буд...

Ҳамеша дар бораи шахсияти эшон меандешам. Чӣ инсоне буданд?

Меҳрубон, оқил, мубориз, дилсӯз, некбин ҳамеша ростиву ростқавлиро пешаи худ сохта буданд. Ҳисси дилсӯзиашон буд, ки як “сағера”-ро кор гирифтанд ва худ надоштаву ба ӯ кӯмак мекарданд. Ӯро зан доданд. Ӯ бо хитоби “падар” Ҷумъаи Толибро мефирефт... Устод даргузаштанду баъди маргашон бо кӯмаки сармуҳаррири ҳафтанома Фазлиддин Асозода ҳуввияти он “ятим” бароямон ошкор гашт...

...Вақте муроҷиаткунандаеро аз идораи рӯзномае (худашон ҳарос доштанд барои пайгирии баъзе мавзӯъ ва баидораи Пайкон мефиристоданд) наздашон меомаданд, ба ҳарфҳояшон гӯш медоданду мегуфтанд: “Мо танҳо аз Худо метарсем. Ин корро то охир мебарем. Ҳазрати Алӣ мегӯяд: Бузургтарин гуноҳ тарс аст”.

Беҳтарин роҳбар буданд...


Қабл аз ин ки дар идораи ҳафтаномаи “Пайкон” кор кардам, дар дигар нашрияҳо ҳам таҷриба доштам ва баъди бастани “Пайкон” дар идораҳои дигар фаъолиятамро идома додам, аммо мисли устод роҳбарро надидаам. Мегуфтанд: “дар нашрия ту калону ман хурд нест, мо ҳама баробарем”... Ин ҷо шикоят нест, балки шахсияти эшон аст. Мо маоши хубе ҳам надоштем. Ҳатто баъзе авқот то нимашаб кор мекардем ва чӣ тавр гузашти вақтро намефаҳмидем... Ғурур ва такаббур надоштанд. Аз коре миннат намекарданд. Ҳатман ҳар ҳафта ба ноҳияи Айнӣ мерафтанд, ба дидорбинии модарашон! Барои мо меомӯзониданд, ки “оила бояд ҷойи худ бошад ва кор ҷойи худ”. Ҳамеша вақт барои оила ҷудо мекарданд...  Далел, санаеро шубҳа мекарданд ҳатман аз шогирдонашон мепурсиданд. Ё чизе менавиштанд ҳатман аз мо хоҳиш мекарданд, то мо бихонем ва фикрҳоямонро гӯем.

Шогирдон дар ёди ӯ...


Комрон Бойматов, писари муаррихи тоҷик устод Луқмон Бойматов, ки аз хурдсолтарин шогирдони марҳуманд. Ҳамеша ёди устод мекунанд. Ҳар вақт назди Фазлиддин Асозодаву ман меояду дарди дил мекунад ва ёде аз устод мекунем. Комрон бо синни хурдӣ ва бо тафаккуру дили бузург аз ҳамсолонаш фарқ мекунад.

Таҷрибаи “Пайкон”


100 шумораи ин ҳафтанома ба таърих пайваст. Шояд аз шогирдонашон ин ҳафтаномаро дубора ба нашр расонанд, аммо “Пайкон”-е ки бо Ҷумъаи Толиб буд, айни таърих аст.

Таърихи демократия дар Тоҷикистон.

Таърихи озодии баён дар Тоҷикистон.

Таърихи ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон!

Хотима


Шахсиятҳо офаринандаи таъриханд-гуфтааст бузурге.

Шахсияти Ҷумъаи Толиб дар таърихи журналистикаи тоҷик ҷовид аст! Бо усулаш (тадқиқоти журналистӣ бахусус дар заминаи адолати судӣ ва ғ.), таҷрибааш, заҳамоташ.

Худо ғариқи раҳмату шоистаи Ҷаннатат гардонад, устоди гиромӣ!


Лутфан дар ҳаққи эшон дуъо кунед.

Комментариев нет:

Отправить комментарий